муаллиф: Бузургмеҳри Баҳодур
Аз азал ҳуш ба сарат нест, набуд,
Ҳотаву бому дарат нест, набуд,
Ин замин аз ту? Чӣ хобе ширин!
Ин замин аз падарат нест, набуд!!!
Сару сарвар, ки надорӣ ҳаргиз
Оқиле ҳамсафарат нест, набуд.
Ҳарфи сулҳ аз луғатат афтодаст,
Аз рафиқӣ хабарат нест, набуд.
Зории пиру ҷавон нашнидӣ,
Ғайри зӯриву зарат нест, набуд.
Ба ту шуд шаъну шараф бегона,
Ба ҷуз аз шӯру шарат нест, набуд.
Ёдат ояд, ки ду-се тир задем,
Мардумат дид: асарат нест, набуд.
Ҳама рӯмоли сапед овардӣ,
Дигар азми писарат нест, набуд.*
Аз ҳама кашмакашат нек бубин,
Ғайри заъфу зарарат нест, набуд.
Як ба таърих нигар, эй кавдан,
Ин замин аз падарат нест, набуд!!!

PS: ин навиштаи шоир ва рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур вокунише ба даъво ва изҳороти беасоси намояндагони мансабдори кишвари Қирғизистон аст, ки аз саҳифаи фейсбукии ӯ гирифта шудааст.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бузургмеҳри Баҳодур, Ворух, заминҳои падарӣ, сарҳад, шоирони тоҷик, Қирғизистон |











Добавить комментарий