Модар бо будан ва ҳастиаш маънии зиндагӣ аст. Инро ҳамоне беҳтар дарк мекунад, ки модар дар канораш нест ва метавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худашро дар ҳошияи ин ду ҳолат – яъне, будан ва набудани модар, муқоиса кунад.
Дар ин ду ҳолат чашмҳо чизҳо ва рангу суратҳои тамоман дигарро мебинанд. Агар бо буданаш хона зебову пур буд, имрӯз бе ӯ хонаҳо бо будани ҳама холӣ ва сард аст. Агар бо буданаш барои пиёда ва раҳ ба раҳ то деҳа рафтан баҳонаи зебое буд, имрӯз бо мошин ҳам ҳавсалаи рафтан кам шудааст.
Бо буданаш ҳамеша такядору маслиҳатгар доштӣ, имрӯз дар миёни ҳама эҳсоси танҳоӣ мекунӣ….
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 8 уми март, Иди модарон, Субҳон Ҷалилов, Файзобод, аламҳои бемодарӣ, модар, оча | Leave a comment »








