Баъди навбатдории шабона, ки мебояд дар як ҳуҷраи тангу назарногири як кунҷи дури ҳавлии ин собиқ завод саҳар шавад, ӯ зери бори фикру андешаҳои бесару нӯг ҷисми афгори худро то курсии оҳанини наздиктарин истгоҳ меорад. Аксаран, фақат баъди як муддат инҷо нишастан, ба хулоса меояд, ки ба куҷо биравад!? Ҳадди камтарин ду-се ҷое ҳаст, ки инак, панҷ соли охир ӯ вақташрову пулу сармояи ками доштаашро барои он ҷойҳо тақсим мекунад…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бозор, деҳа, дузана, дӯст, зани дуюм, оила, оромӣ, хариду фуруӯш, ҷанҷоли оилавӣ | 2 комментария »










