(Чанд андешаву пешниҳод)
Адиби маъруфи амрикоӣ, ки хеле ва хеле дӯсташ медорам — Теодор Драйзер, як гуфтори зоҳиран одӣ, вале зебое дорад: “ҳақиқат то он даме ҳақиқат мемонад, ки дар муқобилаш чизи дигаре гуфта нашавад”. Агар, фаразан, дар муқобилаш сухани нодуруст ҳам баён шавад, дар тафаккури ашхоси дигар шубҳа пайдо мешавад. Хеле аз бузургони илму фалсафаи Шарқу Ғарб шубҳаро чизи ниҳоят лозим дар фаро гирифтани дониш, фаҳму дарки масъалаҳои илмӣ эътироф кардаанд…
Ҳадаф аз ин муқаддима он нест, ки ҳатман дар муқобили андешаҳои банда сухане гуфта шавад, не, ин як нуқтаи назар, мулоҳизаест, ки гуфтанашро лозим шумурдам, бидуни баҳсу гуфтумонҳо…
Ба ин кор номаи шоири хушному нависандаи хуби муосирамон Ато Мирхоҷа водорам кард, аввал дар вуҷудам ҳайрат омад, ки чаро чунин шахсияте маълуму машҳур масъалаи шахсиашро расонаӣ кард… Баъдан ҷойи ҳайратро андӯҳ гирифт: то ба ин дараҷа расидани кор инсон бояд хеле азияти фикрӣ кашида бошад, таконеро аз муҳити фаъолият ва фазои ҷомеа ба рӯҳу равонаш эҳсос карда бошад, вагарна, чӣ зарурате буд ифшои дарду алами ботинӣ… Ба иборате дигар, нависанда вақте менависад, ки дигар нанавиштан барояш имкон надорад…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ато Мирхоҷа, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Субҳон Ҷалилов, гурба Алекс, китоб, мукофоти давлатӣ, унвону ҷоизаҳо, Ҳафиз Раҳмон | Leave a comment »











