Рост аст, ки ягон кору амале бе розигии Худованд анҷом намешавад, балки ҳатто сурат намегирад. Ва новобаста ба хоҳишу интизориву ҳаросҳову орзӯҳо дилхоҳ кору амал ҳамон гунае оғоз шудаву ҷараён мегирад, ки офаридгор хоста бошад. Сафари мо ҳам бо мақсади Умра дар Мадинаи мунаввараву Маккаи мукаррама дар аввали моҳи марти соли равон бо хоста ва ризоияти Худованд буд. Он аз санаи 6-ум то 18-уми март идома ёфт ва ҳудудан як ҳафтаи он ба даҳаи раҳмати моҳи мубораки Рамазон иттифоқ уфтод, ки ин мояи сарфарозӣ ва шукргузории ман аст.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Арабистони саъудӣ, Макка ва Мадина, Маккам мукаррама, Субҳон Ҷалилов, Умра, паёмбари ислом, Қаъба, ҳаҷҷи умра, ҳоҷӣ Субҳон | Leave a comment »











