Рамазон дар воқеъ моҳи хайру баракат аст. Ба ҳамон ҳад, ки ҳатто аз тасаввури инсонҳо фаротар асту берунтар. Ҳоло то фарорасиаш ду ҳафта боқӣ монда бошад ҳам, пайки нек ва пайғоми баракат аз он моҳ аллакай мерасад. Ман, ки фарорасии Рамазони шарифро хеле пазмон мешавам, имрӯз дар маросими имзои созишнома барои кӯмакҳои башардӯстонаи иборат аз ғизо миёни Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷумла, дар ҳамин маврид низ фикр мекардам. Худованд ин қадар бузург ва сахӣ аст, монанди ҳолате, ки пеш аз тифл пистони модарро пур аз шир мекунад, пештар аз Рамазон ризқи мардумони ниёзманду ятиму бечораро мерасонад.
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Арабистони саъудӣ, Рамазон, кӯмакҳо, сабадҳои озуқаворӣ, сафорати Арабситон, ҳаҷҷи умра | Leave a comment »










