Душанбе-Дубай-Куала Лумпур (2)

Субхи Куала Лумпур аз субхи Душанбе тамоман фарк дорад. Инчо хавои гарму дамгир аст. Худро факат бо рохи нишастан дар хонае, ки кондитсионер дорад, метавони аз ин норохати начот бидихи. Бо сабаби гарми дар кучахои ин шахр мисли шахрхои мо анбухи одамонро хатто субху шом хам дидан мумкин нест. Манорахои дугоник ва хиёбони пурдарахти атрофии он яке аз чойхои сайру гашту истирохати шомгохии мардуми Куала Лумпур аст. Ачоибат барои ман дар ин шахр –омезиши ду фарханг буд: зиёданд онхое, ки сатру фаранчи доранд ва аз суйи дигар кам нестанд, нафароне, ки домани кутох мепушанд ва сарпуше ба сар намегиранд. Яъне намояндахои равияву мазхабу хизбу харакатхои гуногун бар ба бари хам озодона кору истирохату зиндаги мекунанд.   Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти