Мехмон атои Худо! Сайёх чи?

    Сафархо барои шумо як чахон сиру асрорро мекушояд. Махсусан, дар самти чалби сайёхон! Зеро ончо мебинед, ки аз чи усулхо истифода мешавад ва чи гуна муваффак мешаванд, ки сайёхони зиёдеро хамасола чалб кунанд?     Дар зер баъзе ишорахо вобаста ба хамин мавзуъ оварда шудааст — чи бояд кард, то сайёхон ба кишвари мо бештару бештар биоянд?

Барои чалб сохтани таваччухи сайёхон аввалтар аз хама имичи хуби миллату давлат лозим аст. Бе он дигар хама гуна кушишу талошхо барои чалби сайёхони хоричи кариб, ки бефоида аст. Хар кас  худашро мисол бигирад: шумо ба кишваре ки ончо чангу чуш аст, кишваре, ки ончо вазъи эпидемиологи бад аст, ё ба кишваре ки чизе фарккунандаву гайриодди надорад, меравед? Албатта не!  Имичи кишвар дар сатхи чахони омили хеле мухими чалб шудани сайёхон аст! Аммо баъдтар аз ин ба назари ман барои чалби сайёхон чи кор кардан зарур аст:   Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (3)

Рузи сеюми сафари мо ба Амрико дар Вашингтон мисли рузи аввал ва дуюм набуд. Дируз  ман як шаби бедорхобиамро чуброн кардаву аз бегохи руз хобидам. Маро хатто занги телефонии хамрохонам хам бедор карда натавонистааст.  Баъди нахори мо дар ошёнаи дуюми мехмонхона чамъ омадем. Ман аллакай ба шумо гуфтам ки имсол новобаста ба мушкилии молиявие, ки дар Амрико буд аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу худуди 100 журналсит аз гушаву канори олам даъват шудаанд. Онхо дар 9 гурухи алохида вобаста ба зони гуфтугу ва минтакаашон муттахид шудаанд. Дар гурухи мо тавре медонед, намояндахои кишвархои пасошурави хастан- Точикистон, Киригизистон, Арманистон, Русия ва Молдова. Намояндаи Эстония бошад, бо кадом сабабе ширкат карда натавонистааст.   Читать далее →

Чаро?-1

Ба Шумо хам сари чанд вакт зарур мешавад, ки ба чое, барои анчом додани коре ба назди касе равед. Ман низ хар вакте ки ба кучое меравам, аввал назар мекунам ки чигуна кабул аст ончо? Аслан аз руи одат  мардуми мо хама касро (хатто ношиносро хам!) хуш кабул мекунанд.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти