Хобат набарад, ки додари маргай хоб!

         Ман як вакте кам-кам ва зиёд содда таронаву шеър (ё дурустараш чизе ба онхо монанд!) менавиштам.  Ва агар гуям, ки ба Радио  мани инжинерро хамон навиштахо овард, хато намекунам. Онхо хамон вакт хам содда буданд, мисли имруз. Ва хамин шаб баъди кариб 10 соле, ки ман ин гуна чиро нанавишта будам, аз кучое хамин гуна илхом омад. Ва уро озурда накардам… Когазпорае сиёх шуд. ..Гумонам, ки бо пешниходи он содданавиштахо Шуморо хам озурда намекунам. Читать далее →

Чурачон,хона…наё…

Новобаста ба хама чи, вакте мешунави, ки мучассамаи Дустмуроди Алиро инак маротибаи дуюм аст, мешиканаду валангор мекунанд, вакте фикр мекуни, ки чаро Субхони Саид бо шухрате ки дошту дорад, хатто унвони Хунармади Шоистаро надорад, вакте мебини ки Фарзонаи Хуршед дар айёми чавони бояд ду солро дар махбас гузаронад, вакте ки асрори марги Махмудчону Мукаддасу Наргису Каромати сахнаи точик печидаву муаммо аст, вакте Мусои пахлавону хунарманди точикро мекушанду хатто кори чинои боз намешавад…дили кас сиёх мегардад.. Сип-сиёх!!! Читать далее →

Чаро-11? Дар хизмати авлод!

         Дар Хитой бо истифода аз макому мансаб кумак расонидан ба хешу пайвандон манъ карда шуд. Имруз ман дар доираи барномаи сахарии «Субхи Ватан» бо хамин гуна пурсише ба шунавандахо мурочиат кардам, ки   «Кадоме аз мансабдорони точикистони аз вазифахои худ  бо максади кумаку дастгирии наздиконашон истифода намекунанд ё барои онхо акалан  вазифаву мансаби худро камтар истифода мебаранд?»  Чанд нафар андешаи худро баён карданд ва ин гуна руйхат пайдо шуд: Читать далее →

Ваша каша!

         Аз соли 2006 Наша Раша- ин лоихаи тахкиромези руси руи кор омаадаст. Онро аз огоз бо хамдастии аъзоёни лоихаи «Комеди клаб» тахия мекунанд.  Ва тахминан аз хамон вакт сару садохо аввал паст-паст, баъдтар факат дар миёни мардум ва танхо баъди ин-хеле баъдтар -дар миёни макомоти баландпоя пайдо шуд, ки «онхо дар яке аз сахнахои худ  ба тахкири миллати точик машгуланд». Кушишхои то имруз анчомдода, номахо, эътироз ва тахдид ба суд .. барои он гурухи «эчоди»  комилан таъсир намекунад. Читать далее →

1931-2010. Сайр аз До то Си!

22 феврали соли 1931 дар Сталинобод слёти аввали овозхонхо, навозандахо ва раккосони Точикистон баргузор шуда буд.

          Яъне, маълум мешавад, ки  хатто соли 1931 дар андешаи муттахидии мардуми эчодкор будаанд ва  шояд хамин гуна таваччух  боиси пешрафту нумуъи санъати точик гардид. Имруз чи? Шояд  дар вохури ва махфилхое, ки Иттифоки композиторону Вазорати фарханг мегузаронад,  мардуми эчодкор ширкат мекунад. Вале ин мушаххас аст, ки факат онхое, ки аъзои ин ё он даста, ё иттиходияи эчоди хастанд. Аммо онхое, ки «худру» хастанд, бо онхо бояд чи кор кард? Онхо хам аз МО хастанд-ку?! Читать далее →

Дуо. Барои ки?

    Мардум хамеша дар  интизори навгонианд. Хар чизи навро бо харорат кабул мекунанд. Хатто замоне, ки аслан он чизи нав он кадар нав ва арзандаи хамон гуна эхтирому таваччух набошад хам.  Муаллифони кариб хама навгони ва тагирот комёб шудаанд ва натичаи хубро ба даст овардаанд. Бубинед, ки як харфи гайриодди, як амали гайриодди, як тагироте, ки тули чандин солхо набуд, чи кадар ба мардум таъсир мерасонад. Ман ба чараёни таблигу вохурихои пешазинтихобии намояндахо таваччух карда истодаам. Читать далее →

Дахони пушида-сад танга?

    Чанд руз пештар президенти Венесуэла иброз дошт, ки барномаи нави бе вакту соатеро бо номи «Ногахон бо Чавес»  барои шунавандахои Радио пешниход хохад кард. Яъне, он барнома метавонад, дар дилхох вакти шаб ва руз пахш шавад. У гуфтааст, ки «харфи гуфтани ва мавзуъхо барои сухбат зиёданд».  Чанд вакт кабл ин президент дар барномаи дигараш — «Ало, президент»  бештар аз 8 соат бо мардум сухбат карда буд. Бе танаффус. Читать далее →

Милиса. Милые лица?

      Ман баъди хатми мактаби миёна як сол ба мактаби олие дохил нашуда, кор кардаам. Дар мавсими нави дохилшави ман ба хулосаи омадам, ки  ба Академияи Милиса дохил шавам.  Зеро таёрихои маро барои дохилшави ба факултаи хукукшиноси бисёрихо бефоида мегуфтанд. Ва ман бовар кардам, ки (шояд) ба он факулта ман дохил шуда натавонам.  Омадам ба Душанбе. Читать далее →

Парле. Гуем ё нагуем?

      Имрузхо омодаги ба интихоботи парлумони огоз шудаву идома дорад. Дар деворхои магозаву… нуктахои телефон акси баъзехоро хам мебинем. Мардум кам-кам дар бораи интихобот ва номзадхо гап мезананд. Масалан, мегуянд, ки барои чи баъзехо боз маротибаи дуюму чандум  депутат шудани хастанд: барои амали сохтани ягон накшаи бузурги ин давр огозкардаашон  ба манфиати мардум ё барои он ки «чои хуб» будаст? Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти