Модели худи!

       Инсон офаридаи хеле мураккабест. У метавонад дар як нафас дигар шавад ва хам метавонад, ки як умр хамон гуна, ки хаст бимонад.  Баъди хар вокуниш дар чомеа ва хар ходиса, ки ба шуури мардум таъсир мерасонад, маро факат як андеша азият медихад: Бовари чи мешавад? Ин шахс ё ин гурух дигар барои манфиати Ватан кор мекунад? Наход боз як ё якчанд кас ба гурухе шомил шуд, ки онхо хамаро бад мебинанд?

Ходиса , хангома, вокуниш…хар сари чанд вакт сар мезанад. Охиринаш баъди интихобот буд. Як гурухи нозир онро одилона ва демократи гуфт, як гурухи дигар онро гайридемократи ва касе онро «золимона»! Ва аммо сиёсатшиносони мо хамин холати гуногун-рангиро дар хулосаи  худи нозирон яке аз нишонахои интихоботи демократи номиданд ва хам гуфтанд, ки инчо бояд МОДЕЛИ ХУДИ, яъне точики пайдо шавад.  Хулоса, ки хама бахсу талошхои дохили ва худ ба худи! Акнун вобаста ба ракобати хамхизбхо дар як хавза, риояи адолату поймолшавии он, ба чои дигарон овоз додан, лату куби хамдигари….. ман намегуям, зеро холо дар ВАО ин мавзуъ бо пешниходи назароти мардумони гуногун касбу кор, хам номзадхову хам нозирон пайгири мешавад. Ман бозам сари хамон мавзуъе менависам, ки шояд ба назари аксарият содда бошад. Оё хамаи мо-хам онхое, ки дар махбасанд, хам онхое, ки дар озоди хастанду аз чизе ё касе норози хастанд, хам нафароне, ки шояд нисбаташон ноадолатие раво дида шуда бошад, хам намояндахои хизбу чамъити гуногун, хам бокимондахо, ки ба ягон гурухи болои ворид нестанд-дар зарурат дар хифзи амнияту якпорчагии Ватанамон як чону як тан мешуда бошем? Доимо дар ин бора фикр мекунам. Мо аксаран аз касе, ки ранчидем, сад сол хам метавонем, ки бо у кахри бошем, даст бо максади салом суяш дароз накунем..Хамин гуна инсонхое хастанд, ки баъди кадом мочаро ё нофахми наметавонанд, касеро бубахшанд ва наметавонанд,  он чиро, ки кайхо гузаштааст, фаромуш кунанд. Вакте ки як нафарро бо гунохе пушти панчара мекашанд, у дигар хама доваронро бад мебинад, кормандони макомоти кудратиро хам,  яъне агар раиси чамоат барои чудо кардани китъаи замин ба ман кумак накард,  ман уро бад мебинам ва душманаш мешавам ва агар анбори хамон чамоат бисузад, ман хурсанд мешаваму барои хомуш кардани сухтор намеравам!  Акнун фахмо шуд, ки ман чи гуфтани хастам? Холо, ки мо бо хамдигар бахсу талошу судбози мекунем,  дар холи тахдиди хатари беруна метавонем, як тану як маром бошем? Ё хамон вакт хам мо бояд аз хамдигар факат барои ким кадом ходиса ва холати гузаштае, факат барои назархои гуногуни сиёси ва акидахо, факат барои дину  имонамон, аъзогиамон ба  хизбу равияхои гуногун.. дури чуем? Ба ёдам як маколе мерасад, ки  «ба дустонат хама асроратро нагу ва душманатро хам зиёд шиканча мадех, зеро мумкин аст,  ки дустат душману душманат дустат гардад».  Инро  шояд ягон вакт каблан пешгуи кардан мумкин набошад.  Аммо месазад, ки як бор дар мавридаш фикр кард. Чизи дигар хамин аст, ки душманон хамеша хамин гуна нафарон, хамин гуна вокуниш ва хамин хел холатро мекобанд. Яъне, нафареро, ки касеро бад бинад, вокунише, ки боиси норозигии аксарияти мардум шавад ва холате, ки  боэътимодии системеи чории давлатдориро зери суол ва шубха бубарад. Пас, бояд ин имконро ба онхо надод!

  •        Коршиносони мо чандест, ки дар мавриди интихобот мегуянд. Дируз шунидам, ки якеаш мегуфт, мо наметавонем, ки ин  чо модели интихоботи амрикои ва ё аврупоиро татбик кунем. Яъне барои мо модели худи бояд пайдо шавад, инкишоф ёбад, такмил биёбад. Он замон бо ба ёд овардани норозигихо аз натоичи интихобот  ба худ  фикр кардам, ки шояд дар конунхо чори сохтани касамхури барои кормандони комиссияхои интихоботи як рохи хал ва як намунаи модели худи бошад? Яъне, пештар аз огози овоздихи ва ё баъди он хамаи онхоро барои исботи вафодори ва покизаги дар корашон КАСАМ бояд дод. (Бо нон не!) Мисли он, ки холо ин усулро баъзе кормандони БДА хангоми сар задани бахсхо бо ронандагон  истифода мебурдаанд. Он вакт хам сарфаи вакт хохад буд ва хам сарфаи маблагу оромии асабхо -хам барои чониби даъвогар, хам барои гумонбаршудахову хам барои  чониби додраси.
  • Оне, ки чиноят содир кард, албатта чазояшро бояд бубинад. Вале тасаввур кунед, ки агар мо хамаро пуштихам ба махбас бифиристем, чи холат сар мезанад? Баъди дах-бист сол дигар як нафар пайдо намешавад, ки «дело»-аш сафед бошаду номзадиашро ба депутати гузорад! Модели намунаи худи кадом аст?  Рохи дигар ва хамзамон  пуртаъсири тарбия ва ба хаёти ором баргардонидан мавчуд нест?

Хамин гуна, барои муттахиди барои рузи мабодо хам гумонам, ки модели худи лозим аст. Модели, ки мо дар доираи он бо хамдигар, хатто замони аъзои як хизб буданамон хам чанчолу бахсу мунозира кунем, якдигарро ба суд бидихему хакталоши кунем, аз акидаву андешахои хамдигари танкиду норозиги баён кунему…. дар холати зарури мушти гароне гардем, хамакидаву хамдил гардему барои манфиати ватан дар кулл талош кунем.

Один ответ

  1. Масалан мумкин аст, ки баъди интихобот ба номзадхо ё вакати иловаги 5-10 дакика ваё аз хисоби хамон 15 дакикаи холо буда вакт чудо кард, ки то онхо дар мавриди баргузории интихобот сухан гуянд.Ин хам хохад буд боз як модели худи!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти