Агар ман хато накунам, баъди мустакилият аз аввалин ширкатхое, ки ба даъват кардани сарояндахои хоричи ба Точикистон сар кард, Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан» ва ширкати «Шмах-1» буд. Он вакт Ингрид (ки дар 6 соли кории ман дар Радиои «Ватан» касе ягон таронаи уро дархост накардааст!) толори Кохи Борбадро пур карда буд. Хамон вактхо пушти хам Юлдуз Усмонова, Насиба Абдуллоева, Фируза Чумъаниёзова, Катя Лель, Саттор, Анди ва боз чандеи дигар ба Точикистон даъват шуданд. Сабаби кабули хуби онхо хамин буд, ки ин тачрибаи аввал буд. Барои мардум он дидорхо шавковар ва ачоиб буд. Аммо холо мебинем, ки хар руз як «ситора» ба боми Кохи Борбад фуру меояд. Ин хуб аст ё бад?
Чанд руз пештар ба почтаам номае аз номи кадом ширкате меояд, ки дар он назарпурси чо шудааст: «Кадом сарояндаи хоричиро дар толорхои Точикистон дидан мехостед?» «Бо 60 сомони ба консерти DJ Piligrim» меравед?» (Гуё аксарият хоста бошанд, ки ин дафъа у ба кишвари мо биёяд!)
Бад нест, агар мардум хамин гуна имкони ширкат дар хар барномаи консерти дошта бошад. Зеро ончо аксар вакт фонограмма нест, сароянда ва хамрохони у нисбат ба овозхонхои мо озодтаранд, аммо ин кадар пул аз кучост? Дар самти муайян кардани фосила барои консертхо, нархи чипта, сифати он консертхо ….ягон кас «кор» мекунад ё не? Холо мо нав ба «таргиби тарзи хаёти солим ва баёни зарари телефонхои мобили» сар кардем. Аммо ба назар мерасад, ки хамин гуна консертхо ба мардум сад бор бештар аз телефонхои мобили зарар меорад! Барои мисол, онхое, ки дар як мох барои телефонашон 60 сомони сарф мекунанд, зиёд нестанд, аммо хисоб кунед, ки гайр аз чанд катори охири Кохи Борбад ва балкони он дигар хама барои консерти ким кадом сарояндае бояд аз 100 то 250 сомони бидиханд! Горат! Вале чи метавон гуфт, ки конуни ва ихтиёри!
Тазод
Рузе нест, ки дар «як гушаи олам» ба чони кадом мардикори точике чабр накунанду уро лату кубу халок накунанд ва хам чанд мох аст, ки каторахои точики наметавонанд, ки аз «гушаи дигари олам» ба хоки Точикистон ворид шаванд! Аммо инчо мо худамон барномахои консертии сарояндагони онхоро «бо хангома» ташкил мекунем ва пулхои мардумро ба кафи дасташон андохта, гуселашон мекунем. Шояд яке ба дигаре робита надошта бошанд- мухочират дигар асту рохи охан дигар ва «мусики бе сархад», аммо …ман ин робита ва хам он беробитагиро намефахмам!
Илоч
Хама тадбиру кушишу навоварихо факат барои он аст, ки мардум андаке зиндагии худро бехтар кунад, вазъи ичтимоияш хубтар шавад, тавонад, ки андак маблаг чамъовари кунад….Бо хамин максад фурузонакхои каммасраф насб мешаванд, хама маросиму маъракахои мо танзим шуд ва бо хамин максад имрузхо кариб ки беист дар бораи зарари телефонхои мобили мегуянд. (Баъди паёми президент ба ин масъала таваччух кардани «хама» аз як су баёнгари он аст, ки мо- хам мутахасисони соха, хам кормандони ТВ ва Радио, хам шахрвандони одди факат интизори як ишора, фармон, супориши мушаххас ва ё паём мешинем. Эчодкор ва навовар нестем! Ё метарсем аз навгони ва идея! Вале ин аллакай бахси дигар аст)Холо ман сари он мехохам нависам, ки магар вакти он нест, ки дар
самти баргузории барномахои консерти хам як низому тартиб чори гардад?! Рост аст, ки аз хар барномаи консерти толор, продюссер ва таъсисидихандаи он шояд манфиати бештаре меёбанд. Вале фикр кунед, ки мисли хамон маблагхо барои телефони мобили, ки ба берун мераванд, маблаги барномахои консертии овозхонони хоричи хам хамин гуна ба берун меравад! Ё не?
Бигзор бошанд, вале ба ин тартибе, ки холо хаст, мо факат мардуми бе ин хам кампулу бепулро «азият» медихему халос!
Сифат
Агар сифати аксари барномахои консертии сарояндагони мо ва хам овозхонони хоричиро тахлил кунем, ба хамон нархгузории онхо комилан мувофикат намекунанд. Маълум аст, ки дар барномахои овозхонони хоричи нарх пас аз он муайян мешавад, ки «хакки хизмат»-и он сароянда муайян шуд. Илова ба пули он сароянда ташкилкунадахо бояд боз «як чиз ним чиз» кор кунанд ку….?
Дар аксарияти барномахои консертии мо маротибаи аввал нест, ки хама онхоеро, ки мардум дар эълонхо мебинанду интизор мешаванд, ба консерт намеоянд, бурди тухфахои «хангомадор» хам сурат намегирад… Ин аллакай накзи хукуки истеъмолкунада аст.. Аммо ба «бахт»-и ташкилкунадахои ин гуна консертхои дуругин холо истеъмолкунандаи мо (шояд баъди «истеъмол»-и зиёд!) «хоб аст!!!»
Тахмин
Хаёлам холо чанд кас ба ин назар аст, ки манъ кардану ба низом даровардани барномахои консертии овозхонхои махалли ва хоричи нодуруст аст. Шояд гуфтани хастед, ки «ин кору ихтиёри хар шахс аст?» Аммо маро бубахшед, ки галстук пушидан ва напушидан дар донишгоххо, телефондори ва пардохти маблаг барои сухбатхои телефони….хам кору ихтиёри хар кас буд, ки танзим шуд ва акнун мешавад! Мешудаст ку….
Хотима
Мардум аслан дар огози бахор ва тавре ки худашон мегуянд-«дар тунукии бахор» бепулу бе галла мешаванд, боз фаромуш накардаед, ки каторахои точики инак мохи сеюм аст, ки дар сархад бо Узбакистон «банд шудаанд», бубинед, ки мардум дигар дар мухочират хам пули зиёд намеёбад, тасаввур кунед, ки холо баъзе коргоххо хатто хакки ичораи хамон кабинетхои кориашонро дода наметавонанд, маош хам гох хасту гох нест, бухрон таъсири нохуби худро холо хам кам накардааст, ба ёдатон хаст, ки як вакт сарвари давлати мо дар бораи захираи дусолаи хар хонаводаи
точикистони гуфта буд, бубинед, ки мардум новобаста ба хамаи ин боз сахмияхои НБО «Рогун»-ро харид ва мехарад, тасаввур кунед, ки имсол селу обхези чи кадар зиёну зарар ворид кард, кишту кори дехконон бо сабаби бандшавии сунъии каторахо кафо афтид..
Гумонам, ки баъди мехмондори хуб буданамон, холо исбот кардани хастем, ки мардуми хеле «консертдустдор» низ хастем!? Ва агар як вакт «суруд факат вакти будани нон хуш буд», холо дигар «бе нон хам суруд мешавад!?»
Магар хуб нест, ки консертхои сарояндагони мо кам шаваду баргузор кардани консертхои овозхонхои хоричи лоакал муваккатан манъ гардад!?
Filed under: Uncategorized | Tagged: Кохи Борбад, Рогун, Сарояндахо, бухрон, катора, консерт, мухлис, овозхонхо, сарфакори, ситора, суруд, хоричи, чипта |












Салом Акаи Субхон…., лекин ЗУР гуфтен…
«Гумонам, ки баъди мехмондори хуб буданамон, холо исбот кардани хастем, ки мардуми хеле «консертдустдор» низ хастем!? Ва агар як вакт »суруд факат вакти будани нон хуш буд», холо дигар «бе нон хам суруд мешавад!?»»—Худо окибатша ба хайр гардонад.
НравитсяНравится
Албатта, чи тавре ки худи шумо бисёр ДУРУСТ кайд кардед:
«Аммо инчо мо худамон барномахои консертии сарояндагони онхоро «бо хангома» ташкил мекунем ва пулхои мардумро ба кафи дасташон андохта, гуселашон мекунем»…
Мисли хамин хам, айби худи мо аст, ки 100-250 сомони дода, (дидаву дониста) ба хамон консертхо меравем. Касе моро мачбур мекунад? НЕ, албатта! Хол он ки як ду сарояндаи хоричие, ки ба наздики омада буданд (номашонро намегуям), ман (нохост) як-ду суруди онхоро, ки як дустам дискашро гирифта буду тамошо мекард шунидам, бо худ гуфтам, ки: агар маро «бепул» ба он консерт даъват мекарданд, намерафтам, бовар кунед!!!
Албатта хар кас ба хар чиз таваччуху шавку хавас дорад, ВАЛЕ……..
Аммо ман на факат сарояндахои хоричи хамчунин «баъзе» сарояндахои точикро низ дар назар дорам! Ва хам дуруст аст, ки бояд барои баргузории консертхо низ «низому тартиб»-и муайян чори шавад!
НравитсяНравится
Салом Акаи Субхон…., лекин ЗУР гуфтен…
«Гумонам, ки баъди мехмондори хуб буданамон, холо исбот кардани хастем, ки мардуми хеле «консертдустдор» низ хастем!? Ва агар як вакт »суруд факат вакти будани нон хуш буд», холо дигар «бе нон хам суруд мешавад!?»»—Худо окибатша ба хайр гардонад
НравитсяНравится