Барои гушхо!

    Агар ман хато накунам,  баъди мустакилият аз аввалин ширкатхое, ки ба даъват кардани сарояндахои хоричи ба Точикистон сар кард, Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан»  ва ширкати «Шмах-1» буд.  Он вакт Ингрид (ки дар 6 соли кории ман дар Радиои «Ватан»  касе ягон таронаи уро дархост накардааст!) толори Кохи Борбадро пур карда буд. Хамон вактхо пушти хам Юлдуз Усмонова, Насиба Абдуллоева, Фируза Чумъаниёзова, Катя Лель, Саттор, Анди ва боз чандеи дигар ба Точикистон даъват шуданд. Сабаби кабули хуби онхо  хамин буд, ки ин тачрибаи аввал буд. Барои мардум он дидорхо шавковар ва ачоиб буд.  Аммо холо мебинем, ки хар руз як «ситора» ба боми Кохи Борбад фуру меояд. Ин хуб аст ё бад? Читать далее →

Пул-хукук аст!

     Боре ба назди  Моцарти 7 сола дар Франкфурт баъди хунарнамоияш писарбачаи  тахминан 14 солае меояд ва мегуяд:

-Ту навозандаи хеле хуб хасти. Ман гумонам асло мисли Ту навохтанро ёд намегирам.

-Ин хеле осон аст ку!-мегуяд Моцарт. «Ту ягон бор  дар  навиштани охангхои ба сарат омада бо нота худро насанчидаи?»

-НЕ,  мегуяд он писари 14 сола. «Ба сари ман факат шеър меояд»

-Ин нагз ку, мегуяд Моцарти 7 сола. Навиштани шеър душвор будагист-а»- боз мепурсад у

-НЕ, тамоман душвор нест, ту як бор худатро бисанч-да..

Хамсухбати Моцарт ГЁТЕ и чавон буд! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти