ТУЙе, ки метавонад МУБОРАК нашавад!

     Бо мустакил шудани Точикистон рафтуои мардуми манотик ва кишвархои дигар ба чумхурии мо бештар шуд. Акнун шахрвандони хоричи на факат бо максади дидори расми, балки барои зистан ва фаъолияти дуру дароз ба кишвари мо меоянд. Солхои аввали мустакилият эхтимол касе фикр хам намекард, ки як зани точик метавониста бошад, ки бо марди сияхпуст ва ё хитоие оиладор шавад ва дар як болин сар монад. Аммо холо мебинем, ки ин гуна никоххо ва «ба хам омаданхо» кариб ки як чизи мукаррари аст. Ва ман дар чандин хамин гуна туйхо рови хам будам. Мардхои точик хам кам нестанд, ки хамсарони хоричи доранд, аммо аз руи хислату хулки мардхо бошад, ки мо инро хуб кабул мекунем. Дурустараш, ба мо ин чиз сахт намерасад! (Яъне, агар ман зани афгон ва ё рус бигирам, маро он кадар бад намебинанад, ки духтари шавхари хитои ё рус кардаро бад мебинанд) Аммо аксарияти мардхо хангоми дидани манзараи туи як шахрванди хоричи бо зан ё духтари точик хатто ба газаб хам меоянд. Ин оё вокеан хам боиси ташвиш ва ояндасуз аст?

Бо  хоричихо  никох бастанро барои шахрвандонашон дар чанд кишвар аллакай манъ кардаанд, масалан дар Аморати Муттахидаи Араб чанд руз пештар ин махдудиятро чори карданд. Хануз замони сари кудрат буданаш президенти Туркманистон С. Ниёзов барои никох бо духтарони хоричи пардохти 50 хазор доллари амрикоиро ба рох андохта буд. Дар Хитой хам агар хато накунам, новобаста ба шумораи хеле зиёди ахолиашон, дар самти никох бо шахрвандони хоричи махдудият чори аст. Масалан, дипломати хитои, ки хамсари хоричи дорад, наметавонад, ки дар сафорати кишвараш дар хорича макоми баланде дошта бошад. Дипломатхои чавон бошанд, пештар аз оиладориашон бояд барои макомоти дахлдор маълумоти заруриро дар мавриди хамсари ояндаашон пешниход кунанд. Ба андешаи Шумо дар ин кишвархо хукуматдорон аз чи метарсанд?

  Баъди ба кишвари мо омадани ширкатхои чини миёни мардум хамин гуна гапу гапчахо дар мавриди хамхоба шудани духтарону занхои точик бо онхо пахн гардид. Бадтар маълум гашт, ки онхо асоси вокеи доштаанд ва дуруг набудаанд. Чанд руз кабл низ хабареро хондам, ки чанд тан зани сарсон аз Атуш-бозори маркази вилояти Хатлон бо тифлони худ дар суроги «хамсарон»-у «падарон»-и хитоии худ будаанд. Гумонам, ки як сабаби тарси хукуматдорони кишвархои дигар, ки ин гуна махдудиятро дар самти никох бо хоричихо чори кардаанд, хамин аст! Маълум аст, ки то замони набудани ин гуна махдудият дар кишвари мо низ пеши рохи никох бо шахрвандони хоричиро касе гирифта наметавонад.(Шояд баъди чори кардани махдудият хам ин зухуротро пурра пешгири кардан дигар гайри имкон бошад!) Аммо ба хар сурат, биёед як бор  фикр мекунем, ки чи чиз чабаб мешавад, то занону духтарони мо ба хамсарии мардхои баъзан бенамуди хоричи рози мешаванд?

  • бо ин рох гурухе, ки шояд то хамин руз дар орзуи пули бештаре буданд, ба он дастраси меёбанд (муваккатан хам бошад!);
  • барои гурухи  дигар шавхари точик доштан «шавковар» нест,  аз чониби дигар онхоро дар хамон деха ва нохияи худ дигар касе дар накши хамсар ва хатто хамхоба хам тасаввур кардан наметавонад;
  • барои гурухи дигаре  хамин гуна хамхобаги эхтимол хамон рангоранги дар зиндагиашон бошад, ки хеле боз орзу мекарданд;
  • гурухи дигар хаёл мекунад, ки баъди он, ки шавхари хоричи карданд, лоакал ба дидани кишвари у мушарраф мегардад;
  • гурухи дигар факат ба хотири имконияти бештареро ба даст овардан барои хамхобаги ва баъзан никох бо мардхои хоричи рози мешаванд. Вакте  мешунавед, ки кадом марди хоричии пулдор барои духтари точик мошин тухфа кардааст, ин дуруг нест. Тухфа мекунанд, аммо баъзан  «язна» он тухфаи худро бозпас мегирифтааст.  Бовар кунед!;
  • шояд гурухи дигаре хам бошад, ки ин гуна хамхобаги ва «никох»-ро на барои пул анчом медихаду на сарвату на шухрату на тамошои кишвари дигаре. Онхо мушкили дигаре доранд…

Як вакт бо сафари кори аввал бо рохи агба ба минтакаи шимоли кишвар сафар кардам ва баъдтар дар доираи хамон сафар ба манотики шарки. Дар рох ба вилояти Сугд  мардуми хитоиро медидам, ки канори роххо кор мекарданд ва хобгох хам доштанд. Хамсафарони мо накл мекарданд, ки киссахои зану шавхарии мардони хитои бо духтарону занхои точик дар он махалхо  хатто ба шакли латифа хам даромадааст. Аммо вакте ки  дар нохияи Точикобод бо мардуми он минтака сухбат кардаму хамин саволро додам, ки  «духтарони ин чо хам шавхари хитои мекунанд?» , онхо гуфтанд, ки «холо ин гуна нашудааст».  Рохсозони хитои дар он минтака хам кор мекунанд. Вале духтарони он минтака  ба онхо наздики надоштаанд. Хамсухбати мо гуфт, ки  «мардхои ин чо барои ин кор тамоман ичозат намедиханд, агар ин гуна холатро фахманд, тамом…»

«Тамом»-ро гумонам, ки шумо хам фахмидед, ба кадом маъни буд?  Агар вокеан хам ин рост аст, пас маълум мешавад, ки сабаби асосии  доман пахн  кардани зухуроте, чун никох ва хамзистии гайриконуни ва гайридинни бо мардони хоричи, ин бетарафаи ва бепарвоии мардон аст?!  

Аз суи дигар мо дар аксари мавридхо хеле дер ба чизе вокуниш нишон медихем. Масалан, кайхо фурсати он расидааст, ки хамин чиз дар доираи конун ба танзим дароварда шавад. Баъзехо дар мавриди маводи газетахо дар бораи  ду зан доштану дустдошта доштани касе бо харорат назари худро мегуянду менависанд, аммо дар мавриди он, ки баъди чанд соли дигар эхтимол ягон кудаки симову чашми точики доштаро дар кучахо намебини,  касе чидди икдом намегирад ва вокуниш нишон намедихад!

 Ба назари Шумо дар Амораи Муттахидаи Араб, Филиппин, Австралия, Хитой, Туркманистон ва мисли ин давлатхо чори кардани баъзе махдудиятхо ва пардохти маблаг  барои никох ва оиладори бо хоричиён кори нодуруст аст? Ё занону духтарони мо арзандаи он нестанд, ки масалан, мисли як духтари туркмани барои никох бо у аз як «язна»-и хитои ё хинди 50 хазор доллар ситонида шаваду он дар холати чудошавии онхо ба ин зани точик чун чуброн дода шавад? Холо мисли он ду зане, ки  бо тифлонашон дар Кургонтеппа «шавхар»-и хитоии худро кофта иситодаанд, чандин зани точик дар куча сарсону аз оиладориаш бо марди хоричие пушаймон асту ба 10 сомони ниёзманд!

Дар кишвархое, ки дар андешаи ояндаи насли худ хастанд, ба масъалаи никохи байналмилали таваччухи хосса доранд. Масалан, дар донишгохи Джон Хопкинси Вашингтон барои донишомузон курси махсусеро дар ин маврид мегузаранд. Аз соли 2003  дар Австралия барномаи махсусе вобаста ба ин масъала пиёда мешавад. Ин  барномаи амал баъди ходисаи чанчоли марди хамватани онхо бо духтари рус тахия ва пешниход гашт.  Аммо дар Точикистон холо ин кадар «озод» хастем, ки дигар ояндаи духтарону занхое, ки мардхои хоричи онхоро фиред додаанд, кам касеро ба ташвиш меорад!  Максади ман махдуд кардани озоди ва хукукхои занон нест. Аммо бубинед, ки дар холи «кидат» шуданаш он зан хатман барои кумак ба макомоти давлати мурочиат мекунад-ку?! Магар хуб нест, ки пештар аз ин гуна ходисахо чорае андешем? Масалан, агар барои мардони хоричи оиладориро бо занону духтарони точик баъди  пардохти 50 хазор доллар гаравпули ичозат бидиханд,  он вакт холат дигар мешавад! Зеро аксарияти мардони хоричи, ки инчо хам аз хамбистари бо зеботарин духтарони точик ифтихор мекунанд, дар ватани худ як зану чанд зани дигар ва чанд хона бачча хам доранд! 

                                «Бо кадом шарт Шумо барои оиладори бо марди хоричие рози мешавед?»   

 Ин саволе буд, ки ман ба чанд тан аз дустони худ аз миёни занхо додам.  

              Рухафзои Иброхим, корманди  агентии Tojnews:

-Аввал ин, ки ман намехохам шавхари ман марди хоричие бошад. Аммо агар ин гуна иттифок уфтад, ман мехостам, ки аввалтар аз хама у мусулмони суннимазхаб бошад! Мухим барои ман хамин аст. Хама чизи дигар дуюмдарача аст!

               Гулбахор Усмонова, мудири китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АУ Точикистон:

-Рости гап, намедонам..Шояд ба хамон шарте, ки дини Исломро кабул кунад ва маро мачбур насозад, ки анъанаву урфу одати миллати уро анчом бидихам. Вале ман аслан дар мавриди шавхари хоричи фикр намекунам!

                         Мехрангез Исмоилова, корманди шабакаи иттилоотии «Чахоннамо»:

-Шахсан ман ба марди хоричи ба хеч вачх хонадор намешавам ва  волидонам хам ба ин гуна никох рози нестанд. Барои он, ки онхо духтарони зебои  точикро факат барои фарогату вактхуши гирифта, баъзан ба ватани худ мебаранд ва дар аксари маврид миёни рох танхо мегузоранд. Ин гуна вокеаеро ман медонам, ки духтари точик бо марди афгон дар инчо хонадор шуд. Баъди он, ки   духтари точикро ба Афгонистон бурд, маълум шуд, ки он мард дар ончо боз чанд зани дигар дошатааст. Духтари хамватаи мо баъди  як муддати гуломи гурехта ба ватан омад…Духтарони мо дар кинохо шароити зиндагии мардуми хоричаро дида, хавасашон меояд. Баъди оиладори бо хоричиён дарк мекунанд, ки дар ватан будан ва зиндагии осуда доштан бехтар будааст!

                          Фарзона Домуллочонова, корманди Шабакаи аввали ТВТ:

-Бештари духтарони точик барои сарвату дорои ба никох бо мардхои хоричи рози мешаванд. Лекин ин кори онхо хато аст. Никох в оиладори  бо марди точик хазор бор бехтар аст. Шояд баъди он, ки марди хоричи ва духтари точик хамдигарро дуст доранд, оиладор шудани онхо мумкин бошад. Аммо ман умуман ба ин гуна оиладори рози намешавам!

                          Матлубаи Додихудо, корманди идораи иттилоотии Радиои «Ватан»:

 -Ман факат ба он шарте  барои оиладори  бо марди хоричие рози мешавам, ки дар Точикистон бимонад ва расму одату таомули моро кабул кунад. Вале агар амиктар фикр кунем, занхо ва духтарони точик  бояд бо мардхои хоричи оиладор нашаванд ва хуни точикии худро вайрон накунанд…

        Онхое, ки холо шавхари хоричи доранд, эхтимол ки баъди хондани андешаи хамсухбатони ман харфи зиёди гуфтани ба онхо дошта бошанд. Шояд мегуянд, ки «мардхои точик холо чои кори хуб надоранд, пули кам доранд, факат дар Руссия ва мардикори хастанд…»  Ё шояд акнун бо забони марди хоричии шавхарашон чизе гуянд, ки мо умуман онро  намефахмем!…

       Мухаббат ва дустдори албатта гуворотарин ва пурарзиштарин  эхсос аст, аммо ки гуфт, ки хамхобаги мухаббат аст?  Хуб мебуд, ба хотири ояндаи хуби миллати точик, ба хотири сарсону саргардон ва дар миёнрох намондани модару хохари точик, бо назардошти хукуку озодихои онхо дар ин самт тартиби арзандаеро  чори мекардем. (Зеро, ки ягон зани точик мисли он, ки дар кишвархои дигар буд, барои куштани шавхари хоричиашу гирифтани  пулхои у ба шавхар намебарояд!) Ин гуна икдом метавонад, ки махдудият ва шартгузорихои мушаххас ва ё хамон гуна  гаравпулии на камтар аз $ 50 000 бошад. (Масалан, он маблаге, ки марди хоричи барои оиладор шудан бо зани точик ба хазинаи давлат  супоридааст, замоне, ки оилаи онхо тинчу осуда аст, метавонад дар бонке дар гардиш бошад ва фоизи муайяни он ба  суратхисоби фарзандони аз гуна никох  ба дунё омада гузаронида шавад!)  Он вакт хам манфиату амнияти  зану модари точик таъмин мегашт ва хам шумораи занони аз мардхои номарди хоричи фиребхурдаву хайрон кам мешуд.

комментариев 18

  1. САЛОМ, бехтарин навишта. Гумонам бо мардхои хоричи издивоч кардан албатта боиси ташвиш аст. Бояд гуфт хеч як марди точик инро кабул намекунад, шояд кабул хам кунад…Ун тавре ки МАРД-хои точик дустдоштани ва бехамто хастанд хаёлам ки гайри инхо касеи дигар нест……

    Нравится

    • Рост аст! аммо баъзан Шумо духтарони точик он кадар магрур хастед, ки аслан наздики Шумо рафтан номумкин аст. Шумо хам мехрубони кунед, ки новобаста ба хама хислату хулки марди Мо-мардхо хам ба мехрубони ниёз дорем…Ва гумонам, ки мардхои точик-арзандаи хама гуна мехрубони, навозиш ва эхтиром хастанд. Онхо бузурганд ва онхо хеле каманд!!!

      Нравится

  2. Андешахоятон окилона акаи Субхон. Аммо ман факат илова кардан мехохам, ки мутаассифона «кидат» шудани духтарони точикро мо на факат аз чониби мардони хоричи, балки аз чониби мардони точик хам мушохида мекунем, ки бисёр аламовар аст!

    Нравится

  3. Факат шимолихоро дар ин гунахкор медонед…. Махалчии котил буданатонро худатон хам нафахмида бори дигар собит сохтед. Сарусадохои ба хоричиён ба шавхар баромадани файзободихоро нафахмида будед? Дар матбуоти даври хам ин мавод ба табъ расида буд. Ё чаро файзободихоро хафа кунам-а? Навиштани бошед, хаматарафа нависед.
    Бароятон комёбихо таманно дорам.

    Нравится

    • Саломалейк! Инчо ягон хел махалчиги набуд! Ман хамон чизеро навиштам, ки дидам ва шунидам! (Дар сахифаи худат хам шояд баъди муддате фикри худатро навиштан номумкин шавад :)) Аз суи дигар ЗАН аз руи чинс ва хусусиятхои ба чинсаш вобаста шимоли ва чанубиву шарки нест-вай ЗАН аст, у хамон кореро, ки дар шимол мекунад ваё кардани аст, рохат метавонад, ки дар чануб ва хар кучои дигар хам анчом додан бигирад! Аммо ба гумонам шумо дарак надоред, ки баъд бо он занхои Файзободи чи ходиса рух дод….
      Бахс барои покиву «поки»-и кадом зан аслан кори мардхои мисли шумо БУЗУРГ нест! Худатона азоб надихед…
      Барои Шумо хам комёби мехохам!

      Нравится

      • Салом! Шимоли, худи хамин номатон магар нишони махалчи будани Шумо нест??? Хайрон мешавам, ки барои чи Субхонро гунахкор мекунед? Хафа шудан даркор нест ва дар ин мавзуъ бо мардхо бахс хам лозим нест. Муаллифи ин навишта нисбат ба шумо хатои камтар ва тачрибаи бештар дорад! Гузашта аз ин Субхон номзади илмхои ЗАНШИНОСИ аст :))
        Узр, бародар Субхон!!!

        Нравится

  4. Ташаккур ба Шумо Акаи Субҳон, ки ин мавзӯи дар ҳақиқат доғи рӯзро бардоштед. Мақомоти Тоҷик бояд дар наздиктарин фурсат сари ин масъала андеша кунад, вагарна оянда ҳама ҷоро тангчашмон зер мекунанд.

    Нравится

  5. Дуруд ба шумо акаи Субхон! Ман хеле шодам, ки шумо нисбати занхову духтарони точик гамхори зохир кардаву бетавачух нестед. Ва як мавзуеро ки имруз шояд мутаасифона сабаби бадбахт шудани чанд нафар духтари точик шудааст ва барои хушдор кардани онхо хам шояд, ки сабабе шавад, дар блогатон чой додед. Инчунин аз байни худи духтарони точик (дустонатон) фикрхои онхоро дар ин маврид ин чо навиштед, ки шояд баъди хондани ин, духтароне, ки факат ба сабабхои дар боло зикр кардаатон бо хоричихо оиладор шуданианд, огох бошанду ба акидае биёянд ва дар доми фиреби хаминхел инсонхо наафтанд.
    Мехостам бифахмам, ки агар шумо дар Макомоти конунбарор кор мекардед, хамин конунеро ки дар кишвархои дигар барои никох бастан бо хоричихо кабул шудааст шумо хам чори мекардед? Ё умуман чи конунхои дигареро боз пешниход мекардед? Ё шояд умуман бо хоричихо никох бастани точикон (чи духтару чи писар)-ро манъ мекардед?

    Нравится

    • Саломалейк… Ман агар имкони тахия ва пешниходи хамин гуна конунхоро медоштам, бо ёрии онхо аввалтар аз хама барои занхои точик имкони хукукии хушбахт будан ва химояи худро фарохам месохтам. Гаравпули бехтарин вариант аст! Аз суи дигар барои ба як манбаи даромаду фиреб табдил наёфтани никох бо хоричихо бехтар аст, ки мохияти хамин чизро худи занхо дарк кунанд. Ман илова бар ин кори кумитаи кор бо занонро тамоман дигар мекардам…Ман барои сабти никохи марди хоричи аввалтар аз хама аз кишвари у талаб мекардам, ки зиндагинома ва вазъи оилавии уро бо тамоми чузъиёти дигараш бифиристанд ва онро ба духтари точике ки бо он мард оиладор шудани аст, нишон медодам…
      Ман бисёр корхоро кардан мехостам 🙂

      Нравится

  6. Салом ба хама Хонандагон!
    Акаи Субхон ташаккури зиёд барои гамхори нисбати зани точик ва бардоштани чунин масъалаи мухим, ки касро бетараф гузоштан наметавонад.

    Албатта аламовар аст, ки имрузхо зани точик бо сабабхои гуногуни зиндаги зери фиребу найранги баъзан номардхо мондааст…

    Гуфтани хастам ки он нуктахое (факторхое), ки Шумо кайд кардед оиди сабаб шудани ба шавхар баромадани духтарон\занхои точик ба мардхои хоричи албатта хак хастанд ва чой доранд дар ин чомеаву шароитии имрузаи мо вале фикр мекунам ки дар он руйхат боз чанд нуктахои дигар намерасанд. Аз он чумла:

    •Мардхои\чавонмардхои точик ба духтарони синну соли чавон хонадор мешаванд ва ба духтароне, ки ба синну соли худашон мувофик хастанд ахамият наметиянд
    •Ба духтарони хондаги\ ва (ё) кор мекардаги бовари нест
    •Аз сабаби мунтазам бехурмати дидану таъна шунидан аз чониби марди точик
    •Зани точик он хусуиятхоеро(характер, чахонбини, эхтиром ва г.), ки дар марди хоричи мебинад дар баъзан марди точик зохир намешаванд
    (Ин руйхатро ба хамин тарик давом додан мумкин аст)
    Фикр мекунам, ки хар як зан хукуки хушбахт шуданро дорад, новобоста аз синну солу мартаба. Ишк забон, нажод ва марз надорад! Мо имруз шукрона, ки дар чоемаи демокративу хукукбунёд умр ба сар мебарем ва дар интихоби хамсар хар яки мо озод хастем.

    Модоме, ки зани точикро мачбури ва бе хохиши у волидонаш ба марде хонадор кардан метавонанд ва дар натича у бахти хушро намебинад ба гайр аз азобу шиканча, пас чаро имруз зани точик наметавонад интихоби озод дошта бошад?

    Бояд санаду меъёрхое бароварда шаванд, ки зиндагии зани точикро осон созанд на балки мушкилтар. Бе хамин хам дар Точикистон ба гуфти баъзе мардхои точики мо «сари хар як мард 4 зани мерасад». 😦 😦 😦 Хонандагони азиз мо бояд ба чунин занхо кумак расонем наинки таънаву киноя кунем ё нафрат дошта бошем. Ба мисле, ки руссхо мегуянд «Чужая семья, потемки» мо наметованем онхоро гунахкор кунем, чунки мо сабаби аслии чунин интихобро намедонем….

    Худованд зани точикро хама вакт хушбахту сарбаланд нигох дорад! Ташаккур.

    Нравится

  7. Салом акаи Субхон!!!! Суханони хеле хам росту хак зикр шудаанд. аммо панч ангушт баробар нест. Чи магар духтарони точики мо факат барои пулу молу мулки хоричихо шуда ба онхо ба шавхар мебароянд? Ишку мухаббатро низ набояд фаромуш сохт.Магар кам нестанд мардони точики мо ки дар болои зани никохиашон боз бо дигар духтарон низ ишкварзи намуда он бечорахоро талок дода дар чоррохаи зиндаги онхоро муштипар мегардонанд.Бисёрии онхо ба Руссия рафта дигар на ёди зану фарзанду ватан мекунанд.Магар ин кори онхо гунох нест? Кам хам нестанд духтароне, ки шавхари хоричи карда хушу хурсандона умр ба сар бурда истодаанд.Хар як фард дар интихоби хамсари ояндааш озод аст!!!!!.

    Нравится

  8. Акаи Субхон дигар нугуфтед ки ин чанд бону аз миёни дстони шумо ки хохиши ба марди хоричи ба шавхар баромаданро надоштанд, акнун онхо ба марди хоричи хонадор шуданд ё точик? ))))

    Нравится

    • Салом. Чанд нафаре ки ман мешинохтам, хамаги шавхарони точик карданд! Як ду каси онхо холо хам бешавхаранд 🙂

      Нравится

  9. Акаи Субхон аз миёни хамон шавхар накардахо кадомаш зеботару бехтар аст? Гап байни худамон. Хамон бехтараша гуед ба ман? Маро намегиранд?

    Нравится

    • Эй сер, туро нони чавин хуш нанамояд,
      Маъшуки ман аст, он ки ба наздики ту зишт аст.
      Хуррони бихиштиро дузах бувад аъроф,
      Аз дузахиён пурс, ки аъроф бихишт аст!
      Яъне, он нафаре, ки ба назари ман зебову дилкаш аст, шояд ба назари Шумо хеле бад бирасад 🙂

      Нравится

  10. Як акидахое аз худашон эчод карда мебароранд, ки тамоман ба хеч кучо дуруст намеояд. Агар мардхои точик хаматарафа хуб буданд, хеч кас ба марди хоричи ахамият намедод. Лутфан як конуни махсуси бехбуд сохтани фикру акида ва рафтори мардхои точикро чори намоед. Ба мардхо хама чи мумкин будааст, вале ба занхо хеч чиз мумкин нест ва бар замми ин конунхои дигари масхараангезро эчод кунед. Китоб хондан даркор!!! Забонхои хоричиро омухта чахондида гаштан даркор!

    Нравится

    • Саломалейкум…Аввал сипос, ки ворид шудед ба ин сахифа! Баъд бояд гуям, ки максади ин навишта ин аст, ки занхо ва духтарони мо арзандаи хама гуна мехрубони, гамхори ва таваччух хастанд. Баъд ин ки баъди хамин навишта парлумони мо як хамин гуна конунеро хам кабул кард, ки акнун барои бо духтарони мо оиладор шудан шахрвандони хоричи аввал ба номи он духтар ё зан бояд хона бихаранд 🙂 Лекин вобаста ба таълифи як конуне барои бехбуд сохтани фикру акаидаи мардхо ман бо шумо рози хастам ! Дар мавриди китоб бошад, кушиш мекунам ки хонам, забони англисиро медонам ва чахонгарди хам кардаам-камаш 35 шахри дунёро тамошо кардаам Шукри Худо!!!
      Саломат бошед, барои шумо зиндагии ободу осоиштаро орзу мекунам ва умедворам, ки баъзан аз ин сахифа дидан мекунед. Андешахои шумо барои ман хеле мухим ва арзишманданд!!!

      Нравится

  11. Фикрхо хубу,вале саволе дорам?Шумо аз окибати вайроншавии издивочи духтарони точик,ки бо хоричи оила барпо мекунанд, метарсед,аниктараш гуе дилатон сухтаасту ин масьаларо мавриди мухокима карор додеду , рохи халли пешгирии онро мечуед.Лекин халли мушкилии «БАЬЗЕ МАРДОНИ МАЙДОНИ ВАТАНИ ХУД»,, ки ин амалро (яьне зан мегиранду зуд чавоб медиханд) пайваста ичро мекунанд , чаро намечуед?Гуй баьзе мардони точик ба кадри духтари точик расидаасту,хоричи ин корро анчом дод, дар чашми шумо гайри одди тофт.Ва аниктараш гуйе кам бошанд оилахои чавони точик,ки аз чабру ситами «Мардхои хушмуомилаи худамон» сарсону саргардонанд.Бехтараш ба кадри духтари точик пеш аз хама мардхои худамон расанд.ки ба хоричихои гуфтаатон дарси ибрат шавад.Давлатхои арабро инчо мисол овардед,ое намедонистед,ки дар давлатхои араб,мардони то 30-35 сола то хол оиладор нестанд.Барои чи?Барои онки кадри зан,духтар,модари онхо баланд аст.Аниктараш кимати онхо барои аруси кардан баланд аст,ки мардони оддияшон то хол бе зан хастанд.Дар мо чи?Эхааа.Дар даст аробаву ду зан дорад.Бехтараш нархи духтари точикро 1000 долар накунему, ана хамун суханеки инчо гуфтед барои духтар дар чойхои дахлдор маблаги махсусро ба номаш гузошта баьдан никох анчлм ебад.Ана бад мебинем ки окибати ин нихоли парваридаи мо чи мевахои пухтае ба бор меоваранд.Сарбаланд бошед!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти