Ин деҳа аз деҳаҳои дигари атроф фарқи андаке дошт. Ҳамон фазо, ҳамон мардум, ҳамон кору бор ва ҳамон тарзу сатҳи зиндагӣ. Инҷо фақат ба назар чунин менамояд, ки ҳама чӣ дар ҳар куҷо бенизом хоб аст — дос дар кундаи дарахт, ароба паси девор, нардбон дар гӯшаи бом, табар дар мағзи кадом кундаи пир… Дар асл бошад, ҳама кор ва ҳар чизе, ки барои кору бори деҳа истифода мешавад, низому тартиби барои он мардум ошно, ҷойи муайян ва вақти истифода дорад. Ҳатто хари боркашу ҷилу тӯқумаш низ…
Ин оила, ки аз як зани танҳо ва ду писар иборат буд, зиндагии миёнаҳолонае дошт. Таҳлукаи ҷангу ҷӯш, ки ҳоло хеле дуртар аз хонаи онҳо сурат мегирифт, фазои ин қишлоқро ҳам пур карда буд. Онҳое, ки дигар илоҷи ба кор нарафтан надоштанд ё хеле заруру лоилоҷ буданд ва ё шояд эҳсоси кунҷкобиашон боло мегирифту барои чанд соат ё чанд рӯзе қишлоқро тарк мекарданд, баъди бозгашт аз роҳу посгоҳу хабару овозаҳои сафар ба мардум қисса мекарданд. Зиндагӣ тахминан ба ҳамон маҷрои кӯҳнаи худ идома дошт, обу гандуму нони мардум аз меҳнати ҳалол ва файзу баракати дастони кордидаву пушту миёни дар меҳнат сахтшудаашон буд.
Ин оила, ҳам ки набудани як ҷузъи муҳими он — падари хонаводаро пайваста эҳсос мекарданд, чизе аз дигарон каму зиёд надоштанд. Ҳотаҳои обод, оби равон, як лаб замини гандум, як ду моли майда ва як хари аҳлу хизматгор. Гум шудани хар як вақт дар ин оила оромӣ ва суботро барҳам зад. Он василаи ҷамъу гири ҳосил, асбоби сафару боркашӣ ва сабаби сабукиҳо дар кору бори дигар, мисли майда кардани каҳ буд.
— Бачаме, суроғ намекунед баъд шумо хара?
— Оча, сад каса пурсидем. Ҳиҷ ки надидаст..
— Агар тарафи кӯҳ катӣ руболо шида бошад, чум гурго хурдануш…
— Ай ута нагӯ, бачам. Меёбемуш. Ба шарте, ки бковемша…Ман ҳама тову тарақи қишлоқа кофтум, нест! Шумо мардакен, аз қишлоқ берунаву ҷойҳои дигара бояд кобен…
Ман медонум дар вақти рамагардонии даҳмардаҳо хар куҷое рафтагӣ аст. Як вақти дигар ҳам гум шуда буд, отат аз алафҷогаҳи як мӯсафед аз қишлоқи Сӯфиён ёфта, оварда будша….
Роҳҳои кӯҳӣ аз инҷо то деҳоти дигар ва ҳатто ба ноҳияҳои ҳамшафат ҳам мебаранд. Пайроҳаҳои харгузар, ки як вақт мардум аз он истифода мекард, ҳоло пурра кӯр нашудаанд. Қиссаву ривоят дар бораи ҳар дарахту мазори авлиё ва шаҳиди ғорҳову роҳҳои кӯҳӣ то имрӯз аз забон ба забон ва аз насл ба насл паҳн шудаву аксаран бо таҳриф дар зеҳну хотираи мардум мешинад. Эҳсос мешавад, ки мардумони замони нав ба воқеъиятҳое, ки насли гузаштаашон ихлосу эътимод ва эътиқод доштанд, ҳоло камтар боварӣ ва таваҷҷӯҳ мекунанд.
Ним халта хӯша ё бо забони мардумони ин деҳ — сараки гандум, ки аз заминҳои лошшуда асосан аз ҷониби занону кӯдакон ҷамъоварӣ мешуд, чени ду фатир орд мешуд. Ду фатире, ки ду ҷавони деҳа метавонист дар як шиштан пора кардаву ба косаи шир партояд ва нуши ҷон кунад…
— Бачам, пагоҳ ду фатиртон мепазум. Мегирену ҳардуактон харковӣ мерен…Ҷони зиндааст хар, дастёри хубе ҳаст, ки…
— Оча, дар наздикиҳо мешуд, меомад, ягон ҷойи дур рафтааст ё шояд дуздида бошанд…
— Акам рава, чӣ? Шумо тоқа намонен, ман ҳамраҳи шумо мешам…
— Не, бачам, ман дигар наметарсам. Шумо дар ин раҳу рӯйи пури дидбонгоҳ ва бе мошин қуввати дили ҳамдигарит мешен…
Мардуми деҳот оғози сафарҳояшонро ҳатто аз офтоб ҳам пинҳон мекунанд. Ин ду бародар ҳам бо дуои модар вақте ба роҳ баромаданд, ки ҳоло ҳатто субҳ надамида буд. Ҳар куҷо, ки имкони миёнабур кардани роҳ буд, ҳамон тавр мекарданд. Аз роҳу пайроҳаи кӯҳу талу теппаҳо ва миёни деҳаҳои дигар истифода мебурданд. Бе ин ҳам роҳҳои калони мошингард, инак аз аввали даргириҳо аст, ки қариб пурра холӣ аст…
Максади асосии сафари ду бародари ҳамхуну ҳамтани яке беш аз сисолаву дигаре тахмин 10-12 сола, агар харкобӣ ҳам, ки буд, як андоза таҷриба ва тамошо ҳам дошт. Ҳарчанд баъди ҷамъоварии ҳосил ва даромадани фасли хазонрез бағали саҳро ва домани долу дарахтон хушку холӣ буд. Ҳамсӯҳбатони ин ду бародар ҳам мардумони гуногун буданд. Касе нигаронӣ мекард, ки хуб накардаанд дар ин гуна вазъият ба сафар баромадаанд, дигарӣ бо сухан боварии онҳоро ба худашон бештар мекард, сеюмӣ таърифашон мекард, ки мард бояд ҳамин гуна бошад…
— Ака, биё иқа аз ҳамон фатир шиканум. Гушна шудам…
— Яке сафар тул накашад, ки нон тамом шавад ва мо гушна монем. Хара, ки ёфтем, мешинем мехӯрем фатирора ..
Дидбонгоҳе, ки дар сари як чорроҳаи муҳиму серодам буд, миёни мардум бо ҷиддият ва ҳатто бо як андоза бераҳмии ходимонаш «шӯҳрат» дошт. Он махсус дар ҷое буд, ки имкони истифодаи роҳҳои даруни деҳа ва роҳҳои дигарро ба сифр баробар мекард. Ҳоло ғами ҳамон ду фатир, ки модар ба миёни писари калонӣ баста буд, муҳимтар аз ғами ҷон буд. Бе он ду фатир идомаи харкобӣ зери суол меравад. Рӯймоле, ки фатирҳо ба он печонида шуда буд, аз миёни ака ба миёни додар гузашт. Кӯдаки наврасро зиёд пурсупос намекунанд. Ба ҳар сурат ака ҳамин гуна фикр карда буду ба ин хулоса расида буд. Ва ҳам ба додараш гуфт, ки «агар маро манъ карданд, ту интизор нашав, бо ҳамин роҳи мошин рафтан гир, ман ҳатман аз пуштат омада, мерасам». Ҳамон тавре, ки интизор доштанд, ҳама чӣ ҳамон гуна шуд…
Деҳае, ки ака додарро пайдо кард, як-ду километр дуртар аз он посгоҳ ҷойгир шуда, аллакай ҳудуди ноҳияи ҳамсоя буд. То пайдо кардани додар, ӯ на фақат суръати ҳаракатро тезтар кард, балки ҳатто медавид. Наметавонист, ягона додар ва пушту паноҳи худу модарашро танҳо гузорад ва бо баҳонае ба хона, ба назди модар баргардад. Он ду фатир миёни додарро фақат як муддати кӯтоҳе гарм карду халос. Рӯмоли фатирдор боз миёнҳоро иваз кард. » Ту ҳоло майдаӣ, гаштан бо ин тарз бароят душвор мешавад, нороҳат мешавӣ…»
Дар ибтидои ҳар деҳа ин ду бародар бо роҳҳои гуногун вориди деҳа шуда, аз ҳар ношинос суроғи ҳамон харашонро мекарданд. Дар роҳи баромади он қишлоқ бошад, ноумеду маъюс боз якҷо шудаву роҳро идома медоданд.
— Ака, биё, дам гирем. Сахт гушна шудам, камтаракӣ аз ҳамон фатирои пухтаи очам мехӯрем, бо роҳа давом метем..
— Додарҷон, хара наёфта ҳамин нон аз гулӯ мегузарад? Не! Дилум гувоҳӣ дода истодааст, ки ҳамин ҳозир меёбем хармона. Баъд, мешинем, ба ҳузур фатира мехӯрем…Тоқат кун, камтараки дигар….
Ин деҳа, аллакай ҳудуди ноҳияи дуюм аст. Дар пушт чанд талу тепаву кӯҳпора ин ду бародар (ва он ду фатир)-ро аз деҳаву аз модар ҷудо мекард…
Яке аз тахминҳои модар рост баромад. Подабону даҳмардаҳо баъзан гову молҳои сари роҳи рамагузарро дониставу надониста, якҷо бо гӯсфандони худашон печонида, то дуриҳои дур мебаранд. Дар роҳи гузари рамаҳо ҳар баҳору тирамоҳ борҳо чунин мешуд, ки мардони ин ё он деҳа бо даҳмардаҳо сари кадом мавзӯъ (баъзан нархи молу баъзан бо сабаби ба боғу роғ ва заминҳои кишти мардум ворид кардани гӯсфандон) баҳсу даъво ва ҳатто бугу магуву кашталкашӣ ҳам сурат мегирифт. Хари онҳо ҳам эҳтимол, бо ҳамин усул то инҷо омадааст ва шояд чанд борхалта ё таври маълум дар ду почаи хурҷин ду барраи навзодро бардошта, то ин ҷо расидааст. Ин дигар муҳим набуд. Муҳим ин аст, ки хар пайдо шуд ва ҳам онҳо хурсанд шуданду ҳам модарашон шод мешавад.
Пойҳои тӯли як рӯзи дароз аз ҳаракату роҳгардӣ монда шуда акнун чанд ваҷаб болотар аз роҳи хокӣ гӯё дам мегирифт ва ҷисми камқуввати он ду бародарро хар сабук бардошта, сӯйи деҳа қадам мезад…
— Ака, дигар тоқат надорум, шикамум ба дард омад. Биё, аз ҳамон фатиро якташа ақаллан якҷоя хӯрем…
— Ту ин қадар бетоқат будайӣ !? Пиёда нарафтестӣ кӯ монда шавӣ, саворайӣ аллакай. Сабр кун ягон чашма ёбем, мешинем лаби ону фатирои пухтаи очама обда тар карда, мехӯрем…
Роҳи бозгашташон баъзан дигар мешуд ва онҳо бо пайроҳаҳое меомаданд, ки аз ин сӯ бо он нарафта буданд. Бародари калонӣ, ки акнун дар хона масъулияти бештар ҳам дорад, пешниҳод кард, ки аз ҳамин ҷо, ки дарахти бисёр ва шоху навдаи бодовардаву шикастаи зиёд дорад, ду-се дарза ҳезум ҷамъ кунанду ба хар бор карда, ба хонаашон баранд. Ба ҳар сурат, то деҳа роҳи кам монд ва онҳо пиёда ҳам акнун бе мушкил мерасанд.
То вақте ки ким-кадом марди ношинос пешниҳоди фурӯхтани дарзаҳои ҳезуми пушти харашонро кард, онҳо дар андешаи фурӯхтани он ҳезум набуданд. Ба он пул фақат як дона хлеб хариданд. Бародари бузург додарро бовар кунонд, ки очаашон, ки хеле боз ин гуна нони сафедро начашида буд, аз ин тӯҳфаи онҳо хурсанд мешавад. Ва дарвоқеъ, он замон дар деҳаашон мардум, ки аксаран нони сиёҳи гандумӣ ва ҳатто нони ҷаву нахӯду ким-чизи дигарро мехӯрданд, орди сафед ва нонҳои сап-сафедро пазмон ҳам шуда буданд…
Модар гӯё, медониста бошад, ки ҳамин ҳоло писаронаш аз роҳи дур, мондаву шалпар, вале баъди ёфтани хар бо як эҳсоси шодиву ғурур ва қаноатмандӣ ба хона меоянд, як табақ шакароб меғавҷид. Ҳар ду писар канори ӯ шакароби ширадору маззадоро нӯши ҷон карданд. Махсусан, додари хурдӣ, ки аз роҳи дарозу фатирсуроғ ҳанг дар дилу дасту пояш намонда буд, бо завқи беандоза ва шояд як каме бо саросемагӣ мехӯрд ва косаи оби чашмаро пайваста ба сар мекашид…
Солҳои зиёде аз ин воқеъа сипарӣ шуд. Саду як кору бору рӯйдоди хушу нохушро ин оила пушти сар кард. Шояд даҳҳо чизи дигарро онҳо дар ҳаёт гум кардаву боз пайдо карданд. Ба ҷуз гумшудаи аз ҳама қиммату гаронарзиш — модар. Ҳамон зани одиву содаи деҳотӣ бо як дили бузург, бо истеъдоди зинда мондану ноумед нашудан, бо иродаи таҳаммули саду як дард, бо тоқати саду як зарбаи қисмат, бо умеди рӯзҳои беҳтар ва орзуҳои нек барои ду писари нозанини бепадар ба воя расонидаи худ…
Додар аз кунҷи поини ҳавлии модар дур нарафт. Ин ҳавлӣ хотираҳое дорад, ҳарчанд аламбору аламдор, вале нотакрор. Касе аз он ду бародар аз ҳам дур нарафт то навори ҳамон хотираву ёддошт гум нашавад, то арвоҳи волидони азизашон бо дидани кулбаҳои вайрону ҳавлии холӣ нороҳат нагардад…
Бародари калонӣ хеле вақт аст, ки бемор асту бастаи ҷогаҳ. Васияту насиҳаташро чанд бор пеши ҳама фарзандону набераҳо ва додари ягонаву лахти ҷигараш кард. Тахминан аз ҳамон кунҷи хона, ки аз тавлид то ин замон ҷогаҳи хобаш ҳамонҷо буд, рӯйи ҳавлӣ ва омаду рафти ҳамдеҳаву хешу таборашро назора мекунад. Хеле кам ҳарф мезанад. Асосан бо нигоҳ, ишораи даст ва табассум хоҳишу эҳсосашро ифода мекунад. Вале рӯзе нест, ки ашк рухсораҳояшро нашӯяд ва риши сафедашро тар накунад. Ҳамин ҳоло пирамард ҳатто бо овоз гиря мекард. Чизе хотирашро машгул медошт, ки фақат худаш медонисту худо…
Ин ҳолат беист ашки чашмони додарро ҳам, ки дигар сину солаш ба як ҷо расида буд, равон мекунад. Модар гӯё аз он чоркунҷаи чӯбини сурати сиёҳу сафедаш аз девори хона ин манзараро назора мекард.
— Ҳамон табақи лаби об аз худамон аст, додар?
— Ҳо, ака. Табақи очам аст. Аз чӯби чормағзи ҳавлӣ буд кӯ…
— Ба ёдам ҳаст…
— Ягон шилова аст, ширкаду аст, ё ҳилмон пазанд келинҳо, ака? Дилтон чӣ мекашад?
— Не, ҳичӣ намехом. Вақти мурдан аст, вақти дидор бо очам..Очаи ноосудаам, очаи ғамдидаам…
— Ин хел ноумед гап назанед, ака. Шукри Худованд, шукри фарзандону набераву абераҳо, шукри хонаву дари обод…Худо дардаам дод, иншоолоҳ шифошам мета…
— Ҳамон табақа шикан, додар пеши чашми манда…
— Барои чӣ, ака? Бо хӯрокҳову лаби ҳамин табақ мо калон шудем, як дунё хотира дорад ин табақ, баракати дасти падару модармон дар ин табақ мондааст…
— Ту ҳамон рӯзи гум шудани хар ва харкобӣ рафтанмона ба ёд дорӣ, додар… Саҳар очам ду фатир пухта буд, ки дар роҳ гушна намонем. Лекин ман гушна то ким-куҷоҳо бурда будамта. Даҳ бор фатира ба ёдам овардӣ, гуфтӣ биё бхрем, гушна шудаӣ..Ман ба ҳар баҳона хаёлу фикрота ба ҷониби дигар мебурдум. Ҳамон рӯз ҳам дар ин табақ очаамон шакароб таёр карда буд. Гушна ба хона омаданоту нону шакаробхуриёта ёд дорум ва ҳамин ҳозир ҳам пеши рӯям аст. Дар ҳамон роҳ ҳарду фатир ва ҳамон як хлеби сафедро ман аз ту пинҳонӣ хӯрда будам.
— Ака, уқа гапе набудаст. Ош шавад. Кирои гиря намекунад. Духтур гуфт, ку фикри зиёд накунед. Ман ҳазор бор аз шумо розиям…
— Ҳамон табақа шикан додар. Яке ҳаму хотираҳои нохуб ҳам аз ёдам меравад. Баъд пиҳил кун мара, додар. Таҳлукаи ҷангу гушнагӣ чашми мара кур карда буду дилма аз санг…
Дигарон баъдтар фаҳмиданд, ки гап сари чӣ аст ва чаро он табақи чӯби чормағз — ин охирин ёдгори модар, пеши чашми пирамарди бемор, ки се моҳ боз азият дорад, шикасту пора-пора шуд…
Дар ҳавои ёсинхонии муллои деҳа гирду бари мӯйсафед пур аз фарзандону набераву ҷиянҳо гашт. Чашмони кушодаи мӯйсафед гӯё ба чашми сурати дар девор овезон дӯхта шуда буд. Ҳамон акси модар, ки як вақт барои бо ким-кадом ириму баҳонае чаппа гардонидани он ҳамсарашро сарзаниш карда буд.
Ҷисми лоғари пирамард, ки се моҳ аст руйи ҳамин бистар буд, гуё нав аз рахти мулоими хоб ҳаловат бурд. Аз болишт ва курпаи рӯ бӯйи кудакиҳояш меомад. Ин нафас ба гумони ғолиб бо сабукӣ ва осудагӣ аз ҳама нафасҳои тӯли умр кашидаи ин пирамард тамоман фарқ дошт…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: акаву додар, бародарон, гандум, гурусна, деҳа, додар, ду фатир ва як алам, модар, назми ҷон, нафас, орди гандумӣ, табақ, хар, ҷустуҷӯ |











Добавить комментарий