Имрузхо дар хама чо мардум вобаста ба хаводиси чанд хафтаи охир факат фарзия пешниход мекунанду андешахои якдигарро мешунаванд. Ин холат дар чои кор хам хаст, дар коргох хам, дар сартарошхона хам…Чизи маълум хамин аст, ки аз он ба он мардум манфиат нест! Дар ин миён овозачихо ва зудбовархо хеле серташвишанду сертараддуд. Ман дар хонаву дар коргоху дар хама чо оромиро мехохам… Барои ман бехтарин сухан, кисса, хабар ва хангома хамон хаёлбофи ва дуругхои ширини писарчаи ман аст! Ин ягона дуруг аст, ки ман бо самимият ва майл гуш мекунам ва аз он хаста намешавам!
Дар зер дар мавриди накши занхо дар Инкилоби Октябр, Радиову таъсири сухан ва хамчунин вобаста ба бархурди андеша ва манфиатхои мансабдорон навиштаам!
-
Маргарита Васильевна ФОФАНОВА таваллуд шудааст (1883)
Соли 1917 махз хамин зан Ленинро дар хонаи худ пинхон карда буд. Ленин аз хонаи у рост ба Смольный рафт, то ба шуриш сарвари кунад.
Яъне, хамин сана дубора ду маколи машхурро тасдик мекунад : аввалаш ин ки — «шиками сер куввати кор аст!» ва дуюм он аст, ки «зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо».
Аз суи дигар, шояд шикасти хамон сохтори пуркудрат хам ба хамин чиз вобаста бошад, ки аз огозаш дар кори эъмораш занхо (хам) даст доштаанд!
-
Юрий Борисович ЛЕВИТАН – наттоки Радиои умумишурави ва Хунарпешаи халкии СССР таваллуд шудааст (1914)
«От Советской Информбюро!» Хамин чумла мардумро ба даври Радио мекашид ва фашистонро девона мекард. Холо хам хамин гуна чумлахое хастанд, ки баъзехоро ба Радио наздиктар мекунаду баъзехоро девона. Он чумлахо хангоми хондани фармони аз вазифа барканор сохтани мансабдорон садо медихад. Он чумлахо ба аксари шунавандахои одди писанд аст ва онхоро ба Радио зичтар мекунад!
-
Дар Милан аввалин садамаи хавоии ду тайёра ба вукуъ пайваста аст (1910)
Бархурди тайёрахо мисли бархурди мансабдорону сарватмандон хеле пурдахшат аст. Агар дар бархурди хавои голиб набошад, дар бархурди замини голиб пайдо мешавад. Вале дар ин бархурд бештар аз голиб тамошобинон бурд мекунанд!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Инкилоб, дуруг, занхо, мансабдорон, наттоки Радио, фармон |












Добавить комментарий