Издивочи занон бо хурдтар аз худ!

  Нуктае, ки ба он бояд таваччух дошт, ин аст ки дар мавриди ихтилофи синну сол наметавон бо котеият назар дод ва ин матлаб, ки хатман зан бояд аз мард хурдтар бошад, катъи ва хатми намебошад, зеро тачриба нишон додааст, ки бисёре аз занон ва мардон будаанд, ки бо ихтилофи синни зиёд (хатто гохе занони бузургтар аз мардон) бо якдигар издивоч кардаанд ва солхои сол бо камоли оромиш дар канори якдигар зиндаги карда ва хеч гуна мушкили хам надоштаанд, пас ин масъала хатми ва катъи набуда ва бо таваччух ба масоили печидаи зиндаги нисби мебошад. Читать далее →

29 феврали соли 2011

   Кадом вакте мегуфтаанд, ки дар рузи 29 феврал, ки дар чор сол як бор меояд, нафарони сехргару на оди таваллуд мешаванд. Аз тарси он, ки кудакони  дар ин руз таваллуд шударо шояд кисмати на соддае интизор бошад, мардум  рузи таваллуди кудаконашонро дар хуччатхо ё 28 феврал менавишт ва ё 1 март. Нафароне буданд, ки мардуми дар ин руз таваллуд шударо сохибистеъдод ва нобига хам мегуфтанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки бовари доранд – ин рузро инсонхо барои дурустии хисобхо фикр кардаанд ва он комилан одди аст, хеч хусусияти фавкулода надорад! Дар дунё расман дар хуччатхои таваллуди  худуди 0,069 % ахолии сайёра, ки тахминан  4 миллион нафарро ташкил медиханд, рузи тавлидашон 29 феврал навишта шуда будааст. Читать далее →

25 октябри соли 2010

   Бо дидани имконоте, ки мардум дар самти илму техника ва технология дорад, фикр мекунам, ки чи гуна ачоиб мешуд, агар бобокалонхои мо хамин имконро медоштанд, хотирахои худро дар сахифахои интернетии худ ва рузномахои электрони сабт мекарданду барои мо боки мегузоштанд. Аммо аз суи дигар боз хамин андешаи худамро инкор мекунам: ягон чиз дигар ба мо фоида намекунад,  миллион сахифа панду насихату шеъру касидаву достон моро одам накард, машхур накард, пешрафта накард, чахонгир накард…

Имруз дар мавриди муборизаи занхо барои таваччух ба худашон, фарки СУПХОН аз СУБХОН, футболи русси, унвони «Шоири халки» ва Шоири Милли, сирри дарозумрии рассом Пикассо, табобат ба воситаи ТВ ва хар рузи равгании баъзехо навиштаам. Читать далее →

2 октябри соли 2010

    Имрузхо дар хама чо мардум вобаста ба хаводиси чанд хафтаи охир факат фарзия пешниход мекунанду андешахои якдигарро мешунаванд. Ин холат дар чои кор хам хаст, дар коргох хам, дар сартарошхона  хам…Чизи маълум хамин аст, ки аз он ба он мардум манфиат нест! Дар ин миён овозачихо ва зудбовархо хеле серташвишанду  сертараддуд. Ман дар хонаву дар коргоху дар хама чо оромиро мехохам… Барои ман бехтарин сухан, кисса, хабар ва хангома хамон  хаёлбофи ва дуругхои ширини писарчаи ман аст! Ин ягона дуруг аст, ки ман бо самимият ва майл гуш мекунам ва аз он хаста намешавам!

Дар зер дар мавриди накши занхо дар Инкилоби Октябр,  Радиову таъсири сухан ва  хамчунин  вобаста ба бархурди андеша ва манфиатхои мансабдорон навиштаам! Читать далее →

2 сентябри соли 2010

   Рузи дониш хам гузашт.  Донишчуёни курсхои аввал хам то чое ба шахр одат карданд. Дигар шояд аз касе рохро  то Донишгох ва баргаштан напурсанд, аммо хаёлам ки то дергох аз хамдигар хоханд пурсид, ки  «ту чанд долларда дохил шуди?» ва ё «туро ки дохил кард?»…

Имруз дар бораи дарвозахо, толорхои консерти ва хосияти онхо, дар бораи хусуси кардани вазоратхонахо, таърихи камонсози,  муассисахои таълими барои занхо ва духтарон ва каноатмандии кормандони рохи охан аз касбу корашон навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти