Имруз Президенти Точикистон зодруз дорад. Гумон мекунам, ки у дар ин рузхои барои мардум ва миллати мо хассос гарки андешахои мухимтаре аст, ки ба суботу амни ин кишвар вобаста аст. Ман то хамин вакт (соат 18:05 дакика аст!) фикр кардам, ки имруз дар ин сахифа чи гузорам, чи нависам. Дар поён чанд чумлаги аз чанд сухбату маърузахои Президент овардам, ки ба мухимтарин мавзухо бахшида шудааст.
«Кишвари мо аз рўи нишондиҳандаи партови газҳо, агар дар дунё дар байни 213 кишвар ҷои 105-ум бошад, дар Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд ва ин ба шарофати истифодаи манбаи барқароршавандаи энергия – об аст.
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, имрўз барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳа кўшиш ба харҷ медиҳад. Дар мамлакат теъдоди зиёди нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва калон бунёд карда мешаванд, ки на танҳо аҳамияти энергетикӣ доранд, балки барои қонеъ гардонидани талаботи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи обёрӣ нақши муҳим мебозанд.»
(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола
» Бо истифода аз минбари баланди мақоми олии қонунгузор бори дигар ба мардуми шарафманд, сарбаланд ва мушкилнописанди Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғун миннатдории самимии худро иброз менамоям.
Вале дар айни замон, бори дигар таъкид месозам, ки дар ҷараёни фурўши саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии “Нерўгоҳи барқи обии Роғун” набояд ба маҷбурсозӣ ё фишороварӣ роҳ дода шавад.
Зеро дастгирии молиявии Роғун кори ватандўстонаи ҳар фарди бонангу номус ва саҳми дурандешонаи мардуми Тоҷикистон барои ояндаи худ ва фарзандону набераҳояшон мебошад. Ин кор бояд озодона сурат гирад, зеро ба воситаи фишороварӣ кори сохтмон баракат намекунад. Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.
Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерўву ғизо мегирад. Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрўз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дўстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад.
Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмўҳтаво, нобу шево ва лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо — соҳибони он ҳам фарз асту ҳам суннат аст.
(Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 19-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон )
» ….Зеро хизмати ҳарбӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ — хоҳ афсар бошаду хоҳ аскари қаторӣ, пеш аз ҳама интизоми қатъӣ ва риояи ҳатмии тартибу низоми ҳарбӣ, поквиҷдононаву бенуқсон иҷро намудани ўҳдадориҳои хизматиро талаб менамояд.
Вале таҳлилу санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари дастоварду пешравиҳо дар бобати риояи қонуният, талаботи оиннома, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ, инчунин пешбурди корҳои тарбиявӣ ҳанўз ҳам баъзе норасоиҳо ба назар мерасанд.»
(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15 — солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон)
» Аввалин донишгоҳҳои Аврупо баъди таъсиси донишгоҳи «Низомия», ки бунёди онро Низомулмулки тоҷик гузошта буд, ба вуҷуд омадаанд ва дар ибтидои фаъолияти худ осори ниёгони моро дар баробари дастовардҳои илмии аврупоиён тарҷума намуда, ба шогирдон таълим медоданд.
Муҳаққиқи фаронсавӣ Робер Бриффо барҳақ гуфтааст: «ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки агар мо аз илму фарҳанги исломӣ бархурдор намешудем, тамаддуни муосири Аврупо аслан ба вуҷуд намеомад. Мусаллам аст, ки агар онҳо намешуданд, тамаддуни мо шаклу ранги имрўзаашро намегирифт ва ба марҳалаҳои нави инкишоф ворид намешуд».
Хидмати мутафаккирони бузурги мо, ки дастпарварони як Фарҳангистони мукаммал ё худ Академияи нодири илмӣ буданд, имрўз низ намунаи олии фидокорӣ дар роҳи илму маърифат мебошад.
Аз ин рў, шумо ҷавонони илмдўсти тоҷик бояд сазовори номи он нобиғаҳои оламшумул гардед ва бо тадқиқоту ихтирооти тозаи худ шўҳрати илми ватаниро баланд бардоред.»
(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо олимон – омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)
» Имрўз афроди тундраве ҳастанд, ки огоҳона ё бар асари дуруст нашинохтани асолати миллӣ ва динии мо мехоҳанд мардуми мусулмонро дар хоби ғафлат ва таҳти таъсири афкори хурофотӣ нигоҳ дошта, бо сўиистифода аз сатҳи начандон баланди маърифати диниву маънавии як қисми мусулмонон майдони фаъолияти худро густариш диҳанд ва дар зери ниқоби дин ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Агар равшантар ифода намоем, ин нерўҳо мехоҳанд, ки динро чун саҳнаи бозиҳои сиёсӣ истифода намуда, пойдории сулҳу субот, бақои ваҳдати миллӣ, ҳаёти осоиштаи мардум, амнияти ҷомеа ва ҳифзи тартиботро халалдор созанд.
Аз ин лиҳоз, олимон ва мусулмонони кишварро зарур аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолиятро беш аз ҳарвақта ҳифзу пуштибонӣ намуда, бо кору пайкори созандагӣ, рисолати неки ояндасозӣ, аъмоли солеҳу ахлоқи ҳамида ҳақро аз ботил шиносанд, ситезаҷўиву тундгароиро маҳкум намоянд, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд ва ватандўстиву ватанпарастиро воҷиботи имониву қарзи инсонии худ қарор диҳанд.
Гузашта аз ин, олимони моро зарур аст, ки дар муаррифӣ ва нашри осори гаронқадри ин бузургони миллат камари ҳиммат баста, осори пандомўзу ибратбахши онҳоро дастраси мардум намоянд.»
(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ)
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ватан, Эмомали Рахмон, президенти Точикистон |













Добавить комментарий