Чанд муддат буд, ки фурсати махдуд ва ташвиши бештаре доштам. Сабабаи дигари нанавиштан дар ин сахифа гумонам, ки кунд шудани зехн ва гум шудани хаёлбофиам буд…
Имруз неруро чамъ кардам ва он боиси пайдоиши боз чанд андешаи дигар шуд. Онхо мисли хамаи андешахои дигарам бе сару нуг ва парешонанд…Дар поён дар мавриди «камбуди» -и занхои хам зебову хам доно, раксхо дар руи миз ва назди мизи мансабдорон дар ресторанхо, «каттазанхо» , намудхои «муносибат» ва холи зори мардуми бепул навиштаам!
-
Фридрих НИЦШЕ – файласуфи олмони таваллуд шудааст (1844)
«Хар чизе, ки маро намекушад, он ба ман неру медихад.
Ф.Ницще»
-
Николай Викторович БАСКОВ таваллуд шудааст. Овозхоне, ки хам дар опера ва хам дар эстрада муваффак аст (1976)
Мардуме, ки якбора дар ду самт муваффак хастанд, зиёд нестанд. Масалан, агар дар мисоли ровихои телевизион гуем, баъзеяшон факат зебо хастанд, баъзеи дигарашон доно. Хам зебову хам доно хам вомехурад, аммо «камбуди» — и дигарашон хамин аст, ки шавхар доранд!
- Мата ХАРИ – машхуртарин зан-чосус ба катл расонида шудааст. У хамон вакт хам аз бастани чашмонаш худдори карда, ба чаллодон буссаи хавои фиристодааст (1917)
Маълум мешавад, ки у то охирин лахза бовари доштааст, ки уро кадоме аз хамон нафароне, ки барояшон дар ресторанхо урён ракс мекард ва шомашонро бофарогат мекард, начот медихад.
Грейс Беделли 11 сола дар Амрико ба Авраам Линкольн нома навишта тавсия медихад, ки у риш гузорад. Президент ба гуфти у мекунад (1860)
Бештари амалу харакат ва андешахои мардуми кишвархои пешрафта хамон вакт хам барои мо нофахмо буд, холо хам хамин гуна аст. Холо аксарияти мансабдорон бе бахс факат гапи хамсаронашонро мегиранд!
-
МГИМО-Донишкадаи Давлатии Муносибатхои Байналхалкии Маскав таъсис ёфтааст (1943)
Акнун бояд икрор шуд, ки муносибатхои байналхалки хар хел мешавад. Ин хам мисли он аст, ки инсонхо дар як хона солиёни дароз бо хам зиста, хар хел «муносибат» мекунанд!
-
Ба Михаил ГОРБАЧЕВ — Чоизаи Нобели Сулх дода шудааст (1990)
Ин боз як бори дигар исботи он аст, ки «пул чониби пулдорхо меравад». Шакли замонавии ин макол хамин аст, ки «пул чониби бепулхо намеравад!»
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Басков, Чоизаи Нобель, занхои чосус, опера, риш, фалсафа |












Салом акаи Субхон, аз навиштаатон хеле хушхол шудам, зеро чанд муддат чизе наменавиштед ва маълум шуд ки барои чи…Аммо дар мавриди хаёлбофиву дигар идеяхо гумон мекунам, ки хаёлбофи ва зехни шумо гум ва кунд намешавад. Комёб бошед акаи Субхончон!!!
НравитсяНравится
Субх ба хайр! Оо, навигари ку акаи Субхон? )))) Блогатон зинда шудааст! ))) Вале дар мавриди пул чониби пулдорхо ки навиштед, шумо дар кадом гурух хастед, пул ба чониби шумо меравад ё не? ))))Саломат бошед!
НравитсяНравится
Саломалейк….Блог намурда буд 🙂 Аммо дар мавриди пул бошад, бояд нависам, ки он суи мо ба андозаи насибаамон меояд. Мо хам хар кучо ки ранг ва буяшро хис кардем, худро ба огушаш мепартоем 🙂
НравитсяНравится