Имруз чахоршанбеи муборак аст. Дар имруз мардум ба зиёрати мавзеъхои мукаддас ва нафарони донишманду табаррук мераванд. Харчи мебаранд, то боз каме аз онро баргардонида, бо нияти нек ба ахли хона бидиханд. Як вакт чанд дакика дар даромадгохи хамин гуна зиёратгохе мунтазири нафари хамрохам истодам ва тамошо кардам, ки кихо вориди ончо мешаванд. Вокеан хам, хамин гуна чойхо мардумро мутахид мекунад: ба ончо хам муаллиму посбону, фарроше меомад, ки бо маоши камаш арзи вучуд мекунад ва хам сарватманду мансабдоре ворид мегашт, ки дилу чигараш барои ватану мардуми одди «Пора-Пора» аст…
Имруз дар мавриди духтану дузанда будан, мувофикати ситорахо, сухбат-дуэт дар курсихои кафои мошин, гуруснаги, ходисае дар Парлумон, мухрабизнез ва давоми он дар симои чанд ширкати хоричии дигар ва хам зиёну манфиати гахвора навиштаам.
-
Исаак /Айзек/ Меррит ЗИНГЕР – ихтироъкори амрикоии мошинхои дарздузи таваллуд шудааст (1811)
Холо миёни занхои мо як анъана муд аст: хамаги духтарони худро мачбур мекунанд, ки то шавхаркуни дарздузиро омузанд. Як сабаби тез чудошави ва чангу чанчолхои оилавии хамин гурух хам хамин аст, ки онхо дар зиндагишон факат духтанро медонанду халос.
-
УЛУГБЕК –муассиси расадхона дар Самарканд вафот кардааст (1394)
Ман як вакт аз Тошканд то Самарканд рафтам ва хамин расадхонаро хам тамошо карда будам. Чизи ачоиб барои ман сайру гашти домоду арусе дар рузи туяшон дар хавлии он расадхона буд. Онхо хаёлам дар ончо гашту гузор карда, ситорахояшонро ба хамдигар мувофик мекунонданд!
- Бори аввал дар Париж баъди гораткунии магозае горатгарон барои пинхон шудан аз чои ходиса мошинро истифода бурдаанд (1901)
Аммо холо бошад мошинро кариб, ки барои хама гуна кор истифода мебаранд. Масалан, барои вактгузарони, барои хобидан дар дохили он баъди ронда шудан аз манзили ичора ё дарро накушодани хамсар, барои ба олам омадани тифл…
- Хитой эълон карда буд, ки шумораи ахолияш хамин руз аз 1 миллиард гузашт (1982)
Акнун барои фаро нарасидани гуруснаги дар Точикистон мардуми мо бояд ду корро анчом дихад:
- Бояд нагузоранд, ки хитоихо бо кошук хурданро ёд бигиранд
- Бояд шабро шаб ва рузро руз нагуфта, ба фаслхои сол хам ахамият надода, кор кунанду кор кунанду кор кунанд….
-
Дар Парлумони Арманистон теракт сурат гирифтааст (1999)
Як латифа. Дар як кишвари дури дуре як гурух чинояткорон намояндахои мардумро дар парлумон ба гарав мегиранд. Онхо ба мардум мурочиат карда, чанд соат вакт медиханд, ки агар дар хамин муддат пули талабкардаи онхоро наоранд, онхо хамаи он намояндахои мардумиро озод мекунанд!!!
- Колегияи судии Суди Олии Точикистон сарвари «Чамол компания» Чамшед Сиёевро 20 сол аз озоди махрум карда буд (2004)
Баъди ба хабс гирифта шудани сарварони ин ширкат дар ким кадом газетае хамин гуна эълон нашр шуда буд:
-«Ширкати «Чамол ва компания» бархам мехурад. Онхое, ки дар ин ширкат пул доштанд, ….саломат бошанд!!!»
-
Дар ИМА барои ихтироъи аввалин аробачаи кудакона патент гирифта шудааст (1829)
Боре як табиб, ки дар хонааш точики харф намезанад, мегуфт, ки «гахвора барои инкишофи кудак зиён дорад, кудак беакл мешавад…»
Вале ман ба табибон коил хастам: дар замони шурави «Зиёни рузадори барои саломати» номи рисолаи доктории худашон буд, баъди Истиклол «Манфиати рузадори барои саломати» номи рисолаи номзадии писар ё духтарашон аст. Канд занед! «Манфиат ва зарари гахвора ва ё аробачаи кудакона» хам ба фикрам мавзуи бад нест. Ё не?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Самарканд, аробача, гахвора, депутат, дузанда, зиёратгох, мошин, мухрабизнес, парлумон, пора, ситорахо |












Салом Субхон!
Дар мавриди интихоби «мавзуи рисолахо» ва боз баъд аз чанд вакт акси он мавзуъро навиштан ман бо Шумо хамфикр хастам! Аммо ман на факат ба табибон коил хастам, балки дар як акида набудан, ё баъд аз чанд муддат дигар шудани андешаи олимони баъзе сохахои илми дигар хам доир ба кадом мавзуе баъзан вакт дар хайрат мемонам!
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон дар бораи дузандагии духтарон навистед ба ёдам шунавандахои радиои шумо омад. Як вактхо дар барномаи шумо факат духтарони дузанда дар эфир гап мезаданд вактхои охир гап намезананд. Барои чи дигар занг намезананд акаи Субхон??
НравитсяНравится
Салом… Онхо аввал худро ДУЗАНДА муаррифи мекарданд ва доим занг мезаданд, аммо баъдтар фахмиданд, ки дузандахои асил ва касби умуман ба Радио занг намезананд, онхо вакт надоранд. Баъди ин фавран зангзаниро бас карданд….:) Чанд нафарашро медонам, ки ба шавхар баромаданд…Аммо аз хама донохояш холо хам занг мезананд, аммо дигар намегуянд, ки дузанда хастам 🙂
НравитсяНравится
Бало бзана (чамолкомпанияро) ки хама пулхои мардумро хамингуна ширкатхо мехуранд!!!!!
НравитсяНравится