Маро имрузхо аз хар рузи дигар дида бештар бемасъулияти ва хунукназарии инсонхо, махсусан онхое, ки бояд нисбат ба мардум бемасъулияту хунукназар набошанд, хайрон мекунад. Барои чи вазифадорон ва масъулон хар кадом кореро, ки бояд содикона ва софдилона анчом бидиханд, намекунанд? Хама ба дасту ба ваъдаат таваччух мекунанд, хама пул мехоханд, хама ба ту дар холе ки ба у мурочиат мекуни ва аз хукуки конунии мурочиат истифода мебари, сарду бечозиба назар мекунад? Ман дар ин сардихову бемехрихо хатто дар гармии фасли тобистон хам хунук мехурам…Кай дар ин шахру дар ин кишвар мехру масъулияту мухаббати холисона ва човидона меояд? Факат » хеч вакт! » нагуед!!!
Имруз дар мавриди Рузи хушдоманхо, накши табибон дар нишастани тайёрахо, муйхои дарози зан, хоби мардуми хоболуд, шуълахои руи ях ва мастии бе шароб навиштаам.
-
Имруз дар Амрико Рузи Хушдоманхо тачлил мешавад.
Дили шоди ту баъди туй ношод мешавад, охир,
Кахат аз гур-гури хушдоманат бод мешавад, охир.
Худовандо, нарас урову на бардораш аз дунё,
Ки хафту чилу солаш бори домод мешавад охир.
-
Як зани амрикои — Т. Эванс аввалин нафаре шуд, ки дар тайёра хангоми парвоз таваллуд кард (1929)
Тайёра пури мусофир аст. Садои сарнишин баланд мешавад:
-Мусофирони азиз! Ман сарнишини тайёра хастам, холам хуб нест, дар салон ягон табиб хаст?
Аз толор марди табибе бо дастгоххои худ ба хучраи сарнишин ворид мешавад.Тахминан баъди 1 дакика дар салон садои дигаре баланд мешавад:
-Мусофирони азиз! Ман хамон табибе, ки 1 дакика пештар ба хучраи сарнишин ворид шуда будам. Дар толор ягон сарнишин хаст?
Он табиб, ки аллакай миллаташу соли тахминии хатми донишгохаш маълум шуд, сарнишинро дар як дакика куштааст 🙂
- Аз Лондон ба Токио тайёраи «Боинг-747» бо 1 нафар мусофир парвоз кард. Вакте ки бо сабабхои техники хамон тайёра дар Токио каме таваккуф мекунад, хама – ба чуз хамон 1 зани чопони билетхои худро бо рейсхои дигар иваз мекунанд (1988)
Баъди хамин вокеа ман баргашта бовар кардам, ки занхо муйхои дарози зебо доранд!
-
Доктори улуми иктисод, профессор — Хочимухаммад Умаров таваллуд шудааст (1945)
Умрат хама дар илми хисоб мегузарад,
Хамчун дахаи обу чу об мегузарад.
То кор нагирад аз хирад мардуми мо,
Сад дарси ту, Устод, ба хоб мегузарад!
- Давлатманд Холов – Хунарманди Халкии Точикистон таваллуд шудааст (1950)
Давлат ба сарат омаду доранда шуди,
Чун абри хунар омади, боранда шуди.
Бо шуълаи маънихову бо нуру зиё,
Тобидиву метобиву тобанда шуди!
-
Хунарманди Халкии Точикистон Мастона Эргашева хамин руз таваллуд шудааст (1952)
Кардам ба руи мизи сароянда нигох,
Сад шиша пур аз сафедиву сурху сиёх.
Мастона хамеша масти маст асту хумор,
Ин масти наёби ту ба сад «Мехри гиёх»
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Давлатманд Холов, Мастона Эргашева, Хочимухаммад Умаров, домод, духтурон, муйи зан, тайёра, хушдоман, шахри Душанбе |












Асалом. Хушдоманхои бечорае. Хамин акаи Субхон аз хушдоман наменолид, ки у хам ба чон омад ба фикрам. ))) Акаи Субхон шерхоятон шубханок? )))
НравитсяНравится
Салом….Махсусан хаму мисрахои дар «васф»-и хушдоманхо гуфтаро медонед чанд ширкат спонсори кардааст 🙂 Вай ду байти «спонсорский» аст 🙂
НравитсяНравится
Лекин Субхон дуруст гуфтед. хамин Хуштоманхо дар шахр балои сари ДОМОДАНД!!!!!!
НравитсяНравится