Одати инсонхои муваффак

     Инсонхо хамаги дар як самт муваффаканд- онхо инсон ба дунё омадаанд! Аммо дар миёни худашон ба гуруххои гуногуне, чун сарватдору камбагал, донову нодон, бечораву бачора ва нокому муваффак таксим мешаванд. Ин мавод хам аз форси баргардон шудааст ва дар мавриди одати инсонхои муваффак аст. Бубинед, ки хамин гуна одат дар шумо низ хаст ва ё не? Агар хаст — хуб, вале агар нест, пас набояд озурда шуд. Шумо акнун медонед  чи кор кунед.  Хамин тавр не?

1. Фурсатхоеро мебинанд ва пайдо мекунанд, ки дигарон онхоро намебинанд.

2. Аз мушкилот дарс мегиранд, дар холе ки дигарон факат мушкилотро мебинанд.

3. Руи рохххои хал тамаркуз мекунанд.

4. Хушмандона муваффакияташонро месозанд, дар замоне ки дигарон орзу мекунанд муваффакият ба сурогашон ояд.

5. Мисли бакия тарсхое доранд, вале ичоза намедиханд тарс онхоро кантрол ва махдуд кунад.

6. Суолоти дурусте аз худ мепурсанд. Суолхое, ки онхоро дар масири мусбати зехни ва рухи карор медиханд.

7. Ба нудрат (кам) аз чизе шикоят мекунанд ва энергияашонро ба хотири он аз даст намедиханд.

8. Сарзаниш намекунанд (вокеан фоидааш чист?) онхо масъулияти корхояшон ва натоичи корхояшонро тамоман ба ухда мегиранд.

9. Хамеша машгул, фаъол ва созанда хастанд. Хангоме ки аглаби афрод дар холи истирохат хастанд, онхо барномарези мекунанд ва фикр мекунанд, то вакте ки корашонро анчом медиханд стресси камтаре дошта бошанд. 

10. Худашонро бо афроде, ки бо онхо хамфикр хастанд муттахид мекунанд. Онхо ахамият ва арзиши кисмате аз як гурух буданро медонанд.

11. Баландпарвоз хастанд ва дуст доранд хайратангез бошанд. Онхо хушёрона интихоб мекунанд, то бехтарин навъи зиндагиро дошта бошанд. 

12. Дакикан медонанд, ки чи чизе дар зиндаги мехоханд ва чи намехоханд. Онхо бехтарин вокеиятро дакикан барои худашон мучассам ва таррохи мекунанд, ба чои ин ки сирфан тамошогари зиндаги бошанд.

13. Бештар аз он ки таклид кунанд, навовари мекунанд.

14. Дар анчоми корхояшон имруз ва фардо намекунанд ва зиндагияшонро дар интизори расидани бехтарин замон барои анчоми коре аз даст намедиханд.

15. Онхо донишомузони мактаби зиндаги хастанд ва хамвора барои ёдгири руи худашон кор мекунанд. Онхо аз роххои мухталифе мисли тахсилоти омузишгохи, дидан ва шунидан, пурсидан, хондан ва тачриба кардан ёд мегиранд.

16. Тавоноии пайдо кардани рохи дурустро доранд.

17. Дакикан медонанд, ки чи коре бояд анчом диханд ва зиндагияшонро бо аз шохае ба шохае дигар паридан аз даст намедиханд.

18. Рискхои хисобшудае анчом медиханд: рискхои моли, эхсоси ва шугли.

19. Бо мушкилот ва чашмхое, ки барояшон пеш меояд, сареъ ва таъсиргузор ру ба ру мешаванд ва хеч вакт дар мукобили мушкилот сарашонро зери барф намекунанд. Бо чолишхо ру ба ру мешаванд ва аз онхо барои пешрафти худашон бахра мебаранд.

20. Мунтазири кисмат ва сарнавишт ва имконият намемонанд, то ояндаашонро ракам бизананд. Онхо бар ин боваранд, ки бо тааххуд (ухдадори) ва талош ва фаъолият, бехтарин зиндагиро барои худашон месозанд.

21. Вакте бештари мардум коре намекунанд, онхо машгули фаъолият хастанд. Онхо кабл аз ин ки мачбур ба коре бишаванд, амал мекунанд.

22. Бештари аз афроди маъмули руи эхсосоташон кантрол доранд. Онхо хамон эхсосотеро доранд, ки мо дорем, вале хеч гох бардаи (асир) эхсосоташон намешаванд.

23. Иртиботгархои хубе хастанд ва руи робитахо кор мекунанд.

24. Барои зиндагияшон барнома доранд ва саъй мекунанд барномаашонро амали кунанд. Зиндагии онхо аз корхои барномарезинашуда ва натоичи иттифоки ори аст.

25. Дар замоне ки бештари мардум ба хар кимате мехоханд аз ранч кашидан ва будан дар шароити сахт ичтиноб кунанд, афроди муваффак кадр ва арзиши кор кардан ва будан дар шароити сахтро мефахманд.

26. Арзишхои зиндагиашон маълум аст ва зиндагиашонро руи хамон арзишхо бино мекунанд.

27. Таодул доранд. Вакте аз лихози моли муваффак хастанд, медонанд, ки пул ва муваффакият мутародиф нестанд. Онхо медонанд афроде, ки факат аз назари моли дар сатхи матлубе карор доранд, муваффак нестанд. Ин дар холе аст, ки хелехо хаёл мекунанд, пул хамон муваффакият аст. Вале онхо дарёфтаанд, ки пул хам мисли бакияи чизхо як василае аст барои дастёби ба муваффакият.

28. Ахамияти кантрол доштан руи худро дарк кардаанд. Онхо кави хастанд ва аз ин ки рохеро мераванд, ки камтар касе метавонад биравад, шод мешаванд.

29. Аз худашон мутмаин хастанд ва ба эхсосоти ноши аз ин ки кучо зиндаги мекунанд ва чи доранд ва чи тавр ба назар мерасанд, таваччухе надоранд.

30. Дасту дилбоз ва мехрубон хастанд ва аз ин ки ба дигарон кумак мекунанд, то ба хостахояшон бирасанд хушхол мешаванд.

31. Мутавозеъ хастанд ва иштибохоташонро бо хушхоли мепазиранд ва ба рохати узрхохи мекунанд. Онхо аз тавоноихояшон хотирчамъ хастанд, вале ба он магрур намешаванд. Онхо хушхол мешаванд, ки аз дигарон биёмурзанд ва аз ин ки ба дигарон кумак мекунанд то хуб ба назар бирасанд бештар аз касби ифтихороти шахсияшон лаззат мебаранд.

32. Инъитофпазир хастанд ва тагйирро ганимат мешуморанд. Вакте вазъияте пеш меояд, ки одатхо ва осоиши рузмарраашонро бархам мезанад аз он истикбол мекунанд ва бо огуши боз вазъияти чадид ва ношиносро мепазиранд.

33. Хамеша саломати чисмонии худашонро дар вазъияти матлубе нигох медоранд ва медонанд, ки баданашон  хонае аст, ки дар он зиндаги мекунанд ва ба хамин хотир саломати чисмони барои онхо хеле мухим аст.  

34. Сахт кор мекунанд ва танбали намекунанд.

35. Хамеша мунтазири бозтоби корхояшон хастанд

36. Бо афроди бадзот нишасту бархост намекунанд.

37. Вакташон ва энергияаашонро руи вазъиятхое, ки аз кантролашон хорич аст сарф намекунанд.

38. Медонанд чи гуна истирохат кунанд. Аз зиндагияшон лаззат мебаранд ва саргарм мешаванд.

 

 www.majidakhshabi.com 

комментария 4

  1. Хар як инсон мехохад, ки дар Чумхурии Точикистон озодона исторах кунад. Дар ин чо ба ба хулосае омадам, ки хамаи донишчуёне, ки дар ДИС -и ДДТТ нисбатан бартари дорад, чунки хар яки онхо барои хондан завк надоранд. Имруз дунё то ба дарачае расид, ки ягон шахрванд ба дарсчхони шавк надорад. Бисёри шахрвандони Чумхурии Точикистон даст ба чиноят зада истодааанд. Аз ин лихоз бояд хар як шахрванди ЧТ бо хондан машгул шавад.

    Нравится

  2. Асалому алайк. Акаи Субхон шумо дар ягон самт мувафак шудаед? Шумо журналист хастед ва оё дар тавачух доштани шунавандагони барнома журналистон метавонанд худро мувафак хисобанд? Ё ин ки ба фикри шумо кадом вакт журналист метавонад мувафакият ба даст орад?

    Нравится

    • Саломалейк… Ман хар кореро, ки дар накша доштаму хостам амали шавад, бо кумаки Худовад амали шудааст. Ва боз накшахои зиёде дорам, ки дар амали гаштани он неру ва тавонро аз Худо умедворам. Муваффакияти журналист хамин аст, ки уро гуш мекунанд, барномаи радиоии у сарпараст дорад, маводи навиштаи уро мехонанд, барномаи телевизионии уро тамошо мекунанд! Журналист хамон вакте муваффакаият ба даст меорад, ки махорату истеъдод ва саводи кофи дошта бошад!!!

      Нравится

  3. Асалом бародарам Субхон Чалилов. Хеле хушамон омад, ки мавзухои хуб менависед. Чи тавре ки шумо зикр кардед инсонхо хамаги мувафак аз онанд ки инсон ба дунё омадаанд. Мо мехостем, ки мисли хамин аз одатхои хоси донишмандони сохахои гуногун чизе барои мо донишчуён менавиштед.

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти