Хафт кадам барои огози як рузи хуб

    Барои бисёре аз афрод бархостан аз хоби субхгохи ва шуруи як руз, сахттарин замон дар руз аст. Ин 7 одат ба шумо кумак мекунад рузи худро бехтар огоз кунед. 

1. Баданатонро бикашед

Бехтарин кор ин аст, ки кабл аз бархостан, хар як аз аъзоро барои 15 сония бикашед. Масалан аз дастони худ шуруъ кунед ва хар як аз ангуштонро бикашед. Баъд метавонед пойхои худро бикашед ва дар нихоят гардан ва камарро хам.

2. Мухаббат кунед

Аз хоб бедор кардани кудаке, ки хануз дар хоби ноз аст ё навчавоне, ки то дервакт бедор буда ва мачбур аст субхи зуд ба мадраса биравад, кори рохат ва дилнишине нест.

Субххо канори тахти фарзандонатон бинишинед ва бо навозиш кардани сари у саъй кунед, ором уро баланд кунед. Навозиш на танхо аз норохатии ноши аз бархостани нобахангом мекохад, балки ба худи шумо низ хисси хуберо илко хохад кард, ки то поёни руз бо шумо мемонад.

3. Тасмим нагиред

Агар мехохед бо оромиш аз хоб бедор шавед, саъй кунед мавкеи бархостан аз хоб ба чизе фикр накунед ва тасмими анчоми кореро нагиред.

Агар мехохед барои рузатон барномарези кунед, шаб кабл ин корро анчом дихед. Аз шаб кабл дар мавриди либосе, ки карор аст фардо бипушед, субхонае, ки бихуред, василае, ки бо он ба махалли коратон биравед ва … фикр кунед.

 4. Васоили мавриди ниёзатонро омода кунед

Тамоми либосхо ва васоиле, ки бояд субх хамрохи худ бибаред, либосхое, ки мепушед, кафш ва киф ва дар сурати ниёзи китоб ё парвандахоятонро мураттаб кунед, то субх гич (саргаранг) нашавед ва мачбур набошед мудом ачала кунед.

 Саъй кунед руи таквими дасти корхоеро, ки бояд дар тули руз анчом дихед, ёддошт кунед ва хар руз кабл аз хуруч аз хона нигохе ба он бияндозед; метавонед хини нушидани чой ё кахва нигохе ба он бияндозед ва вактатонро танзим кунед.

 5. Дандонхоятонро мисвок кунед

Бехтарин рох барои аз байн бурдани буи дахон ва огози як субхи тоза, мисвок задан аст. Дар тули шаб бактерияхои бисёре дар дахон рушд мекунанд ва чанд лахза мисвок задан сабаби аз байн рафтани тамоми онхо ва бартараф шудани буи бад мешавад.

 6. Душ бигиред

Худро одат дихед хар руз субх барои чанд дакикае душ бигиред. Рехтани об руи бадан сабаби кохиши стресс ва афзоиши оромиш мешавад.

7. Ачала накунед

Агар маъмулан субххо вакти кам доред ва мачбур хастед корхоятонро бо ачала анчом дихед, занги соататонро 15 дакика пештар монед, то бо оромиши бештаре аз хоб бархезед, ба нарми варзиш кунед, ба мусикии мулоим гуш дихед.

www.majidakhshabi.com

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти