28 феврали соли 2011

    Мо одатхои хуб зиёд дорем. Шояд бештар аз одати нохубамон. Баъди он  ки куфл аз лабхо бо шикастани сохтори шурави шикаста шуд ва кушишхои ошкоро гуфтан аз чониби як -ду босаводу колабшикан анчом дода шуд,  хама гумон кард, ки метавонад хама чиро гуяд ва бо хама кас дар хама мавзуъ бахс кунад. Баъди якчанд сол аксарият, ки доираи фахмиши худро на он кадар васеъ ёфтанд, аз бахсу бе фоида гуфтан  дур шуданд ва хам холо онхое, ки дигар дарк кардан, ки хамсухбатхо аксаран гуфтаи онхоро намефахманд, дигар намегуянд. Аммо онхое, ки фахмиши хеле танг доштанду доранд, холо хам хар кучо, ки ду касро дар сухбат ёфтанд, бахсеро ба миён меоранд ва дар он хама гуна андешаи дигаронро инкор мекунанд. Мушкил ва бадбахти хамин аст, ки барои онхо мавзуъ мухим нест -кайхон аст он, геология аст, чанги шахрвандиву «маршировка»-и донишчуён ё  вазъияти Либияву Миср аст… Аммо он руз андешаи як донишмандро хондам, ки гуфтааст: «Агар хохи ки туро гуш кунанд, хомуш бош!!!»

Имруз дар мавриди «роххои шлагбаумдор», сабаби дар кучахои шахр набудани мардуми мансабдор ва сарватдор, андоз аз хучрахои махбасхона ва духтарони паричехраи точик навиштаам. Читать далее →

Хафт кадам барои огози як рузи хуб

    Барои бисёре аз афрод бархостан аз хоби субхгохи ва шуруи як руз, сахттарин замон дар руз аст. Ин 7 одат ба шумо кумак мекунад рузи худро бехтар огоз кунед. Читать далее →

Вокеият ба воситаи косметика!

     Сохтакори худ аз худ пайдо намешавад. Мардум хаёлам, ки  ин корро меомузанд. Баъзехоро холат ё вазъият мачбур мекунад, ки сохтакори кунанд, баъзехо вокеиятро дар сохтакори мебинанд ва баъзехо сохтакориро барои берун шудан аз кадом холате истифода мебаранд. Ин то чое ба як халка табдил ёфтааст-шумо худро ба  холати дигар ворид кардани мешавед, харчанд шояд намедонед, ки  хамин эхсосхои сохтаи шумо сири шуморо барои атрофиён фош мекунад ва чехраи аслии шуморо чилва медихад. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти