Чанд чизе буда, ки инсонхоро ба хам монанд мекунад, онхоро ба хамдигар наздик хам меорад. Ва хам он чиз онхоро аз хам мисли ду пораи хамсамти оханрабо дур мекунад. «Хама чунин мекунад» — ин яке аз хамон андешахоест, ки ман дар назар дорам. Ман мехостам, ки дигар ба он нафаре, ки мисли хама намекунад, бо шубха нанигарем ва хам баробар кушиш накунем, ки мисли якдигари кунем! Зеро мо наметавонем, ки як хел бошем ва хам имкони умумии баробар надорем. Вале агар хоста бошем, мо метавонем, ки МУХАББАТ ва ЗЕБОИи умумиро биофарем. Хамин хохад буд рисолати пахлуи хам будани мо, агар боз хам барои он касеро миннат накунем…
-
Владимир Маслаченко дарвозабони рус, шорехи варзиш таваллуд шудааст (1936)
Ачоиб мебуд, агар мусобикаи футбол миёни шорехони варзиш ва котибони матбуотии мо баргузор шавад. Барои ин кор идораи фарогати бояд маблагузори кунад, аммо тахиягарони «Лахзахои гуворро» бояд хамачониба талош кунанд, ки ин кор сурат нагирад, зеро он вакт боз як барномаи мазхакави бештар мешавад! Шумо ба ёд оварда метавонед, ки аз шорехони варзиш дар ТВ ва Радиои мо кадоми онхо худашон мисли Маслаченко дар гузашта варзишгар буданд? Ман натавонистам…
-
Суратгир Альберто Корда сурати Че Гевараро мегирад, ки дар муддати кутох ба тамоми дунё пахн мешавад. Барои ин сурат он суратгир ягон танга ба даст наовардааст (1960)
Мардум охиста-охиста бо гузашти вакт дарк мекунад, ки барои хама кор бояд пул талаб кунад ва фоида ба даст биёрад. Яъне гузаштагони мо маколи «Чугиро хараша об деху пулаша гир» — ро харчанд дар замонаи тамоман дигар фикр карда бошанд хам, барои замонаи МО фикр кардаанд! Вале аз руи маколи болои кори на хама дар ин замона омад мекунад. Зеро холо аксарияти «чугихо» дигар хархое доранд, ки истехсоли Чопону Куриёву Аврупо буда, тамоман об наменушанд!!!
-
Чаласаи аввалини журналистони Точикистон баргузор шудааст (1959)
Такдим ба журналистони покизакору покизаният:
Ба китфат сумкае пур аз гами бегонаву хам хеш,
Ба сина як дили дардошнову дардманду реш.
Ба сар андешахои адлу зебоиву фардои накуи мо,
Ба дил рохат зи хулку кеш, ба чон токат ба садхо неш!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: ТВ ва Радио, журналистон Иттифоки журналистон, мошинхои хоричи, пул, суратгир, таассубкори, шореони варзиш |













Добавить комментарий