Одоби сухбат бо телефон

  Телефонхои мобили чунон зиёд шудаанд, ки онро  хама чо дар дасти хурду калон мебинем ва хар кас хар гунае, ки хохад аз он истифода мекунад. Яъне, чи хеле ки хохад сухбат мекунад – хохад баланд гап мезанад, хохад мусикии телефонашро (ба он нигох накарда, ки ба касе халал мерасонад ё не), баланд монда гуш мекунад… хулоса, хар гуна ки ба у писанд аст. Ин холатро на факат дар куча, балки дохили автобусу дигар воситахои наклиёт низ дидан мумкин аст. Ва фикр мекунам, ки кариб хама ин чизро медонанд ва хочат барои шарху эзохи он нест. Шояд сабаби хамаи ин надонистани одоби сухбат бо телефон бошад? Намедонам!

Читать далее →

Чи кунем хасуд набошем?

Хасад холате аст нафсони ва хасуд, касе аст, ки натавонад неъматеро, ки Худованд ба дигаре иноят кардааст, бартобад ва чун онро мушохида мекунад, гаму андух бар чонаш менишинад ва нестии онро орзу мекунад. Ин холат дар даруни инсон чандин дарача дорад: нахуст, он ки хасуд наметавонад бубинад, ки дигаре аз неъмате бахраманд бошад, зеро худ ба он чашм духтааст ва мехохад онро дошта бошад.      Читать далее →

Издивочи занон бо хурдтар аз худ!

  Нуктае, ки ба он бояд таваччух дошт, ин аст ки дар мавриди ихтилофи синну сол наметавон бо котеият назар дод ва ин матлаб, ки хатман зан бояд аз мард хурдтар бошад, катъи ва хатми намебошад, зеро тачриба нишон додааст, ки бисёре аз занон ва мардон будаанд, ки бо ихтилофи синни зиёд (хатто гохе занони бузургтар аз мардон) бо якдигар издивоч кардаанд ва солхои сол бо камоли оромиш дар канори якдигар зиндаги карда ва хеч гуна мушкили хам надоштаанд, пас ин масъала хатми ва катъи набуда ва бо таваччух ба масоили печидаи зиндаги нисби мебошад. Читать далее →

«Интиќод» доруест талх, аммо муфид!

       Хар фард дар тули хаёти худ мумкин аст борхо тавассути дигарон мавриди арзёби карор гирад. Бархе аз ин арзишёбихо дорои чанбахои ташвики ва бархе дигар мунтакидона аст. Интикод аз дигарон дар сурате, ки хушмандона анчом гирад, осори бисёр муфиде хохад дошт, дар гайри ин сурат мумкин аст бо вокунишхои манфии мухталифе мувочех шуд. Ин рафтор, хунаре аст, ки бояд омухт ва бидуни огохи аз равиши корбурди он, зиён бор хохад буд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти