18 рох барои ташхиси ишқи воқеи!

«Оё шумо вокеан ошиқед?!»

Мутмаинан дар охир метавонед ба ин суол посух дихед, ки оё шумо воқеан ошиқ хастед ё…?!  Як тамоил ва гироиши муфид чист? Чи тавр метавонед бифахмед, ки шахси мавриди алоқаи шумо хамон касе аст, ки мехохед?! Дар зер чанд рохи ташхисро метавонед бихонед:   

1. Бо у бисёр рохат хастед, гуё ки солхост уро мешиносед.

2. Дар бисёр маврид бо якдигар хамакида хастед, мисли бовархои фарди, арзишхо ва фалсафаи зиндаги.

3. Вучуди хисси тасови (баробари) бо хам, ба тавре, ки хеч кадом аз шумо ду нафар, худро бартар аз дигаре намедонад.

4. Аз умури рузмарраи якдигар огох хастед.

5. Бо якдигар рохат хастед ва эхсоси гариби намекунед, руз ба руз шоди ва самимият байни шумо бештар мешавад.

6. Рух ва равони якдигарро бо тавчехоти мутакобил, тахсин, таъйид ва тамчидхо зинда мекунед ва ба ин сурат аст, ки зиндагии романтикиро тачриба хохед кард.

7. Аз ин ки вактхои бештаре дар канори хам бошед, лаззат мебаред ва аз хам хаста намешавед!

8. Хамеша нисбат ба у гироиш доред ва ин хисси бо хам будан бештар ва бештар мешавад.

9. Дар хама хол барои пешрафти якдигар талош мекунед, вале на дар он хадде, ки хар як аз шумо ахёнан истиклоли шахсии худро аз даст дода бошед!

10. Дар хифзи самимияти бештари робита ва халли мушкилоти зиндагиятон дар мукоиса бо завчайне, ки бидуни ин хис ва танхо ба таври расми бо хам издивоч кардаанд, муваффактар хастед.

11. Бо хам гарм, самими, рауф ва дилсузи якдигар хастед ва хар ду бар онед, то ин мехрубонихо хар руз афзун шавад.

12. Ба рохати аз иштибохоти хам чашм мепушед ва дубора равобити шумо ба хамон наздикии кабл боки аст.

13. Эхсос мекунед, ки мутааллик ба хам хастед (албатта, ин холат набояд бо эхсоси тахти контрол будан ё моликият хамрох бошад) ва дигарон шуморо завчайни хушбахт ва чудоношудани медонанд.

14. Бо гузашт, фидокори ва бузург накардани иштибохоти якдигар, дар канори хам эхсоси амният мекунед ва хеч тарсе бобати аз даст додани хам надоред.

15. Хамеша дар дастраси хам хастед.

16. Байни шумо энержихои мусбати зиёде хаст, ки хисси иштиёк ба зиндагиро афзун мекунад.

17. Бо гузашти замон равобити шумо мустахкамтар шудааст.

18. Равобити шумо тавре бар якдигар таъсир дошта, ки агар бо худатон рурост бошед мебинед, ки шумо шахсе бехтар ва мутафовит нисбат ба гузашта хастед.

Умедворем пас аз тамаркуз руи матолиби фавк, робитае, ки дар зехн доштед хамоне бошад, ки хостед, дар гайри ин сурат бехтар аст тачдиди назар кунед, бидуни шак катъи робитаи галат бо вучуди вобастаги, бисёр дардовар аст, вале ин дард бештар аз ранче нест, ки бо идомаи ин робита мачбур мешавед то охир тахаммул кунед.

Баргардон аз хатти форси аз сомонаи http://www.persianv.com  

Один ответ

  1. Салом! Ба фикри шумо холо аз ишки вокеи асаре мондааст акои Субхон??

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти