24 марти соли 2011

 Имруз рузи чахонии мубориза бо маризии СИЛ аст. Як шухии дустам, ки ташкилоти чамъияти дошт, ба ёдам меояд: «коре  мекунанд, ки сафи хамин гуна беморихои сирояти кам нашавад. Агар кам шавад, дигар пул намедиханд-да…». Ин факат як шухии у буд, ки гумон намекунам пурра галат буд ва факат шухи буд. Муборизаи хакики барои сихатии чомеа кори мухим ва савоб аст. Факат мардум, ки пул надорад ва он созмоне, ки пул медихад,  бояд муборизаро аз «мубориза» фарк кунад!

Имруз дар мавриди чубчахои Кох ва барангезандахои хануз муайян нашуда, таъсири зан ба кори нафари №1-и вазоратхонахо ва буйи шоу бизнеси имруза навиштам. Читать далее →

«Гуфтугу»-и боакида!!!

Ба назари шумо оё инсон метавонад махоратхои гуфтори ва муховарахои худро иртико дихад? Дар чавоб бояд хидмататон арз кунем, ки албатта ки метавонад, аммо мумкин аст тагйири баъзе аз одатхои гуфтори ва муховараии мо, ки дар тули зиндагиамон ба вучуд омада ва шакл гирифта, каме душвор бошад, аммо тардиде вучуд надорад, ки ин амр имконпазир аст.

Ин чо ба суроги чанде аз намунахои иштибохоти роиче, ки бисёре аз мо дар муколамотамон муртакиби онхо мешавем, меравем ва зимни баёни онхо ба тархи рохи халли онхо мепардозем.  Читать далее →

21 марти соли 2011

  Навруз  омад! Иде, ки акнун дар сатхи олам чашнаш мегиранд. Муборак ва фархунда бошад!  Вакти он нест, ки андешахоро нав кунем? Инсонхо аз хар чизе, ки доранду кухна ва фарсуда мешавад,  хаёлам факат хамин андешаро метавонанд, ки нав кунанд, дигар на либосу чихози дигарро! Мухим имруз ва хар рузи дигар навгониро хостан ва дарк кардан аст. Дар миёни нафароне, ки колабро дуст  медоранду аз дигаргуни ва навовари харос доранд, РУЗРОву андешаро НАВ кардан осон нест. Вале ба хар сурат НАВРУЗ бароИ хамаи Шумо МУБОРАК БОШАД!!!  

   Имруз дар мавриди Навруз, хонаи шоирон, дарахти пул, чавонон ва вазифахои хуб, гами модарони араб, футбол ва пул, фигони ЗАМИН, диспечерхои асри 21,   руйхати сарватмандони точик ва миннахои кисаи Гитлер навиштаам.    Читать далее →

20 марти соли 2011

Пагох  НАВРУЗ  аст! Он руз саодату сабзи ва баракат меорад! Мабодо, ки моро дар куча интизор наёбад, мабодо, ки дар хона набошем, мабодо, ки дари хонаву дари диламон баста бошад…

Имруз дар мавриди дару дарвозахои кушода, реклама ва зиндагие навиштам, ки гох бо кулолгариву гох бо чодугари мегузарад.

Читать далее →

Ман ронанда мешавам! (3)

    Ман акнун чанд руз аст, ки дигар на дар фикри биллиард хастаму на дар фикри «Абрикол»!  Хаёлам хамон  «Starex» — ро дар хатсайри 19 то мактаби ронандагие, ки ман тахсил дорам, худам идора мекунам! Имруз шумораи шунавандахои курси мо аз дируза дида, як нафар камтар буд. Аммо хамсабакон нисбат ба хамдигар кушодачехра ва самимитар буданд, онхое бо хамдигар сухбат мекарданд, ки рузхои кабли хатто бо хам саломуалейк намекарданд. Ва имруз онхо маро «шинохтанд»! Ин баъди он буд, ки ман мавзуи дирузаро накл кардам.  Дустдорони барномаи «Субхи Ватан»  ончо низ ёфт шуданд…  Читать далее →

19 марти соли 2011

  Борхо мешунавам, ки мардум аз дигаршавии харакату хислати дустонашон шиква ва шикоят мекунанд. Ин ачиб аст: магар калонсолу бузургу ботачрибаву чахондида шуда, дигар нашудан мумкин аст? Яъне ки дигар шудан ногузир аст! Мухим – ба кадом самт ва зери таъсири кадом хаводис дигар шудан аст. Ба ки (ва чи гуна нафар) табдил ёфтани   инсонхо хам гумонам аз хамон чи вобаста аст.

Имруз дар мавриди бадаргаи сиёси, домоди нафарони «калон»  будан, гимнастика барои «баъзехо» ва фарзандони боги падару доги падар навиштам. Читать далее →

Захми танбех дар равони кудакони мо мемонад!

   Тарбияти фарзандон бузургтарин ташвиши волидайн аст. Чаро ки шахсият ва рафтори инсонхо ба андозаи зиёде метавонад онхоро дар оянда тазмин кунад. Дарвокеъ тарбияти сахех яке аз бузургтарин кумакхои волидайн ба фарзандашон аст. Хама падару модархо мехоханд дар киболи фарзандашон бехтарин рохи тарбиятеро пеш бигиранд ва хатохои худро кохиш диханд ва камтар дучори иштибох шаванд. Читать далее →

Ман ронанда мешавам! (2)

 Ман ба худам ваъда додаам, ки то хадде мумкин аст, ба машгулиятхо дар курси омузиши ронандаги бе таъхир меравам. Имруз хам ним соат пештар аз огози дарсхо ба синфхона расидам, харчанд, ки машгулияти мо ним соат дертар огоз гашт. Дар ин мактаб шогирд бо муаллим то ин дарача «наздик» аст, ки метавонад, замони дар гурухи дигар дарс гузаштани устодаш  хам дари он синфхонаро кушода  «маълим, номри телефонта те, бегони зангут мезанем»  гуяд! Агар дируз 14 нафар будем, имруз хамаги 8 кас дар синфхона менишастем. Дарс сар шуд… Читать далее →

Чи гуна зехни хамсарамро бихонам?

Маъмулан мо дар аѓлаб ваќт аз холат, вазъият, харакот ва оханги садои тарафи муќобиламон метавонем афкори вайро бихонем. Аммо, баъзе ваќт мо аз харфхои фарди мавриди назарамон мутаваччехи чизе намешавем. Пас, мо бояд барои мутаваччех шудани манзуру ниятхои дигарон чи кор кунем? Кабл аз ин ки ба харфхои он фард гуш кунед, бояд ба забони бадани (вазъият ва харакот) вай таваччух кунем. Замоне ки барои аввалин бор вайро мулоќот мекунед, аввалин чизе ки дар бархурди аввал бояд ба он диќќат кунед, нигох ва чашмони уст. Агар ба сурати мустаќим ба шумо нигох мекунад, лабханд мезанад, ва мачзуби харфхо ва чашмони шумо шуда, аломати хубе аст. Шумо ба тарзи хосе таваччухи ўро ба худ чалб кардаед. Читать далее →

Ман ронанда мешавам! (1)

     Ман ният карда будам, ки ба ягон курс ё мактаби  тайёркунии ронандахо меравам. Ба яке аз чунин мактаби ронадаги хуччат супоридам,  маблаги тахсилро хам пардохт кардам ва ман акнун шунавандаи хамин гуна курси кутохмуддати омодасозии ронандахо хастам. Имруз дар машгулияти аввал ба хулосае омадам, ки хар чизе, ки дар дарсхо мушохида мекунам, барои худам ва барои шумо менависам.  Аммо факат рузи хатми ин курс хохам гуфт, ки он кадом мактаб буд ва муаллими мо ки буд. Номи  ин бахшро хам дар блогам дар чараёни дарси аввал фикр кардам: «Ман ронанда мешавам!(1, 2,3 ва хоказо)»  Имруз мушохидаи худро аз чараёни дарси аввал навиштам. Читать далее →

18 рох барои ташхиси ишқи воқеи!

«Оё шумо вокеан ошиқед?!»

Мутмаинан дар охир метавонед ба ин суол посух дихед, ки оё шумо воқеан ошиқ хастед ё…?!  Як тамоил ва гироиши муфид чист? Чи тавр метавонед бифахмед, ки шахси мавриди алоқаи шумо хамон касе аст, ки мехохед?! Дар зер чанд рохи ташхисро метавонед бихонед:    Читать далее →

Чанд нишонаи хиёнати як мард.(на Факат барои занхо!)

Мутаассифона, падидаи накухидаи хиёнат дар бархе аз мардон мушохида мешавад, ки дар нихоят мучиботи тахрифи равобити хонаводаро фарохам хохад овард. Дар ин кисмат ба чанд нишонаи хиёнат дар мардон ишора мекунем. Ин алоим (аломатхо) мумкин аст шуруи киссае гамангез бошад, пас саъй намоед хавоси худро бештар чамъ кунед. Читать далее →

Калимоте, ки набояд ба кудакон бигуед!

  Кудакон зехни хеле гиро доранд ва хама чиро тез кабул мекунанд ва  то дер  фаромуш намекунанд. Мо аксар вакт  хангоми газаб бо гуфтани хар гуна калимахо онхоро гуё ба рохи рост хидоят кардани мешавем, бехабар аз он, ки баракс кардем! Шумо ба ёд биёред, ки дар кудаки  ва наврасиатон чи лакаб доштед?  Имруз бовар мекунед, ки доштани хамин гуна лакаб дар оилаи Шумо хатои волидонатон буд? Зеро табиист, ки хамон вакт ва хатто имруз низ он ба рухияи Шумо таъсир дошт ва дорад! Кудакон бояд НА хама  чиро фаханд, махсусан он чизеро, ки бояд дертар фахманд ва он чизеро ки бояд тамоман нафахманд!  Харчанд ин имрузхо кариб, ки номумкин аст. Кучахои мо  хама чи дорад, аз он чумла он чизе, ки бояд  кудак  онро надонад ва нашунавад. ЧИ калимот аст он, ки кудак бояд онро нашунавад? Дар зер сухан дар хамин маврид аст. Читать далее →

Таъсири киссахо бар зехни кудакон!

   Аксари мо дар кудакихои худ рузхоеро ба ёд меоварем, ки бузургтархо барои саргарм кардан ва ё кутох намудани шабхои дарози зимистон бо кисса, масал ва чистон аъзои хонаводаро гирди хам меоварданд ва лахазоти истиснои ва дилпазирро дар паси ин достонхои розгуна ва пурмаъно фарохам мекарданд. Лахазоте, ки то кунун дар ёд ва хотирахо боки мондааст. Читать далее →

Бахона!

 Махфилу иду чашн  хамеша хостани ва гуворо аст. Боз махсусан агар мисли махфили кормандони мо бахшида ба Иди Модар ташкилкунанда ва сарпарасташ номаълум бошад. Яъне барои ин махфил мардхо дар радио пул чамъ накардаанд ва хам аз маоши онхо хам дираме кам намешавад. Хулоса, ки хаёлам кадом баракате дар будани бонувон ва духтарони Радиои мо буд, ки ин махфил бо хама рукнхояш осон ташкил шуд. Душвор албатта мисли хама махфилхои дигар ба хона гусел кардани «мехмонон» аст. То он чо холо вакт хаст. Акнун мархамат, ба махфили идонаи кормандони  Радиои «Ватан», ки бахшида ба 8 март ташкил шуда буд!!! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти