Мустафо Замонӣ: таҷриба кардам, ки зиндонӣ бошам.

Мустафо Замони соли 1982 дар Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Аввалин накше, ки у бозидааст Хазрати Юсуф (а) аст. Баъдтар дар чанде аз филмхои дигар накш бозидааст. Аз бачаги ошики бозигари буда. Бозигари накши навчавонии Хазрати Юсуф (а) писари холаи Мустафо Замони аст. Раёхиро бехтарин интихоб барои накши Зулайхо медонад.

 

    Чанде аз мусохибахои Мустафо Замони аз мачаллахои гуногун:

Мустафо Замони аз линза ва айнакхои офтоби мегуяд:

Линзахои ранги ё ба таъбире линзахои зебои на танхо барои хонумхо, балки дар миёни мардхо хам хамчунон тарафдорони зиёде дорад. Вучуди линза ва истифода аз он дар синамои имруз пуррангтар аз пеш аст ва албатта навъи истифода аз он каме мутафовиттар аз гузашта шудааст.  Дар гузашта барои чаззобияти чехраи бозигар линзахои ранги бо рангхои равшан истифода мешуд ва имруза линзахои тира барои бозигарон корбурд дорад. Ба кавли Мустафо Замони барои маъсумият додан ба чехраи бозигар аз линзаи тира истифода мешавад.

Мустафо Замони бозигари накши Хазрати Юсуф (а), ки чашмони равшан дорад чунин вазъиятеро тачриба карда ва бо сахтихояш ошност. У барои ифои ин накш муддати тулони линзахои рангиро тахаммул карда.

Истифода аз линза назари коргардон буд

Дар сериали «Юсуф паёмбар» окои Силахшур муътакид буд, ки бозигари накши Юсуф беш аз ин ки зебо бошад, бояд маъсумият дошта бошад. Барои эчоди ин маъсумият дар чехраи ман истифода аз линзаро муносиб диданд. Чашмони ман равшан (сабз) аст ва барои ин кор аз ранги тира истифода шуд.

Сахтихои истифода аз линза

Кариб панч сол дар зимистони бисёр сард ва тобистони фавкулодда гарм тасвирбардории сериали «Юсуф паёмбар» тул кашид. Ёдам меояд дар рузхои гарм вучуди линза бештар азиятам мекард. Бахусус, вакте ки мачбур будем дар фазои боз зери нури хуршед ва бо офтоби шадид кор кунем.

Рузхои охири бози дар сериали «Юсуф паёмбар» дигар ба линза одат карда будам, аммо боз хам хузураш озордиханда буд. Харчанд ман барои ифои ин накш хозир будам хар сахтиро ба чон бихарам истифода аз линза ки чизи мухиме набуд.

Мустафо Замони худашро бовар дорад?

Баъд аз Худо хеле ба худам муттаки хастам. Саъй кардам ёд бигирам дар паси хар рафтор ва интихоб агар шикасте буд масъулаш худам хастам ва агар муваффакияте буд, кумаки одамхоро дар расидани он аз ёд набарам. Саъй кардам хамеша дуруст биравам ва хар пирузи ва шикастеро чузъе аз зиндагиам бидонам ва хамеша ба замон ба унвони одилтарин довар нигох кардаам.

Ман ба далели ин ки аввалин тачрибаи бозигариам буд, саъй кардам аввал вазифаи як бозигарро риоят кунам ва баъд аз он ба масоили фанни наздик шавам. Аввалин вазифаам хам солим нигах доштани рухам буд. Аввалин чизе ки мардум дуст доранд аз як паёмбар бубинанд, хамон маъсумият ва бари буданаш аз гунох аст ва ин ки хамеша бисёр инсонитар аз одамхои мухити атрофаш рафтор мекунад ва бар хамин асос навъи баёну гуйиш ва хатто нигохамро хеле контрол кардам. Ба хамон далел, ки як маъсум бе далел нигох намекунад ва хатман дар паси хар нигохаш тафаккуре аст.  

Чун мебоист то худуди 45-солагии Юсуфро бози мекардам, илова бар ин (ду унсури гуйиш ва нигох), мачбур будам контроли вазни худ хам шудам. Дар ин мачмуа хадди акал 4 мактаи вазниро бози кардам, ки бинанда онро хис мекунад ва бовар кунед кори сахте аст. Масалан, дар синни 18-солагии Юсуф 73 кило будам ва дар синни 45-солагиаш худамро ба 86 кило расондам. 

Тамриноти бадансози доштам мудом дар холи хондани филмнома ва дидани филм будам то тачриботи фанниамро боло бибарам. 

Мачбур буди то он чо ки метавони ва як башари гайримаъсум метавонад ба накши Юсуф паёмбар наздик бишави.

Хамеша аз ман мепурсанд, ки чи тавр ба накши Юсуф наздик шуди? Ман омадам аввал худамро бишносам. Хамаи мо вакте ки ба дунё меоем тафовутамон бо инсонхои поку бузург хеч аст. Бунёни халки мо одамхо яке аст, чун Худо одил аст ва хамаи мо як чур халк шудем. Пас хар чи ки баргардем ба акиб баргардем ба худамон ва даруни худамон, солимтар мешавем ва вакте ки солимтар мешавем ишкро бехтар мефахмем ва мухаббатро бештар эхсос мекунем.  

Ин харфхоро, ки мезани ман бовар мекунам, ки факат зебоии чехра боис нашуда, ки интихоб шави, чун умдатарин бахши мочаро ин аст, ки хадди акал ту чашмонат сабз аст ва онхо бозигари чашмсабз намехостанд. Хатман чизхое дар шахсиятат буда, ки боиси чазбу чалби эътимоди коргардон шуд.   

Ман кабл аз бози кардани накши Хазрати Юсуф (а) хам хамин эътикодхоро доштам ва хамин харфхоро мезадам. Хамеша эътикод доштам, ки табиат бахшандатар аз одамхои табиат аст ва рухе, ки кулли ин чахонро мечархонад хеле бахшандатар аз хатто азизтарин касони мост. Як нафар ба ман гуфт, ки чи чизи достони Юсуф бароят ачиб аст? Гуфтам ачибтарин ва чолибтарин бахши он ин аст, ки зиндагии чахор сол пеши ман бо зиндагии алъони ман дакикан мисли азизи Миср шудани Юсуф буд. Ман чахор сол пеш як донишчуйи сода будам ва холо аз ман мепурсанд назарат рочеъ ба чизхои мухталиф чист. Хамеша Худоро шукргузори мекунам, ки изхори назарамро мехоханд ва ман метавонам чизеро, ки солхо ба он фикр кардам, бигуям. Хамин барои ман чои шукргузори дорад.   

Тачрибае, ки касб кардам зиёд буд. Ман се, чахор мактаи синниро бози кардам. Тачриба кардам, ки издивоч кунам. Тачриба кардам, ки дуто фарзанд дошта бошам, тачриба кардам, ки зиндони бошам. Тачриба кардам, ки як одам бошам, ки мавриди иттихом карор мегирад. Тачриба кардам, ки як сиёсатмадор бошам. Тачриба кардам, ки азизи Миср бошам ва аз хама мухимтар ин ки тачриба кардам як паёмбар бошам.

Аз байни кахрамонхои ин сериал кадомро бештар аз хама дуст дошти?

Шахсеро, ки хеле хам хуб бози мекард, Зулайхо буд, махсусан дар серияхои поёни. Хонум Раёхи Зулайхоро хеле хуб бози кард, махсусан пирихоро, ки Зулайхо кур ва пир шуда ва як ошики дармондааст. Юсуф албатта хос ва чидди аст, аммо Зулайхо накши хеле сахте аст.    

Бозигари накши Зулайхо аз аввал интихоб шуда буд?

На, кабл аз бозигари накши Зулайхо ман интихоб шуда будам. Бояд яке интихоб мешуд, ки аз накши як зани 20-30-сола то 60-соларо бози мекард. Бояд як зани шод ва сархолро бози мекард то зане, ки пиру дармонда мешавад. Бояд тавре бози мекард, ки мардум лаънаташ кунанд ва дар як чое хам мардум ба хотираш гиря кунанд. Як чохое хонум Раёхи он кадар зебо бози мекунад ва он кадар дармондагиро хуб нишон медихад, ки мардум ба иштибох Юсуфро мукассир медонанд.

Мавкее ки ин корро шуруъ мекарди ё каблтар аз он бозигари мавриди алокаат чи касе буд?

Хар касеро, ки хуб бози мекард дуст доштам ва табиатан ба фарохури синну сол ва дар даврахои мухталиф фарк мекард. Давраи навчавони филмхои чанги зиёд медидам ва он мавкеъ устоди мо Чамшеди Хошимпур буд, ки бозигари хеле хуб аст. Баъдаш вориди фазои насли чадид бозигарони Эрон шудем ва Мухаммадризо Фурутан, Родон, Ниё … ва инхо. Ман маъмулан хар филме, ки кашанг бошад, нигох мекунам ва куллан нисбат ба хамкоронам эхсоси хубе дорам. Аз бозигарони кадимии мо хам хастанд, мисли окои Шакебои, Ризо Каёниён ё Изатуллох Интизоми. 

Аз бозигарони хоричи чи?

Бозигарони хоричии мавриди алокаи ман «Аль Пачино» аст, «Том Хэнкс»-ро хам дуст дорам.  

Чандто хохар ва бародар хастед?

Мо чахор бародарем ва як хохар дорам.

Чандумин бача хасти?

Васати хастам.

Аввалин бор кай исми «Мустафо Замони»-ро шуниди?

Як «Мустафо Замони» буд, ки нависанда буд ва ман исмашро шунида будам.

Аз шахсиятхое, ки мешиноси, накши чи шахсиятеро дуст дори бози куни?

Куруши Кабир.

Дигар чи шахсиятхои таърихиро дуст дори?

Мавлави.

   Дар орзуи ту бехтарин ситора шудан хам    хаст?

Он чи дар орзухои ман аст, хеч кадом аз инхо нест. Орзуи ман ин аст, ки одами бехтаре бошад, баъд бехтарин ситора. Ман агар як руз эхсос кунам, ки ин кор боис мешавад ман натавонам одами бехтаре шавам, ин корро рахо мекунам. Намешавад аз хозир рочеъ ба он сухбат кард.

Ман дуст дорам бозигаре бошам, ки мардум дар дарачаи аввал бозихоямро дуст дошта бошанд ва дар дарачаи дувум ман – Мустафо Замониро.

Мусикии мавриди алокаат чист?

Хар касе хар кореро хуб анчом дихад ман аз он лаззат мебарам. Ман аслан идеал надорам ва масалан намегуям ошики фалони хастам. Бештар мусикии оромро дуст дорам.

http://mostafazamani-online.blogfa.com  

комментариев 5

  1. Акаи Субхон ин ду нафар зан ки хамрох бо М.Замони аст кихоянд? Дар бораи оиладор ё мучарад буданаш нанавиштед?

    Нравится

  2. Асалому алайк акаи Субхон шуморо бо иди шарифи Рамазон табрик мегуям.

    Нравится

  3. Салом акаи Субхон. Ин сахар баъди гуфтани нишонии блогатон хостам ба он як назар кунам. Ин чо дар бораи актёри филми дустдоштаи худ маълумоте пайдо кардам, ки хеле чизхоро дар бораи ин ин хунарманд фахмидам. Ташакур ба шумо.
    Аз шумо як хохиш дорам, мехохам фардо дар барномаатон дар бораи Мухаммад Исфахони сарояндаи эрони каме маълумот медодед?

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти