Аввалин ҷоизаи байналмиллалии «Алиф.До.Ре.Ми»

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.
Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов — хатмкардаи «Мактаби Филмҳои Мустанад» аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд. Устодони варзидаи синамои тоҷик, мисли Гергий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Файзулло Файз ва Комил Карим (аз Тоҷикистон) тариқи офлайн, Марина Разбежкина ва Елена Демидова (Росия), Аниса Собирӣ (Британияи Кабир) ва Катя Суворова (Қазоқистон) тариқи онлайн ба шогирдони ин мактаб дарс гуфтанд.

20 ҷумла барои Алиҷон

Шаби 3-юми декабри соли 2002 ҳам барфи аввал борида буд…Ё ҳамон шаб ҳам мисли дишаб сард буд, ё шояд ман либоси гарм надоштам…

Вале, гуворотарин эҳсосро доштам — тавлиди нахустфарзанд, падар шудан…

Гӯё ҳафт қабат ҷомаи нақшин ба тан дорам…Мисли ин, ки дина дар остонаи 20 солагиат аз Қазоқистон хабар расид, ки нахустин филми ҳуҷҷатии таҳиякардаат (аз ҳаёти як муаллими суруд ва мусиқӣ) дар ин фестивали байналмиллалӣ ҷоиза гирифт….Муборак аст!

Алиҷон, бачаҷони эҷодкору бананги ман! Ту шоҳиди ҳама шебу фарози роҳи зиндагии падарат будӣ. Шоҳиди ҳамон ҳолати мушкилу монеаҳое, ки ҳатман сари роҳи зиндагии ту ҳам пайдо мешаванд. Онҳо ҳамеша ҳастанд, мисли мавҷудияти баъзе инсонҳои бадният, ки ту аллакай қариб ҳама нишонаи онҳоро медонӣ. Ҳаёт муборизаву талош аст ва дар ин ҷода пирӯз ҳамон каси хастагинописандаст, ки ҳадафмандона ва андешаманд гом мебардорад. Ҷойи шак нест, ки Худову Расулу азизу авлиё ҳам дастгиру мададгори ҳамин гуна кас аст…

Читать далее →

Мустафо Замонӣ: таҷриба кардам, ки зиндонӣ бошам.

Мустафо Замони соли 1982 дар Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Аввалин накше, ки у бозидааст Хазрати Юсуф (а) аст. Баъдтар дар чанде аз филмхои дигар накш бозидааст. Аз бачаги ошики бозигари буда. Бозигари накши навчавонии Хазрати Юсуф (а) писари холаи Мустафо Замони аст. Раёхиро бехтарин интихоб барои накши Зулайхо медонад. Читать далее →

19 майи соли 2011

  Дунё танг аст. Одамон дида ба дида мезананд. Нафароне, ки намехостанд ру ба руи хам оянд, боз дар тангкучае ба хам меоянд. Дунё кушод аст. Дар он хам хиёнаткор мегунчад хам вафодор ва хам бечораву хам чорагар!  Одамон шояд айнан такрор нашаванд. Аммо хислатхо, такдирхо ва амалкардхо хатман такрор мешаванд…

Имруз дар мавриди ояндаи синамои точик, галстуки пионери ва сад намуд гизо, микрофони чосусиву  микрофони туйи ва аввалин озмуни «Маликаи зебои»  навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти