Рузи сеюми сафари мо ба Амрико дар Вашингтон мисли рузи аввал ва дуюм набуд. Дируз ман як шаби бедорхобиамро чуброн кардаву аз бегохи руз хобидам. Маро хатто занги телефонии хамрохонам хам бедор карда натавонистааст. Баъди нахори мо дар ошёнаи дуюми мехмонхона чамъ омадем. Ман аллакай ба шумо гуфтам ки имсол новобаста ба мушкилии молиявие, ки дар Амрико буд аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу худуди 100 журналсит аз гушаву канори олам даъват шудаанд. Онхо дар 9 гурухи алохида вобаста ба зони гуфтугу ва минтакаашон муттахид шудаанд. Дар гурухи мо тавре медонед, намояндахои кишвархои пасошурави хастан- Точикистон, Киригизистон, Арманистон, Русия ва Молдова. Намояндаи Эстония бошад, бо кадом сабабе ширкат карда натавонистааст. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Боб Вудворд, Департаменти Амрико, амрико, журналистика, китоб, мехмон | Leave a comment »










