Равоншинос Елена Макаренко руйхати чанд чумлаеро ки мо бояд хатман ба кудаконамон бигуем, тартиб додаст. Ба кавли у ин чумлахо барои рушди солими кудак таъсири хуб мерасонад. Кудак бо шунидани он худро дустдоштани, махбуб, устувор дониста,аз буданаш рози мешавад ва ба кадри шумову атрофиён мерасад.
Бигуед:
- Ман туро дуст медорам;
- Бе гараз ман туро дуст медорам;
- Туро хатто замони газаболудагият дуст медорам;
- Туро хатто замоне, ки ба газаб меориям, дуст медорам;
- Туро замони дурият дуст медорам;
- Агар имкони интихоби дубораи кудакон бошад, ман албатта туро интихоб мекардам;
- Ташаккур;
- Бо ту бози кардан бароям писанд аст;
- Машгулияти дустдоштаи ман тули руз, бози бо ту аст;
Накл кунед:
- Дар бораи таърихи таваллуд ва зода шудани у;
- Чи гуна шумо уро бузург кардеду чи хотироти ширине доред;
- Чи тавр ба онхо ва ё ба у ном фикр кардед ва чаро махз хамин номро ба у гузоштаед;
- Дар бораи худатон дар сину соли вай;
- Чи тавр бобою бибии у бо хам вохурдаанд;
- Рангхои дустдоштаи шумо;
- Чи гуна барои шумо хам баъзан мушкил аст ё мушкил буд;
- Дар ояндаи наздик чи гуна накшахои чолиб доред;
- Кору вазифаи шумо аз чии борат аст?
Гуш кунед:
- ки фарзанди шумо дар мошин дар чи бора гап мезанад ва мепурсад?
- у дар бораи бозичахои худаш чи фикр дорад?
- ки дар кадом мавзуъ у ба кумаки шумо ниёзи бештар дорад?
- як сония аз ток шудани токататон бештар уро гуш кунед ва ба саволхояш чавоб гардонед;
- Аз суханхояш дар бораи эхсосоти у маълумот дарёбед;
Пурсед, ки:
- Чаро фалон ходиса рух дод?
- Агар фалон кор намешуд, чи холат рух медод;
- У дар хамон холат чи кор мекард?
- У вакти хомушиаш дар кадом бора фикр мекунад ё карда истодааст?
- Тули хамин руз ходисаи аз хама гуворо кадом ходиса буд?
- Дар бораи маззаи хама хурданихо пурсед?
Нишон бидихед:
- Чи корро шумо ва у метавонистед, ки якчоя бикунанд?
- Чи гуна аз когаз чизеро бояд сохт?
- Чи гуна бояд гизо хурд ва чиро бо чи намехуранд?
- Чи гуна бояд чойхобро партофту чамъу гир кард?
- Барои ба кадом саволи худ чавоб ёфтан, чи кор бояд кард? Аз ки пурсид? Аз кучо чавоб пайдо кард?
- Чи гуна бояд бо хамсарон рафтору муносибат кард?
- Ки то чи андоза ба худ ахамият додан мухим аст?
Барои кадом кор бояд вакт чудо кунед?:
- Барои тамошои корхои сохтмони ва ободкори;
- Барои наззораи парвози паррандахо;
- Барои омода кардани ин ё он гизо;
- Барои ба сафар баромадан, куху дашту сахро рафтан;
- Барои тамошои дастачамъона;
- Барои машгулиятхои мактаби, дарс ва супоришхои устодон;
- Барои тамошои бозии кудакатон;
Чи гуна бояд кудакатонро хурсанд кунед:
- Барояш ягон сюрприз ё тухфаи ногахони кунед;
- Дар сумкааш ширини пинхон созеду амалкарди уро назора кунед;
- Гизоии уро эчодкорона тайёр кунед;
- Хамрохи онхо бози кунед;
Баъзе чизхоро сарфи назар кунед:
- Баъзе камиву нофахмихоро;
- Талаботи хеле чидди ва ичронашавандаро;
- Хамеша худро хак нашуморед;
Дарег надоред:
- Нигохи самимонаро;
- Табассуми бесохтакориро;
- Вактро барои чавоб ба саволхои у;
- Насихат кардану рохи дурустро нишон доданро;
- Барои у чихати ислох шудан вакт ё мухлат доданро;
- Шароит ва имконоти оббози, дарстайёркуни, истирохат ва фарогатро;
- Пулро барои саводноки, саломати ва зебоии у;
==================================================================================
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: кудакон, мактаб, равоншинос, соли оила, тарбия, таълим, фарзанд |












Добавить комментарий