Маколи русие хаст, ки вобаста ба завк бахс намекунанд. Яъне, агар дар дигар масоил меъёрхои умуми мавчуд бошад, дар масъалаи завк ва салика ин чиз сирф инфироди асту фарккунанда. Барои мисол, шарт ва хатми нест, ки хама чавонон як мусикиву таронаро гуш кунанд. Ва хам шарт нест, ки касе барои хамин гуна як хела кардани завки мардум талош кунад. Зеро ки он бефоида аст ва миёншикану бемантик. Интихоб ва завки инсонхо озод аст ва табиист, ки аз хамдигар тафовут дорад.
Мавзуъи завку мусикифахмии инсонхо, шуурнокии мусики, кабули самту равияхои мусики, интихоб аз миёни жанрхои зиёди мусики ва бахсу радду бадалхо вобаста ба онхо гумонам аз замони пахши аввалин барномахои радиои мустакил дар кишвар огоз шудааст ва инак холо хам идома дорад. Ёди ман хаст, ки дар рузхои аввали фаъолияти радиои хусуси ва тахияи барномахои шаклан ва усулан нав аз забони аввалин шунавандахо, ки тули чанд дахсола ба тарзи пешниходи тамоман дигари барномахои радиои одат карда буданд ва радиоро факат хамчун василаи насихат ва адабомузи кабул карда буданд, суханони танкиди шунида мешуд ва хайратзадаги эхсос мегашт. Ин як холати мукаррари барои он нафарест, ки шаклхои гуногуни воситахои ахбори оммаи электрониро аслан вонахурда буд, аз доираи махдуде то замони фарорасии шакли нави FM-радиохо берун нарафта буд ва ин шакли сухбату тахияи барномахоро кабул карда наметавонист. Ёди ман хаст, ки баъзехо аслан наметавонистанд кабул кунанд, ки рови метавонад бихандад, шухи кунад, баъзан суруд ё таронаеро замзама кунад…Инро холо хам баъзехо кабул надоранд. Масалан, агар як чавони навхат, мучаррад, бетачрибаи зиндаги як барнома вобаста ба оила ва оиладори тахия кунад, бе кадом вокуниши манфи кабул мешавад. Касе намегуяд, ки дар хамин гуна барномахо рови будани як чавони бетачриба аслан мантикан дуруст нест. Масалан, ман ки худуди 20 сол аст оиладорам, шояд ба харфи он «кудак» тамоман гуш намекунам, он барои ман шавковар ва омузанда нест. Зеро ман дар зиндаги тачрибаи аз у ба маротиб бештар дорам! Ана ин чиз бояд мояи нигарони бошад…Иловатан хаёлбофии махдуд, галат дар гуфтор, хатои аз хад зиёд, надонистани оддитарин коидахои забон ва меъёрхои кабулшудаи ахлоки журналисти … бояд нигаронкунанда бошад…
Чизи дигаре, ки эхсос мекунам, гурухи калони шунавандахои радиои холо хам онро хуб дарк накардаанд, сохтори он радио, шакли моликияти он, формати алохидаи радиохо ва сиёсатхои фаркунандаи мусики, кори ва эчоди дар онхо аст. Агар соддатар карда гуем, имруз на хама медонад, ки гайр аз радиохои давлати боз радиохои дигар хам мавчуданд, ки шакли онхо ЧДММ аст, онхо аз бучаи кишвар ва шахре, ки ончо карор доранд, маблаггузори намешаванд, баъди гирифтани ичозатномаи фаъолият сиёсати мусики ва эчодии худро дар доираи санадхои хукукии дохили ва байналмиллали мустакилона амали мекунанд. Сабаби таваччухи ман имруз ба ин мавзуъ як андешаи нодурусти шунавандае буд, ки фикр мекард, тамоми радиохо бояд як хела бошанд, як гурухи таронахоро пахш кунанд, тавре ки хамон нафар мехохад, хамон тавр барномасози кунанд, чизе, ки барои у писанд нест, онро нагуянду пахш накунанд. Ин гурухи мардум боз аз он чихат ачоибанд, ки таронахоеро, ки онхо гуш мекунанд, аксаран аз сарояндахои хамшахрии худашон ва ё дустони худашон, бояд хама гуш кунад, эрод нагирад ва он ба формати мусикии ин радио мувофик аст ё не барои у аслан мухим нест. Аммо агар каси дигаре аз руйи завки худаш таронаеро фармоиш дихад, ин кас хеле нигарону газаболуда мешавад. Эхтироми завки дигаронро баъзехо аслан зарур намешуморанд ва хамеша пофишори мекунанд, ки андешаи онхо дуруст аст ва дигарон бояд онро гуш кунанду итоат кунанд.
Тасаввур кунед — дар магозае, ки хама хучатхояш дуруст аст, андоз месупорад, чанд касро бо кор таъмин кардааст, факат нони коргоххои нонпазиро мефурушанду кулчаву фатиру нони чаппоти надорад. Шумо чи кор мекунед? Барои он, ки шумо дустдори кулча хастеду инчо кулча нест, он магоза бояд баста шавад? Ё агар дар ресторан курутоб омода намекунанд, бояд он ресторан кор накунад? Кадом вариант мантикан дуруст аст – он нуктахо дари худро банданд ва ё шумо чойи дигареро сурог кунед? Албатта варианти дуюм мувофик аст. Завки мудири он магоза ё рохбари он ширкат ба завки шумо мувофикат накардааст, ки ин гунохи у нест. Гунохи шумо хам нест. Факат мушкил хамин аст, ки у дар бораи завк медонаду шумо не!
Эхсос мекунам, ки ин холат махсусан дар самти мусики ва тарона бештар рух медихад. Тасаввур кунед, ки агар пагох дар кишвари мо радиои хусусие бо номи «Фалак-FM» ичозати фаъолият дарёфт кунанду корро сар кунад, шумо факат барои он, ки дустдори таронахои фалаки нестед, мачбур мекунед, ки ончо рэп пахш кунанд ва аз сарояндахои попи ватаниву хоричи хам тарона такдим созанд ё мачбур мекунед, ки формати радиои худро ба завки шумо мувофик кунонанд??? Дар холе, ки варианти мантикан дуруст гузаштан ба шабакаи дигаре аст, ки барои шумо маъкул аст, мусики, тарона, наво ва садои ба шумо писанд дорад. Махз барои хамин мегуянд, ки вобаста ба завк бахс намекунанд, кушиш накунед, ки хама чиро ва хама касро ба завки худ мувофик кунонед. Ин имконнопазир аст!!! Хама чиро гуногунранги, гуногунандеши, интихоби васеъ, кобилияти кабули чизи бехтарин аз миёни чизхои зиёд зебову хостани мекунад. Шумо аз миёни хурокхои зиёди ресторан як ё ду тои онро фармоиш медихед, аммо дигар хурокхо, ки хатман ба каси дигар аз мизочони ончо писанд аст, бояд омода шаванд, бояд дар таомнома бошанд.
Дар радио хам хамин гуна аст: мо факат 4 таронаи дустдоштаи як ду касро шабонарузи пахш карда наметавонем, таронахои дигар (ки шояд ба шумо писанд нестанд!) хатман ба завки дигарон созгоранд ва хукуки будану пахш шуданро доранд. (Инчо гап факат сари мазмуни таронахо нест. Мо хам ба ин назарем, ки таронахои берун аз одобу ахлок, таргибгари фахшу зуровари набояд садо диханд!!!) Саволи дигаре, ки маро хамеша хайрон мекунад, ин аст, ки «Чи тавр мумкин аст, ки хам тарона барои шумо писанд набошад ва хам шумо ба шабаки дигари радиои нагузаред?» Боз хам дар холе, ки дар кишвари мо 44 радио фаъолият мекунад ва тарики интернет хам имкони шунидани садхо радио мавчуд аст.
Баъзехо бо суйиистифода аз имкони гуфтан ва навиштане, ки доранд, рози набудани худро кариб аз хама чизу аз хама кас ба намоиш мегузоранд. Онхо ба гумонам факат аз худашон рози хастанду тамом. Баъзан танкидхову гуфтанхо ва фикри худро тахмил карданхо аз сархади худ мегузарад ва то ба тахкир мерасад. Хис мешавад, ки баъзан шуморо барои зистан аз руйи завки худатон танкид мекунанд, ки тамоман макбул нест ва дур аз меъёрхои инсони аст. Инсонхо метавонанд шуморо барои баргаштан аз рохи кач насихат кунанд, водор кунанд, онхо метавонанд сарфаи окилонаи маблагро хамчун андозсупоранда назорат кунанд ва талаб созанд, онхо метавонанд дар риоя накардани коидахои умуми аз шумо эрод бигиранд, вале агар дар амалу харакати шумо, дар фаъолияти шумо унсурхои таркибии ягон чиноят ва беэхтироми набошад, шумо меъёрхои умумии кабулшударо дар хар самте ки бошад, вайрон накарда бошед ва тарзи кору фаъолият ва зиндагиатон барои худатон писанд аст, чаро касе бояд шуморо дигар кунад, «ислох» кардани шавад ва мисли худаш гардонидани бошад? Шумо ку вазифадор нестед, ки хама чиро аз зиндагии худ бо завки дигарон мувофик кунонед!
Хулоса, завки инсонхо ба гумони голиб, ки худодод асту баъдтар дар натичаи чахонгарди ва чахонбинии васеъ инкишоф меёбад, бо рохи донишу тачрибаи зиёд андухтаи шумо такмил меёбад, баъди ширкати шумо дар равандхои мухталифи чомеъа сайкал мехурад, замонавитар мегардад ва сатхи навро касб мекунад. Гуногунранги, барои мисол дар мусики ва тарона имкони интихоб медихад. Пешниходи навбати ин аст — ончи ки дар суруду тарона ба завки шумо наздик аст ва ба шумо писанд аст, онро кабул кунед ва он чизе, ки дар ин самт писанд нест, махкум накунед, ки маъниаш ба назари ман поймол сохтани завки садхо каси дигар ва эхтиром надоштан ба завки саду як инсони комилхукуки дигар аст…
Эй сер, туро нони чавин хуш нанамояд,
Маъшуки ман он аст, ки ба наздики ту зишт аст.
Хуррони бихиштиро дузах бувад аъроф,
Аз дузахиён пурс, ки аъроф бихишт аст.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: завк, идораи мусики, о вкусах не спорять, радиои Ватан, салика, суруду таронахои точики, эхтироми дигарон |












Добавить комментарий