Неругохе, ки неруи хазорхоро бебозгашт бурд….

Соли 1986, 26 апрел дар энергоблоки чоруми Неругохи Барки Атомии Чернобыл таркиш ба амал омад. Микдори зиёди радиатсия ба атроф пахн шуд. Ин мудхиштарин садамаи техногени дар хаёти инсоният буд. Тибки омор беш аз 50 000 нафар маъюб шудаву 137 000 километри мукааб бо цезий олуда шуда буд. Хисороти иктисоди аз ин садама 130 миллиард долларро ташкил карда буд. 15 декабри соли 2000 ин неругох фаъолияти худро катъ кард. Як вакт  хатто ширкатхое хам пайдо шудаанд, ки сайёхонро ба хамин минтака барои тамошо даъват мекарданд. Чи тамошо дошта метавонад он минтакаи мудхиш ва дардбарангез?

Чанд далел вобаста ба Чернобыл:

Читать далее →

Мочарои сари пода…

Ончо субх амаки Исматро дидан мумкин аст. У гову молашро овардаву хамзамон гапу хабари навро ба хона мебарад. Як нафарро ман ба раиси собики нохия монанд кардам ва баъд фахмидам, ки вокеъан хам у будааст. Ман намедонам, ки онхо дар чи бора сухбат мекунанд, вале аз дур  мушохида мешавад, ки гарму самимона сухбат мекунанд. Подаи мо аз аввал подабон надошт — хар оилае, ки гову молашро ба пода сар медод, мохе як бор аз руйи чойгиршавии хонахо бо навбат подабони мерафт. Баъдтар подабон пайдо шуд. Яъне, мутобики шароити бозори мехнат боз ду чойи нави кори пайдо шуд – подабони куча! Он зани рус хамон замоне, ки мардум фикр мекарданд, ки то зани рус нагири вазифа хам намегири, хамсари конунии як раис буд, ки акнун либоси точики мепушид ва точики харф мезад. Ачобат хамин буд, ки хар сахар подабони кучаро махз у бо дуояш гусел мекард. Точики дуо медод! Читать далее →

«Инҷо Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон!»

Имруз рузи пахши барномахои Радиои Точикистон аст. Он радиое, ки тавонист шунавандаро «офарад», тавонист ба як чузъи зиндагии мардум табдил ёбад. Марди дехкон хатман «Хайёти дехот»-ро гуш мекард, «Театр дар назди микрофон» мехри хунару сахнаи театриро ба дили хазорхо нафар чо кард, холо хам дил ба ёди «Сухбати дустон» гум мезанад, мардум кам хамрозе ба мисли «Хамроз» дошт, акнун дарк мекунем, ки «Афсона барои хурдтаракон» хамаги хакикати зиндагии мо будаанд, «Таронаи шабхангом» куфти рузи пурташвиши кориро мебаровард, «Ахбор»-аш ба ин хад шунидани буд, ки дар он харфе аз куштору таркишу вахшоният набуд, «Манзари адаб» -кони маъниву одоби шоиста буду «Савту калом» пур аз дурри маъни ва савту каломи чонбахш. Ва албатта рузи мардум бо «наво»-и «Шайпур» огоз мегашту то як поси шаб ба Радио пайванди дошт.

Иди Радио барои хама алокамандон, собикадорон, шунавандагон ва хамкорони гироми МУБОРАК БОД!!! Ташаккур барои хама захмату талошхо, барои бо сухан барнома сохтану инсони комил «сохтан»!!!

Мо кушиш мекунем дар зер номи онхоеро, ки аз рузхои аввал то имруз дар Радио фаъолият доштанду доранд, биёрем.Бо маъзарат аз онхое, ки номашонро фаромуш мекунем, аз эшон ва ё наздику пайванди онхо, хохиш мекунам, дар зери ин матлаб ному насаби аз ин чониб  фаромушшударо биёранд:

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти