Гаҳвораи орзу (ҳикоя)

Гаҳвораи дасти ин духтарчаи деҳотии чашмсиёҳу зебо, ки аксаран бо ҳамон як либос ва дар зери ҳамон як дарахти чормағз гоҳ танҳову гоҳе бо дугонаҳои ҳамсояаш рӯзашро ба шом мебурд, аз гаҳворае, ки барои мисол худаш онҷо хобида буд, фарқ дошт. Тафовути асосии ин гаҳвора ҳамин буд, ки духтарак дар он ҳар нимарӯз ва шаб гӯё падарашро, ки аз кор монда шудааст, мехобонду алла мегуфт. Ҷойи хоби лӯхтаки худаш низ ҳамин гаҳвора буд. Бо вуҷуди аллаҳои пурҳасрату ширингуфтаҳои беҳисоб он «тифл»-и дар гаҳвораи на монанд ба кӯдакони деҳа ҳеҷ калон намешуд…

Бо ёди ту, эй падар, бубастам латта,

Бар шохи дарахти қоматат сурху кабуд…

Читать далее →

Неругохе, ки неруи хазорхоро бебозгашт бурд….

Соли 1986, 26 апрел дар энергоблоки чоруми Неругохи Барки Атомии Чернобыл таркиш ба амал омад. Микдори зиёди радиатсия ба атроф пахн шуд. Ин мудхиштарин садамаи техногени дар хаёти инсоният буд. Тибки омор беш аз 50 000 нафар маъюб шудаву 137 000 километри мукааб бо цезий олуда шуда буд. Хисороти иктисоди аз ин садама 130 миллиард долларро ташкил карда буд. 15 декабри соли 2000 ин неругох фаъолияти худро катъ кард. Як вакт  хатто ширкатхое хам пайдо шудаанд, ки сайёхонро ба хамин минтака барои тамошо даъват мекарданд. Чи тамошо дошта метавонад он минтакаи мудхиш ва дардбарангез?

Чанд далел вобаста ба Чернобыл:

Читать далее →

Нагузаргох!!!

        Дируз баъди зухр ман хангоми ба кор омаданам миёни рохи калон-дар руи гузаргохи руизамини чанд дона мева ва сабзавотро дидам. Ин дар хиёбони Сино, ру ба руи маркази кудаконаи «Лимпопо», каме поёнтар аз Саристгохи автобусхо (автовокзал) буд. Ронандаи таксие, ки аз он тараф меомад, гуфт, ки «як мардака мошин зад. Вай ба фикрам, ки устоди ракс буд. Караболо бурдануш..!» Ман ханузам намедонам, ки у ки буд. Ному насабаш шояд акнун мухим набошад, зеро у як инсон аст, ки дар руи гузаргохи худаш уро мошин пахш кардааст!  Фардо шояд ман (ки мисли он нафар коидахои харакати рохро вайрон накарда, бештари маврид аз хамон гузаргохи руизамини рохро убур мекунам)  дар хамин холат карор мегирам. Хайрон мешавам…. Читать далее →

STOP! Кучо?

       Дахсолаи то соли 2020-ро СММ   «Дахсолаи амалиёт барои бехатарии  харакат дар роххо»   эълон кардааст.  Ин пешниходи Руссия  буд.  Он чо барои мисол,  дар соли гузашта — 203 603 садамаи наклиёти рух додааст, ки дар натичаи он 26084 нафар ба халокат расида, 257034 нафар чарохат бардоштааст.Дар Точикистон хам хамасола садамахои наклиётии зиёд рух медихад.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти