Ончо субх амаки Исматро дидан мумкин аст. У гову молашро овардаву хамзамон гапу хабари навро ба хона мебарад. Як нафарро ман ба раиси собики нохия монанд кардам ва баъд фахмидам, ки вокеъан хам у будааст. Ман намедонам, ки онхо дар чи бора сухбат мекунанд, вале аз дур мушохида мешавад, ки гарму самимона сухбат мекунанд. Подаи мо аз аввал подабон надошт — хар оилае, ки гову молашро ба пода сар медод, мохе як бор аз руйи чойгиршавии хонахо бо навбат подабони мерафт. Баъдтар подабон пайдо шуд. Яъне, мутобики шароити бозори мехнат боз ду чойи нави кори пайдо шуд – подабони куча! Он зани рус хамон замоне, ки мардум фикр мекарданд, ки то зани рус нагири вазифа хам намегири, хамсари конунии як раис буд, ки акнун либоси точики мепушид ва точики харф мезад. Ачобат хамин буд, ки хар сахар подабони кучаро махз у бо дуояш гусел мекард. Точики дуо медод! Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: актёр, дехот, кухистон, махмудчон вохидов, мочарои сари пода, театри чавонон | Leave a comment »









