Имруз дар як сахифаи Интернет дидам, ки зодрузи Мубораки Вахони аст. Мубораки Вахони 8 июни соли 1842 тавлид шудааст. Ва ба ёдам омад сафари хеле хотирмонам аз Бадахшон. Дар доираи он сафар мо аз осорхонаи Мубораки Вахони (Muboraki Vakhoni House-Museum) дар дехаи Ямг, чамоати Вранги нохияи Ишкошим дидан карда будем. Мубораки Вахони донишманд, файласуф, шоир, ромишгар, нучумшинос ва хунарманди хубе будаст. Ба он осорхона, ки дар миёни табиати афсункору чашмаву рудхои шифои карор дорад, хама сола хазорхо нафар барои тамошо меоянд. Бо як чумла Леонардо да Винчи аз дехаи Ямг….
Ин хонаи помири, ки акнун осорхонаи Мубораки Вахони аст, хам аз чихати сохт ва хам аз чихати нигораву хуччатхои ончо махфуз буда барои тамошобин шавковар аст. Санги гайриоддие, ки дар назди ин осорхона аст, имкон медихад, ки бо тарзи хеле соддаву одди дуруст баробаршавии шабу руз ва фарорасии Наврузро муайян кунанд. Бо сипос аз устод Курбони Аламшо, Экспедицияи сайёхи ва экологии «Помир», Мегафони Точикистон, MSDSP ва хама шарикону дастандаркорони ин сафари хотирмон чанд акс ва наворро аз осорхонаи Мубораки Вахони инчо мегузорам.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бадахшон, Вахон, Ишкошим, Мубораки Вахони, Памир, Помир, музей, осорхона, Muboraki Vakhoni House-Museum |










































Добавить комментарий