Аз он дурӣ…

Аз он дурӣ то воқеияти имрӯз фосила баробар ба як умри инсон аст.

Фақат аз он дурӣ шебу фарози роҳҳои дониставу надониста ва тасодуфан барои рафтан интихобшуда метобад.

Фақат аз ҳамин кунҷи биниш дурустӣ ва нодурустии ҳар қадами онеро дидан имкон дорад, ки ҳанӯз дар оғози роҳ гоҳ навмеду гоҳ ба умеди касеву чизе ва гоҳо масту мағрур аст.

Фақат аз ҳамон дурӣ пештар аз дигарон ба ҳоли касеву касоне ва хасоне хандидан мумкин аст, ки гуноҳу саҳву хатои тӯли таърихи мавҷудияти одам хандахариш шудаҳоро баргашта такрор мекунанд…

Фақат аз он дурӣ дидан мумкин аст, ки инсонҳо инҷо на барои кору амали нодурусту гуноҳолудаи анҷомдода, балки аксаран барои кору тасмим ва амалҳои росту дурусту хуби анҷом надодаашон хиҷолатзада мешаванду ҳатто муҷозот.

Читать далее →

Леонардо да Винчи аз дехаи Ямг

Имруз дар як сахифаи Интернет дидам, ки зодрузи Мубораки Вахони аст. Мубораки Вахони 8 июни соли 1842 тавлид шудааст. Ва ба ёдам омад сафари хеле хотирмонам аз Бадахшон. Дар доираи он сафар мо аз осорхонаи Мубораки Вахони (Muboraki Vakhoni House-Museum)  дар дехаи Ямг, чамоати Вранги нохияи Ишкошим дидан карда будем. Мубораки Вахони донишманд, файласуф, шоир, ромишгар, нучумшинос ва хунарманди хубе будаст. Ба он осорхона, ки дар миёни табиати афсункору чашмаву рудхои шифои карор дорад, хама сола хазорхо нафар  барои тамошо меоянд. Бо як чумла Леонардо да Винчи аз дехаи Ямг….
Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (14)

Имруз мо ягон вохури ва сухбати расми надорем. Гайр аз Александр (махаррири газетаи «Вечерный Бишкек»),  ки баъди бемори ва чарохиаш акнун бояд бештар истирохат кунад, дигарон барои сафар ба як лагери лижаронон дар доманаи кухи Mount Hood тайёр мешавем. Баъди он мо осорхонаи The Museum at Warm Springs –ро тамошо хохем, ки ба таърихи ташаккули кабилаи  Warm Springs –и амрикои бахшида шудааст.

Махз дар хамин сафар бо дидани куху теппахои пури сузанбарг ман дарк кардам, ки чаро дар раками мошинхои ронандахо дар Портленд ва умуман иолоти Орегон махз сузанбарг тасвир шудааст. Боигарии куху ёллаи онхо хамин дарахт будааст. Канори роххо хонахои хурду зебоеро мебинам, ки миёни чангалзор сохта шудаанд. Аксарият инчо хона-вагонхои худро пушти мошин баста, то нуктаи дилхохашон мераванд. Мо кариб ду соат бо мошин рох тай кардем. Дарахтону мавзеъхои барфпуш огоз шуданд. Харчанд, ки хаво сарду токатфарсо нест, вале мардум бо пушидани либосхои зимистона ва бо гирифтани хама олоту ашёи худ –лижаву айнакхои барфиву дастпушу сарпушхои гарм суйи хамон лагер харакат доранд. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (4)

Кам-кам ба боду хавову зиндагии Вашингтон одат кардам. Дигар дар вохурихо хоб бар ман галаба намекунад, пазмонии ман низ ба тадрич пир мешавад…

Ин субх ман дар ресторани мехмонхона хурок нахурдам. Барвактар бедор шудам ва рафтам ба кучаи шафати мехмонхона. Инчо аксарияти онхое, ки ронандаи такси хастанд ва дар хамин гуна кахвахонаву ошхонаи сарирохи кор мекунанд, мухочирони кори аз Шарки наздик ва ё афроамрикоиву африкои хастанд.  Баъди хуроки сахари моро ба идораи Фридом Хауз ё худ Хонаи Озоди бурданд. Махз хамин созмони гайритичорати рейтинги озодии матбуотрову  кишвархоро хама сола нашр мекунад. Махз хамин созмон инак чандин сол аст, ки Точикистони азизи маро кишвари аз чихати   андешаву баён  ноозод медонад.  Моро дар идораи ин созмон як гурух чавонон пешвоз гирифтанд, ки аксарият аз кишвархои пасошурави буданд ва хамаашон забони руссиро медонистанд. Маро дар кабулгохи ин созмон токии зардузии занонаи точики ва токии чоргули мардонаи точики хайрон кард. Хатто кам-кам хичолат хам кашидам, ки барояшон чизе сирф точикона наовардам.   Сумкаам пури парчаму «мангит»-у дарахтои сангии Рухом аст 🙂  Харчанд маълум аст, ки барои ин онхо соли оянда кишвари маро озод хукм намекунанд. Ба хар сурат ман бо он токии точики акс гирифтам ва маро барои сухбат ба утоки дигаре даъват карданд. Хонаи Озоди созмонест, ки факат буччааш 35 миллион доллар аст. Аз руйи чадвали амрикои ин созмон аз чихати молияви бузург дониста мешавад.  Читать далее →

Душанбе -Вашингтон (2)

Рузи дуюми сафари ман аст. Нимхобу нимбедор гузашт. Баъди хуроки сахар моро мусофиркаш ва гид (рохбалад) Игор Ирхо интизор буд. Бо рохи назди мехмонхона руболо рохи шудем. Бинои Бонки чахони ва Сандуки Чахонии асъорро дидем. Дар маркази Вашингтон бинохои кухнае боки мондааст, ки дар хамоханги ба он бинохои замонави сохтаву онро вайрон накардаанд. Махз хамин чиз таваччухи сайёхонро ба худ чалб мекунад. Рохе, ки суи Касри Сафед мебурд, банд буд. Тарчумон гуфт, ки мутаасифона мо Касри Сафедро аз наздик дида наметавонем. Аз рохи дигар мо ба кисмати поёнии ин бино наздикии як манорае омадем, ки ба хотири Вашингтон сохта шуда, 555 мил баланди дорад. Рохбалади мо таърихи Амрикоро хуб медонист. Хамгурухи мо аз Молдова –Стелла касеро дар миёни анбухи одамон пайдо кард ва аз у чанд даъватнома гирифт, ки мо акнун бо он хукук доштем, ки вориди хавлии Касри Сафед шавем. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти