Маро хамеша таксимоти ёрии башардустона ва кумакхо ба шахсони ниёзманд ба шубха меорад. Додситонии вилояти Сугд гуфтааст, ки 447 нафари доро худро ба руйхати мардуми камбизоат ворид карда, шарм надошта кумак мегирифтаанд. Акнун нисбат ба онхо чазои маъмури ва хатто чинои татбик мешавад. Тибки омори охирин мардум аз хисоби нафакаи дуругини маъюбиашон ба давлат кариб 15 миллион сомони ё баробар ба 2,7 миллион доллар зарар расонидаанд, ки он акнун бояд ба бучаи давлати баргардонида шавад. Яъне, нигаронии ман чизи хушку холи нест….
Ё худ заминхои зиёди фуруширо дида, шахс ба хулосае меояд, ки таксимоти онхо одилона ва дуруст набудаанд. Зеро агар он оила вокеъан хам ба як порча замин ниёзманд мебуд, баъди як муддат онро ба савдо намегузошт!!! Ё бигирем нархи хонахои навсохтро дар Душанбе ва шахру навохии кишвари мо. Як сабабаи баланд будани нарх — харидории онхо аз чониби нафароне аст, ки боз хам баргашта он хонахоро ба фуруш мебароранд. Агар масалан, конунан ба хотири танзими нархи манзил фуруши дубораи хонахои навсохт (ва заминхои бо карори Хукумат таксим карда шуда!) акалан барои 5-7 сол манъ карда шавад, бовар кунед, ки нарх поинтар мешаваду замину хона доштан барои мардуми ниёзманд дастрасу осонтар. Ба кавли, Фрунзик Мкртчян «Я так думаю»!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Я так думаю, замин, камбизоат, пешниход, фуруши замин, хона |











Добавить комментарий