Соли Нав муборак бод!!!

Боз як соли дигар меравад. Як соле аз тақвим, як соле аз умри мо…Афсус мехӯрем, ки бисёриҳоро аз даст додему зиёд чӣ аз каф раҳо шуд, аммо шукр, ки бисёриҳои дигар дар канори моанд ва дилҳо аз имону умеду муҳаббат холӣ нест…
Ҳар субҳ моро ягон хоҳише, мақсаде, нияте ё орзӯе аз погаҳи дар то домани дунё мебарад ва ҳар шом моро ягон ишқе, пораи ноне, нигоҳи гарме, қалби интизоре…ба бозгаштан талқин мекунад, таҳрик медиҳад…
Берун рафтанҳо қариб якхеланд, мисли баргаштанҳо ба хона…Аммо роҳи савоб гуногун аст, андешаҳои нек зиёду фарқкунандаанд, ниятҳои хайр ҳазору анд тоанд….тахминан мисли лак-лак гуноҳ, ки ҳар кас онро ҳар гуна, ба ҳар роҳу восита, бо сад амалу беамалиаш муртакиб мешавад….
Худо кунад, ки имсол савобҳо бештар аз гунаҳ, андешаҳои нек бештар аз беандешагӣ, шифо бештар аз маризӣ, баракат бештар аз харҷ, зебоӣ бештар аз сиёҳӣ ва берангӣ бошад…Кош созандагӣ ва ободкорӣ дар Соли Нав бештар аз ҳар соли рафта бошаду азму талошу офариданҳо бобаракат ва бардавому ҷовидон мисли умри Наврӯз ва инсонҳо босабру пуртамкин ва сарбаланд, мисли куҳҳои Помир.

Ним соат аз радио (дар «ТВ Синамо»)

Нигоҳи нав

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти