Ишқи радиоӣ (ҳикоя)

(Бахшида ба солгарди таъсиси Радиои Тоҷикистон)

Аз рахти хоби пириаш то гӯши он як қулоч масофа аст. Ӯ ҳамеша пеш аз аз бомдод дар нимторикиҳо ва ҳатто бо чашмони пури хоб аз рӯйи одат дастро ба болои сар дароз кардаву ба гӯши он мерасонад ва ҳамоно метобад. Бо ин кораш, ки сабаби иваз шудани оҳанги кулбааш мешуд, гӯё гӯши шамоли Файзободро тофта бошад, ки ҳуштаккашиаш камтар мешуд.

Дар ҳошияи тасвирҳое, ки баъди ин кор дар зеҳнаш кашида мешуданду падид меомаданд ва ӯро боз чанд дақиқа дар банди ҷогаҳи хоксорона, вале гармаш нигоҳ медоштанд, курпаи ғафси рӯяшро ба як сӯ мегардонду бо паст талаффуз кардани ҷумлаи «Алҳамду лиллоҳи лази аҳёно баъда мо аммотано ва илайҳи нушур..» пойҳои дар асл харобу аз дард вазнинашро ба рӯйи палос мегузошт. Ӯ ба кам чиз эътиқод дошт ва аз ҷумлаи он камтаринҳо ҳарфи китоби муқаддас буд аз болодариаш ва баъд ҳарфҳое буд, ки аз карнайи он қуттичаи болои сараш мешунид…

Читать далее →

Рубоёту дубайтӣ дар сӯги модар

Ним соат аз радио (дар «ТВ Синамо»)

Дар ҷавоби як пурсиш…

         Пӯшида нест, ки ҳоло шунавандаи радио бештар аз хонандаи ҳафтаномаҳо ва бинандаи ТВ аст. Бартарии радио ҳам ҳамин аст, ки барои онро шунидан қариб ки пул сарф намекунанд, фаврият то ҷое мавҷуд аст, доираи барномаҳо, фарогирӣ ва мавзуҳояш ҳам нисбат ба он ду расонаи дигар фарохтару васеътару шавқовартар аст. Мешавад гуфт, ки имрӯз шунавадаи радио қариб ҳамон хонандаи газета аст, ки намехоҳад ҳар ҳафта пулҳои бе ин ҳам камашро барои харидани ҳафтанома сарф кунад, ҳамон бинандаи ТВ аст, ки шояд онҷо маводи табъи дил ва ба завқаш наздикро пайдо накардааст, шунавандаи радио ҳамоне аст, ки мехоҳад мавқеи ӯро ҳамин лаҳза ва дар ҳамин мавзуъ ки матраҳ аст, мустақиман дигарон фаҳманд, дар миёни назарҳои мухталиф нигоҳу назари ӯ ҳам ҷой ёбад.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти