Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд….

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ аз мардуми сарватманди дунё даъват кардааст, ки барои мубориза бо гуруснагӣ дар дунё – 6,6 миллиард доллар хайр кунанд. Ин созмон гуфтааст, ки ҳамин миқдор пул кофӣ аст, ки 45 миллион кас аз доми гуруснагӣ дар дунё халос шаванд. Ин баҳс вобаста ба хайр кардани сарватмандон барои мардуми гуруснаи дунё чанд моҳ пештар сар шуда буд. Ҳамон вақте ки директори иҷроияи ин созмони байналмиллалӣ аз сарвари ширкати ТЕСЛА – ИЛОН Маск 6 миллиард доллар ё 2% дороии ӯро барои мубориза бо гуруснагӣ талаб карда буд. Ин замоне буд, ки Илон Маск дар як шабонарӯз 6 миллиард дороии худро бештар карда буд. Бо назардошти муҳим будани ин мавзӯъ мо инҷо шарҳеро дар мавриди гуруснагӣ дар дунё, сабабҳои ба миёнойӣ ва тасмимҳои ҳукуматдорону коршиносон ҷихати пешгирии ин ҳолат пешниҳод мекунем.

Бояд гуфт, ки мушкили гуруснагии сартосариро ин пул ҳам ҳал намекунад. Вале, агар ин миқдор маблағ бошад, имкон аст, ки ноустувории геополитикӣ ва муҳочирати оммавӣ пешгирӣ шавад. Маск гуфта буд, ки розӣ аст, ки ин пулро бидихад, вале ба шарте бинад ки дар куҷо ва бо чӣ мақсад он пул сарф мешавад. Ва барояш ҳисоботи густарда омода созанд. Он созмон ҳам дар навбати худ пурра тафсир кард, ки он пул бо кадом мақсад ва барои чӣ сарф мешавад. Қисми бештари он барои хариди маводи ғизоӣ ва дастракунии он сарф мешудааст. 2 миллиарди дигар барои чекҳо барои ниёзмандон сарф мешудааст. 700 миллион доллари дигар бошад, барои таҳияи барномаҳои махсус ҷихати тақсимоти ғизо ва мисли ин ҷудо мешудааст. Ин гуна барномаҳо дар 43 давлати дунё, ки дар ҳолати гуруснагӣ қарор доранд,  амалӣ мешудааст. 

СММ борҳо ба масъалаи гуруснагӣ дар дунё таваҷҷӯҳ кардааст. Ин мушкил дар замони пандемия боз ҳам амиқтар ва кӯҳнатар шуд. Камчинии маводи озуқа, камшавии ҳосил, қимматии нарх, кам шудани интиқолу содироту воридот, ҳосили кам дар заминҳои кишоварзӣ ва чанд мушкили дигар вазъиятро боз ҳам бадтар кард. Барномаи озуқаи СММ гуфтааст, ки дар аввали моҳи ноябри соли равон 45 миллион кас аз 43 кишвари дунё дар ҳолати фақру гуруснагӣ қарор доранд. Аввали сол ин рақам 42 миллион гуфта мешуд. Соли 2019 бошад, он ба маротиб камтар -19 миллион кас буд. Дар тамоми дунё агар ҳисоб кунем, аз норасоӣ ва камии ғизо 811 миллион кас азоб дорад. 283 миллион кас бошад, танқисии сахт аз маводи ғизоӣ доштааст.

Агар ба рӯйхати кишварҳои фақир ва дар ҳолати гуруснагӣ рӯ биёрем, онҷо номҳои Афғонистон, Гаити, Куриёи Шимолӣ, Колумбия, Мянмар, Нигерия, Сурия ва боз як қатор кишварҳои африқоӣ, Ховари миёна ва Амрикои Марказиро мебинем. Агар ба омор назар андозем, мебинем, ки 45% маргу мири кӯдакони аз 5 сола хурдтар дар кишварҳои фақир ба хӯроки каму гуруснагӣ иртибот дорад. Аламовар ҳамин аст, ки дар як гӯшаи дунё агар мардум нони хӯрдан надорад, дар гӯшахои дигар ба ҳамон миқдор ғизо партофта мешавад ва исроф мегардад. Ин кор вақти интиқоли маводи ғизо ва вақти нигоҳдории он ҳам сурат мегирад. Аз рӯйи ҳисобҳо солона фақат гандум дар ҳаҷми 85 миллион тонна вайрон мешаваду коношоям мегардаду талаф меёбад.

Дар мақсадхои рушди устувор ҳам дар мавриди мубориза бо гуруснагӣ оварда шудааст. Тибқи он бояд то соли 2030 гуруснагӣ пурра аз миён биравад, аммо дигар маълум аст, ки ин орзӯ ҳоло дастнорасу амалинашаванда боқӣ мемонад. Агар вазъ ҳамин гуна давом ёфтан бигирад, то соли 2030 дар олам шумораи мардуме,  ки аз гуруснагӣ азоб мекашанд, бештар аз 840 миллион кас хоҳад буд. Сабабҳои асосие, ки мардум дар кишварҳои гуногуни дунё гурусна ҳастанд, костагии буҷаи кишварҳо, ҷангу ҷанҷолҳои шаҳрвандӣ ва даргирихои тӯлонӣ, офатҳои табиӣ ва иқлимӣ, фоҷеаҳои мудҳиш, тағирёбии иқлим ва мушкилоти умдаи иқтисодӣ ва молиявӣ аст.  Барои пешгирии ин ҳолат, муҳим аст, ки системаи глобалии озуқа ва кишоварзӣ пурра тағир кунад, то имкони хӯронидани қариб 700 миллион каси дигар пайдо шавад. То соли 2050 бошад, ин система бояд то 2 миллиард одами дигарро хӯронида тавонад. Боло рафтани истеҳсолот, беҳтар шудани вазъи хоҷагиҳои кишоварзӣ, устувортар шудани хати истеҳсоли маводи ғизоӣ ва мисли ин имкон медихад, ки сатҳи гуруснагӣ ва хавфи фақирии оммавӣ коҳиш дода шавад.

Барномаи озуқаи СММ барои камтар кардани хавфи гуруснагӣ аз кишварҳои дунё даъват кардааст, ки :

  • Талаботи гурӯҳҳои осебпазирро бо маводи ғизоӣ қонеъ кунанд;
  • Барномаҳои дастгирии иҷтимоиро тақвият бидиҳанд;
  • Содироту воридоти маводи гизо ва захираи онро хуб ба роҳ монанд;
  • Хоҷагидорони хурд ва фермеронро дастгирии амалӣ кунанд то тавонанд истеҳсолоташонро рушд бахшидаву зиёдтар кунанд;

Дар вақти таҳияи ин мавод чашм ба як омори дигари ба гуруснагӣ иртиботдошта меафтад, ки воқеан ҳам бояд нигаронкунанда бошад. Бубинед, ки дар дунё бештар аз 700 миллион кас гурусна будаанд, ки он қариб 9% ахолии сайёраро ташкил мекунад. Дар як сол шумораи онхо 10 миллион бештар мешавад дар панҷ сол эҳтимоли то 60 миллион каси дигар зиёдшудани ин гурухи мардум  мавҷуд аст. Аксарияти онхое, ки сери сер нестанд ва шумораи умумии онҳо бештар аз 381 миллион кас аст,  дар Осиё зиндагӣ мекардаанд.Дар соли 2019 қариб 750 миллион кас ё ҳар даҳумин сокини сайёра бо мушкили ҷиддии надоштани амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ будааст. Хамон сол 144 миллион кӯдаки то 5 сола мушкили инкишофу рушд доштаанд, ки аз се як ҳиссаи онҳо сокини Осиёи ҷанубӣ ва кишварҳои африқоӣ будаанд.

Бо ба ёд овардани амнияти озуқаворӣ ва мушкилоти гуруснагӣ ҳатман комплекси кишоварзӣ пеши рӯ меояд. Хоҷагии қишлоқ яке аз калонтарин корфармоҳо дар дунё аст. Маҳз ҳамин соҳа мояи зиндагиро барои 40% аҳолии сайёра фароҳам меорад. Ин манбаи бузурги даромад ва ҷойи корӣ, махсусан  барои қишри фақири мардум аст. 500 миллион фермери хурд дар дунё  80% талаботи мардумро бо маводи озуқа дар кишварҳои дар ҳоли рушд таъмин мекардаанд. Сармоягузорӣ ба хоҷагиҳои хурди фермерӣ як усули хуби устувор кардани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ғанӣ сохтани бозори маҳаллии истеъмолии мардум аст. Як омори аҷибе ҳам пайдо кардем, ки он ба занҳои фермер вобаста аст. Агар занҳои фермер ба захираҳои мавҷуда баробари мардҳо дастрасӣ медоштаанд, шумораи гуруснаҳо дар дунё то 150 миллион кас кам мешудааст. Мушкилоти дигари пешорӯйи мардуми дунё ҳам вазъи онҳоро бадтар мекардааст. Масалан, дар дунё тибқи омор 1,4 миллиард кас ба нерӯи барқ ҳоло ҳам дастрасӣ надоштааст, ки аксари онҳо дар кишварҳои дар ҳоли рушд — сокинони деҳот будаанд. Мушкили барқу энергетика дар минтақаҳои гуногуни дунё як монеаи асосӣ барои камтар кардану коҳиш додани фақирӣ ва гуруснагӣ дар дунё аст.

Баъзе омори нигаронкунанда ҳам аз ин самт дар даст ҳаст. Масалан, тибқи нишоноди индекси глобалии гуруснагӣ то соли 2030 дар 47 кишвари дунё сатҳи серӣ аз сифр ҳам поинтар мешавад. Ин тамоман фоҷеа хохад буд. Индекси глобалии гуруснагӣ – ин як василаи ченкунӣ ва назорати гуруснагии глобалӣ дар манотиқи мухталифи дунё аст. Он мушаххас мекунад, ки чӣ қадар мардум дар дунё калорияи заруриро ба даст намеорад, ғизои серӣ надорад, чӣ кадар кӯдак вазни нокифоя дораду рушди хуб намекунад ва чӣ қадар мардум аз гуруснагӣ ва оқибатҳои он мемирад.?!

СММ ҳам гуфтааст, ки мардуми осебпазир ба мушкили фақирӣ ва гуруснагӣ асосан гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ, мардуми сокини кишварҳои ҷангзада ва мисли инҳо ҳастанд. Фақат дар Афғонистон дар тӯли чор соли охир камчинии маводи ғизоӣ ду карат афзоиш ёфтааст. Ҳоло онҷо бештар аз 17 миллион кас азоби гуруснагӣ доштааст. Ин шумора дар соли 2017 – 7,6 миллион кас буд. Дар Сурия шумораи ин гурӯҳи мардум ду карат ва дар Нигерия ҳатто се карат зиёдтар шудаанд. Дар Эфиопия ҳам ки ҳам гирифторони коронавирус зиёд асту ҳам он кишвар дар ҳолати нохуби сиёсӣ ва амниятиву иқтисодӣ қарор дорад, ба мардумаш гуруснагӣ таҳдид мекунад. Хушксолӣ ва камчинии маҳсулоти кишоварзиву ғизо домангири чандин кишвари дунё, мисли Куриёи Шимолӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки Пхенян ҳатто захираи низомии худро барои мардум тақсим мекунад, то аз гуруснагӣ онҳоро наҷот бидихад. 

Барои ҳалли мушкили гуруснагӣ дар дунё коршиносону муттахасисон чанд  роҳро пешниҳод мекунанд, ки инак муҳимтаринашро инҷо меорем:

  • Танзими таносуби рушди истеҳсолӣ ва зиёдшавии аҳолӣ. Ин таносуб ҳоло ба кавле вайрон аст. Агар рушди истеҳсоли 35% бошад, зиёдшавии аҳолӣ 43% аст;
  • Дуруст ба роҳ мондан ва татбиқ кардани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии қишлоқ;
  • Тақсимоти дуруст, одилона ва оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва гайра;
  • Пешгирии офатҳои табиӣ ва чорандешии хуб пештар аз ба вуқӯъ пайвастани офату фоҷеахо;
  • Истифодаи дурусти манбаъҳо ва захираҳои обӣ;
  • Камтар кардани хароҷот барои ҷангу ҷанҷолу амалиёти низомӣ, аз миён бурдани даргириҳои қавмӣ;
  • Беҳтар кардани вазъи экологӣ дар дунё;
  • Беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум дар кишварҳои фақир;
  • Бозбинӣ кардан ва ҷорӣ кардани ислоҳоти густарда ва натиҷабахш дар самти хоҷагиҳои кишоварзӣ;
  • Татбиқи дастовардҳои замони нав, талош барои татбиқи иқтисодиёти сабз ва дастовардҳои муосири илму техника;
  • Кӯмак расонидан ба кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушд аз ҷониби донорҳои байналмиллалӣ;
  • Аз миён бурдани баъзе зуҳуроти манфӣ, мисли фасоду пора дар тамоми  самту соҳаҳо,  махсусан дар бахшҳои калидӣ ва хеле муҳим;

Ин буд як шарҳе дар мавриди гуруснагии мардумони олам ва вазъияти ба он вобаста. Мавод бо такя ба маълумот аз манбаъҳои кушод таҳия шуд. Аммо агар дар мисоли ҳар як оила мо хоҳем, ки барои пешгирии ин ҳолат ва бехтар сохтани зиндагии худамон иқдом кунему муваффақ шавем, бояд чанд кору амали хеле соддаро иҷро кунем: аввал, ин ки чанд ҷойи кор ва манбаи даромад бояд дошту хароҷоти то ин вакт будаи нозарурро камтар кунем, аз ҳар намуди даромади худ аз 10 то 20% онро барои “рӯзи мабодо” нигоҳ дорем, дар маъракаву тӯйҳо харҷи ҳангуфт ва нозарур  накунем, ба кору амале, ки ба пул вобаста асту мо онро намефаҳмем ё хавфи бештари молиявӣ дорад, даст назанем, худро дидаву дониста бе назардошти имкониятҳои молиявии худ ба қарз ғуттавар накунем ва он чизеро ки қиммат асту бе он ҳам зиндагии мо мегузарад, аслан нахарем. Дигар ба ин рӯйхат шумо ҳам метавонед амалу ҳаракату тасмими дигарро илова кунед.

Серу саломату комёб бошед!!!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти