Асрори рӯйи инсонҳо ва рӯйи нон

Дигар маълум аст, ки дар шаклгирии зиндагии инсонҳо дастҳову пойҳо ҳам нақши муҳим доштаанд… Дастҳое, ки покизаву олуда буданд ва пойҳое, ки ҳар куҷо рафтанду нарафтанд. Ва ҳам на камтар аз онҳо нақш доранд сарҳову мағзҳо, ки идораи ҷисм дар дасташон буд, чашмҳо, ки гоҳ сер буданду гоҳ гурусна ва қалб, ки саргузаштҳо онро гоҳ нарму ором ва гоҳҳо сангу оҳан карда…

Аммо рӯй аст, ки асари хиҷолатро фавран дар худ инъикос мекунад, мисли осори шодӣ, ки дарҳол ба болояш медамад. (Тахминан монанди индикатори ким-кадом электрик, ки ба воситаи он будан ва ё набудани қувваи барқро месанҷад)

Пури хокистар аст, гирди лабони оне, ки кадом вақт рӯ ба рӯйи як интихоб, як иштибоҳ ё баъди кадом тасмим варақи рӯяш даргирифтаву сӯхтаву дуд кардааст…(Ва онро дигар ягон собуну моеъи дастурушӯйӣ пок карда наметавонад)

Дар рӯйҳо ҳазорон осор аз зарбаҳои панҷаву ангуштони акнун фалаҷшуда боқӣ мондаанд, ки соҳибонаш бехабар аз қоидаи бумеранг ин амрро бори кори зиёду сардии шабҳои фасли дай мекунанд…Дар рӯйҳое, ки ҳеҷ гоҳ ба рӯйи ҳарому макруҳот наафтида буд, то имрӯз, баъди хушкидани садҳо чашмаву ҷӯй ҳам, сад ҷӯя об равон аст…(Обе, ки онро мардумон гоҳ обрӯ мегуянду гоҳо оби руй)

Читать далее →

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд….

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ аз мардуми сарватманди дунё даъват кардааст, ки барои мубориза бо гуруснагӣ дар дунё – 6,6 миллиард доллар хайр кунанд. Ин созмон гуфтааст, ки ҳамин миқдор пул кофӣ аст, ки 45 миллион кас аз доми гуруснагӣ дар дунё халос шаванд. Ин баҳс вобаста ба хайр кардани сарватмандон барои мардуми гуруснаи дунё чанд моҳ пештар сар шуда буд. Ҳамон вақте ки директори иҷроияи ин созмони байналмиллалӣ аз сарвари ширкати ТЕСЛА – ИЛОН Маск 6 миллиард доллар ё 2% дороии ӯро барои мубориза бо гуруснагӣ талаб карда буд. Ин замоне буд, ки Илон Маск дар як шабонарӯз 6 миллиард дороии худро бештар карда буд. Бо назардошти муҳим будани ин мавзӯъ мо инҷо шарҳеро дар мавриди гуруснагӣ дар дунё, сабабҳои ба миёнойӣ ва тасмимҳои ҳукуматдорону коршиносон ҷихати пешгирии ин ҳолат пешниҳод мекунем.

Читать далее →

8 марти соли 2011

  У  аз замони обистан буданаш номи Субхонро дуст медорад. Ин номи писарчаи хамсоя будааст. Баъд у хам Субхондор  мешавад. Хамон хавас дар дилаш гул мекунад. Субхони у бо дуои хайраш мактабхон мешавад. Баъд орзуи донишчу дидани Субхонаш дар дили у пайдо мегардад…. У барои хамкурсони Субхони  аллакай донишчуаш хар хафта курутобу шакаробу ош мепухт. Пулхои дар гушаи румолаш шикаста, ки ба суи Субхони донишчу дароз мешуданд, аз пеши назараш дур намешаванд.  Баъд у хама чизеро ки орзу мекард, дид. Ва хам дид он чизеро, ки тамоман барои Субхонаш орзу намекард. «Худтон обод бошанд, давлати ман» — гуфту худро тасалло дод. Субхони хазор кас дубору себор зан гирифтааст.  «Субхон» -и баъдиро  аз Субхони худаш Эхсон ном гузошт. Барои бахту саодати додарону хохарони Субхонаш ягон чиро дарег надошт, хама чиро сарф кард, сухт, тамом кард….Хатто дилашро…(духтур пеши танур истоданашро хам манъ кард, ки ба дилаш гарони наорад…) Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти