Аз миёни ҳама чизе, ки одамон онро зиёд интизор мешаванд, шояд яке аз муҳимтаринҳояш ТӮЙ бошад. Дарёфти пули тӯй имрӯзҳо ҳазор ҷавони навхатро ба муҳоҷират мебарад, маҷбур мекунад, ки азобу ранҷи мулки бегонаро таҳаммул кунад, то инҷо тавонад оила барпо созад. Албатта зиёданд ҷавононе, ки дар мавриди тӯй ва оиладорӣ комилан ғам надоранд, зеро волидону наздиконашон лозим шавад барояшон арӯс ҳам меёбанд, тарабхонаву сароянда ҳам пайдо мекунанд ва харҷи тамоми ин маъракаву нишасту омаду рафтро ҳам медиҳанд. Мавзӯйи мо хароҷоти тӯй нест. (Вале бояд иқрор шуд, ки ҳоло ҳам ин харҷ кам нест — пули хонаи арӯс, мошину сарояндаву тарабхонаву ороишу либоси арӯсиву овардану бурдани хешу табори арӯс ва чанд чизи дигар албатта аксаран ба дӯши домод ва хонаводаи ӯ аст). Маро чанд вақт аст, ки худи раванди тӯй, тазоду ҳолатҳову тартиби баргузории ин маҳфил ва фарҳанги иштироки меҳмонон дар тӯй нигарон мекунад. Аммо аз ин миён муҳимтаринаш фарҳанги ширкат дар тӯй аст. Фикр мекунам чанд андешаи ин ҷонибро дар ҳамин мавзӯъ ба риштаи таҳлил кашида, маҳфилҳоеро, ки худатон онҷо будед, ба хотир оварда муқоиса мекунед ва хулосаи охирро мустақилона мебароред.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: ЗАГС, домоду арӯс, меҳмонон, никоҳ, ровӣ барранда, сарояндаҳо, соҳиби тӯй, тӯй, тӯй муборак | Leave a comment »










