«Тӯй дар ин хона муборак шавад…»

Аз миёни ҳама чизе, ки одамон онро зиёд интизор мешаванд, шояд яке аз муҳимтаринҳояш ТӮЙ бошад. Дарёфти пули тӯй имрӯзҳо ҳазор ҷавони навхатро ба муҳоҷират мебарад, маҷбур мекунад, ки азобу ранҷи мулки бегонаро таҳаммул кунад, то инҷо тавонад оила барпо созад. Албатта зиёданд ҷавононе, ки дар мавриди тӯй ва оиладорӣ комилан ғам надоранд, зеро волидону наздиконашон лозим шавад барояшон арӯс ҳам меёбанд, тарабхонаву сароянда ҳам пайдо мекунанд ва харҷи тамоми ин маъракаву нишасту омаду рафтро ҳам медиҳанд. Мавзӯйи мо хароҷоти тӯй нест. (Вале бояд иқрор шуд, ки ҳоло ҳам ин харҷ  кам нест — пули хонаи арӯс, мошину сарояндаву тарабхонаву ороишу либоси арӯсиву овардану бурдани хешу табори арӯс ва чанд чизи дигар албатта аксаран ба дӯши домод ва хонаводаи ӯ аст). Маро чанд вақт аст, ки худи раванди тӯй, тазоду ҳолатҳову тартиби баргузории ин маҳфил ва фарҳанги иштироки меҳмонон дар тӯй нигарон мекунад. Аммо аз ин миён муҳимтаринаш фарҳанги ширкат дар тӯй аст. Фикр мекунам чанд андешаи ин ҷонибро дар ҳамин мавзӯъ ба риштаи таҳлил кашида, маҳфилҳоеро, ки худатон онҷо будед, ба хотир оварда муқоиса мекунед ва хулосаи охирро мустақилона мебароред.

  • Даъват.

Вақте ки шуморо ба тӯй даъват карданд, хурсанд шавед, ки аз миёни садҳо хешу табору наздикон дар қатори 149 каси дигар  шуморо ҳам интихоб  кардаанд.  Варианти беҳтарин шояд ҳамин аст, ки омадану наомаданатонро ба соҳиби тӯй бо ягон роҳ (смс, занги телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ ё бевосита) хабар диҳед. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, дар ягон даъватнома наменависанд, ки кӯдаконатонро ҳам ҳамроҳ биёред. Дар ягон тарабхона агар онҳоро пеш накунанд ҳам, барои онҳо курсиҳои алоҳида  намегузоранд. Вале агар шумо онҳоро овардаед, пас бояд ҳатман назорат кунед, ки дар он тӯйхона чӣ кор мекунанд?! Агар кӯдаки шумо хурдсол ва навзод аст, ҳатман фикр кунед, ки садои баланди мусиқӣ (ҳатто баъзан садои гӯшхарош) оё ба тифли хурдсоли шумо таъсири бад намерасонад? Гушу мағзи сари он кӯдак товони бардошти чанд дб садоро доранд? Ин дар ҳоле аст, ки зеботарин ва беҳтарин толорҳои туйии мо бе назардошти қоидаҳои акустика ва илми садо сохта шудаанд ва аксаран сардардиву мондашавии асабҳо ҳам баъди тӯйҳоро сабаб ҳамин чиз аст.

  • Омадан ва дер омаданҳо

Дигар чанд сол аст барои ҳама маълум аст, ки бе назардошти гуруҳи сарояндаҳо шумораи иштирокдорон дар тӯйҳо на бояд бештар аз 150 кас бошад. Яъне, агар даъватнома фақат барои шумо аст, ба он тӯй танҳо бояд рафт, агар вақти оғози тӯй соати 18 аст, 10-15 дақиқа пештар бояд ба он нукта ҳозир шуд. Вақти ворид шудан касе ҳатман бояд меҳмононро истиқбол бигирад ва дар ҳамон мизе, ки пешаки соҳиби тӯй мушаххас кардааст, бинишонад. Ин боз ҳам ба гумони ин чониб аз он ҷиҳат муҳим аст, ки соҳибтӯй ҳатман чанд омили муҳимро ба назар гирифта, меҳмононро ҷо ба ҷо мегузорад, ки муҳимтаринаш марду зан будани онҳо ва  шароб нӯшидан ва нанӯшидани меҳмонон аст. Соҳибони тӯй агар қаблан дар даъватномаҳо рақамгузорӣ кунанд, беҳтар аст, зеро  меҳмон худаш мизи барои ӯ пешбинишударо, ки дар он соҳибтӯй меҳмононро пешаки гуруҳбандӣ кардааст, пайдо мекунад. Ин таҷрибаи нав нест ва дар аксарияти маҳфилҳову нишастҳо ва озмунҳо ҳам истифода бурда мешавад. Мардум бояд донад, ки бо дер омадан шумо кори соҳибтӯйро ки ним соати аввали тӯй бе ин ҳам сари калобаашро гум мекунад, вазнинтар мекунед. Боз ҳам агар меҳмонони алоҳида як ду каси тасодуфӣ ва шиносу нимшиносро ҳамроҳашон оварда бошанд, мушкили  соҳиби тӯй тамоман печидатар мешавад.   Агар шумо ба тӯй даъват шудаеду бо мошин рафтаед, онро дар ҷойе гузоред ки ба ҳаракати мошинҳои дигар (ва махсусан мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва монандаи онҳо) халал нарасонад. Сад бор шудааст, ки ровии маҳфил рақами кадом мошинеро эълон мекунад, ки соҳибаш онро бояд аз роҳи гузари дигарон ва ҷойи номувофиқе бигирад.

  • Меҳрубонӣ ва худнишондиҳиҳо

Мушоҳида мешавад, ки дар тӯйҳо шиносу дӯстону ҳамсабақон ва ҳамкорон, ки пул доранду аз миёни сарояндаҳои гуногун шиносу дӯстони дигар доранд, ба тӯйи рафиқу дӯсташон баъзан аз рӯйи меҳрубонӣ, баъзан аз эҳтиром ва баъзан барои худнамоишдиҳӣ сарояндагонро даъват мекунанд. Ин шояд кори бад набошад, аммо варианти дурусташ ба андешаи инҷониб ҳамин аст, ки шумо ин тасмиму нақшаи худро бо соҳибтӯй мувофиқа кунед. “Сюрприз” на дар ҳама ҳолат хостаниву ҷолибу шавқовар аст. Хоху нохоҳ соҳиби тӯй як сароянда ё гуруҳеро бо пардохти пул ба он тӯй даъват кардааст. Дуруст мешавад, ки ин корро ҳам пешакӣ бо он сароянда маслиҳат кунед. Тасаввур кунед, ки агар ба ҷуз сарояндаи асосӣ дар тӯй 5 сарояндаи дигар барои табрикот биёяд, чӣ ҳолат рух медиҳад?! Сабку услубҳо фарқкунанда, садоҳо омехта, оҳангҳо мухталиф, асбобҳо дигаргуна…. Сарояндаҳо, ки дар аксарияти ҳолат бе пул куҷое намераванд ва дарёфти онҳо мушкил аст, вақте ки барояшон дар тӯй навбат мерасад, то ҳамон ним соату чил дақиқаи сабти таронаҳояшонро тариқи фонограмма нахонанд, намераванд. Аксарияти сарояндаҳо (махсусан сарояндагони табрикотӣ) дар ғунҷоишҳои мухталиф (аксаран телефони худашону флешкортҳо) як базми тӯйёна доранд, ки ним соат ва бештар аз он аст. Яъне, агар шумо сароянда ҳастеду дидед, ки дар он тӯй мисли шумо сарояндаҳои дигар ҳам омадаанд ё онҳоро овардаанд, чанд таронае, ки ровии маҳфил гуфт, ҳамон миқдор тарона иҷро кунед.  Мушоҳида мешавад, ки нафароне ки таҷҳизоти тақвияти садоро дар тӯйҳо мебаранд, барои фақат 1 “клавиш” ба қавли сарояндаҳо сим мебаранд. Дигар ҳар сароянда бояд аввал асбоби барқии сарояндаи пештар аз худашро гирифта, асбоби худашро дуруст кунад, то 5 дақиқа интизор шавад, ки он ба кор дарояд ва баъд сарояндаро аз берун ё аз даруни мошинаш ба толор даъват кунад. Дар омади гап бояд гуфт, як муддат пештар дар айнан ҳамин гуна тӯй соҳиби тӯй ба ман суол дод, ки “Субҳон, ин сарояндаҳо аксаран чаро ҳамдигарашонро дида наметавонанд? Касе дар толор, касе дар ҳуҷраи сарояндаҳо, касе дар берун, касе дар дохили мошинаш навбати худро интизор аст…”. Яъне, “бегонаҳо” ҳам аллакай медонанд, ки дар ин дарун (дар шоубизи тоҷикӣ) чӣ гапу хабар аст 🙂

Одати дигари нохуби аксарияти сарояндаҳо ҳамин аст, ки вақти якҷо шудан дар тӯйҳо ҳамаи онҳо куҷое саросемаанд, тӯй доранд, кадом раису мансабдоре онҳоро интизор аст ва мисли ин ..Баъзе баҳонааҳояшон хеле содалавҳона ва хандаовар ҳам ҳаст. Агар саросема ҳастед, аввал ин ки намеомадед ва розӣ намешудед, аммо вақте ки омадед, вақте ки гӯё эҳтироми касеро ба ҷо овардед, пас тоқат кунед акнун! Ба ин тӯй дуруст омадани вақти тӯйи дигари шумо ё ба ҳамин фурсат рост омадани вақти сурудхонии шумо дар кадом ресторане ба ҳеҷ ваҷҳ айби ровӣ ё соҳиби ин тӯй нест ку.

Вақте ки соҳиби тӯй он сарояндаҳои “табрикотӣ” – ро намешиносад, ин тамоман ҳолати нохуб аст. Масалан, ман ҳамеша аз соҳибтӯй мепурсам, ки ин сарояндаро шумо даъват кардаед ё не? Кай барояш навбат бидиҳам? Ва оё навбат диҳам ё хайр? Дар аксарияти ҳолатҳо бечора соҳиби тӯй намедонад чӣ гӯяд, чӣ тавр аз онҳо баъзан гурезад. Варианти беҳтарин ҳамин аст, ки агар мехоҳед дар тӯйи наздиконатону дӯстатон бо даъвати кадом сарояндае меҳрубонӣ нишон диҳед, қаблан инро бо соҳиби тӯй ва домод мувофиқа кунед, маслиҳат кунед ва баъд ин корро анҷом бидиҳед. Баъзе меҳмонони хира, ки зери таъсири шароби бепул мондаанд, дар баъзҳе тӯйҳо сарояндаро аз толори дигарӣ, аз роҳ, ки тасодуфан бо ӯ вохурдаанд, маҷбурӣ ба толор оварда, барояш навбат мегиранд ва бо ин роҳ нишон медиҳанд, ки “одами вазнин” ҳастанд.

  • “Мувофиқи талаб”

Агар ба тӯй даъват шудед ва дидед, ки сароянда кӣ аст, кӯшиш накунед, ки фаротар аз доираи завқу истеъдоду таҷрибаи ӯ чизе дархост кунеду талаб созед. Бо каме “гарм шудан”  мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо вақти сурудхонии сароянда сахт гардани ӯро гирифтаву гӯши он бечораро ба ҳадде ба лабу даҳони худ наздик оварда, “мувофиқи талаб” мекунанд, ки тахмин мекунам, баъзан дили он сароянда мешӯрад.  Наход ягон варианти беҳтари дархости суруд набошад? Гузашта аз ин, агар шумо меҳмони тӯй ҳастед, аввал дар бораи он сароянда фикр кунед, ҳатто зодгоҳу ҷойи корашро ба ёд оред, услуби сарояндагии ӯро ба назар бигиред ва баъд кадом сурудро аз ӯ дархост ё талаб кунед! Сарояндаро соҳиби тӯй аввалтар аз ҳама шояд барои он даъват кардааст, ки сурудҳои ӯро шахсан дӯст медорад, мухлиси ӯ аст, баъдтар шояд бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва молиявии худ даъват кардааст. Чаро он сароянда бояд сурудҳоеро бисарояд, ки хоҳиши ким кадом меҳмони шиносу ношиноси масту аласт аст? Агар он сурудҳоро хонда натавонад чӣ? Ё он услуб барои он сароянда бегона бошад чӣ? Дархости суруд ва маҷбур кардани сароянда барои гуфтани  ҳарфу ҷумлаҳое мисли “ин тарона барои бачаҳакойи….” ҳам варианти хуб нест ва ҳам аз доираи ахлоқи меҳмонӣ дур аст. Баъзан на соҳиби тӯй, балки ким кадом меҳмон ва шахси бегонае ба шумо, чун ровӣ фармон медиҳад, ки кӣ бояд сӯҳбат кунад, кӣ гап назанад, кӣ камтар гап занад ё ровӣ чӣ гӯяду чиро нагӯяд!?

  • Бетоқатиҳо

Ягон тӯй дар дунё ба гумонам мисли аксарияти тӯйҳои мо пур аз даробарову омаду рафту шишту хез нест. Баъзан кас ҳайрон мешавад, ки мардум чаро дар ҷойи худ намешинанд, тоқат надоранд,  ором буда наметавонад, дар се соати тӯй шояд сад бор хеставу ба мизи дигар, ба берун ва ба ким куҷои дигар биравад. Мардум! Баъзе ҷойҳоро пеш аз тӯй “хабар” бигиред. Дар маҳфили бечора соҳибтӯй хаос насозед. Сухани ровӣ ва меҳмононро, ки барои табрик аз ҷо хестаанд, хомӯш гӯш кунед! Мутаасифона ҳоло ҳар миз дар тӯйҳои мо маркази баҳс дар мавзуоти алоҳида аст. Гӯё барои баҳсу суҳбатҳо бо садои баланд онҳо гирди ҳам омадаанд. Аввал ин ки вақти сурудхонӣ ва сӯҳбати касе гап задан хуб нест, дуюм ки дар ҳоли баланд будани суруду мусиқӣ шумо бо зур задаву дод зада  гапатонро гуфтан пардаҳои овозиатонро осеб медиҳед, баъд ин ки суҳбатҳои пурсупосии худро пештар аз оғози тӯй, ки фурсат доред, анҷом бидиҳед!!! Қариб дар тамоми тӯйҳо, занҳо гуруҳӣ ба куҷое мераванд, модарон кӯдакони худро чанд бор “берун” мебаранд, касе ким-кадом шиносу нимшиноси худро барои сӯҳбати хоса ба берун ва ё роҳрави тарабхона мебарад, ким-кадом масту аласте бо касе “разбор” мекунад, касеро барои овардани шароби иловагӣ равон мекунанд, касе аз ними маҳфил рафтанӣ мешавад ва чанд каси дигар ба гуселаш мехезад, касе соҳиби тӯйро суроғ дорад….Тасаввур кардед ҳамин ҳолатро?

  • “Аҳли ҳунар…”

Дигар ҳоло ба назар мерасад, ки бисёриҳо ба ин гуруҳ ворид ҳастанд. Дар қатори сароянда ва навозанда, ронандаву аппаратчику кондуктори ронандаи Газелу дӯстони овозхону навозандаҳо ҳам ба “аҳли ҳунар” ворид мешаванд. Навозандаҳои дигаре ки домоду арӯсро дар вақти никоҳу ЗАГС-у сайругашт дар боғ ҳамраҳӣ кардаанд, суратгиру наворбардор, роҳбари гуруҳи онҳо, суратгирҳои он тарабхона ва боз чанд нафари дигаре, ки фикр мекунанд, аз мизи сароянда ҳақ дорад, ҳатман ба ҳамон “аҳли ҳунар” ворид мешавад. Бошад! Даъват шудаанд ва хизмат мекунанд. Вале, вақте ки даъват нашудаанд ва меоянд, сарборӣ ҳам барои соҳиби тӯй ва ҳам барои сарояндаи асосӣ мешаванд. Омадану ором нишастан шояд бад нест, вале тасодуф омадану шароби бепулро нӯшидану ба ҷони ҳама расидан, камоли беақлӣ аст. Шумо агар сароянда ҳастед, ҳатман бояд навозандаҳои худро назорат кунед, ки аз пушти худ дӯстони шубҳаноку тасодуфиву ношиноси худро ба маҳфиле, ки ба шумо бовар карда шудааст, наоранд. Ҳис мекунам, ки вақте ки аллакай омадаанд, аллакай чандин бор аст, ки меоянду “рӯйи одам ширин аст”, ва шумо ҳам хомӯшона чизе намегӯед, онҳо ҳам “мегузаронанд”. Ва ҳам фикр мекунам, ки варианти беҳтар ҳамин аст, ки соҳиби тӯй касеро уҳдадор кунад, ки ҳамин ҳуҷраи “аҳли ҳунар”-ро назорат кунад ва бегонаҳо, тасодуфиҳо, масту аластҳоро ҷавоб бидиҳад. Яъне, ҳамон масъулиятеро ба дӯш дошта бошад, ки шояд сарояндаву навозандаву ровӣ онро иҷро карда натавонанд. Ин ҳам таҷрибаи нав нест, масалан агар тӯй дар деҳа асту меҳмонон дар хонаҳои алоҳида (ва ҳатто хонаҳои ҳамсоя) мешинанд, барои ҳар хона соҳиби тӯй як каси алоҳидаеро таъин мекунад, ки тозагӣ ва тартибро дар онҷо назорат кунад ва ҳам мекунад.  

  • Ногуфтаҳои гуфташуда…

Фаромӯш накунед, ки соҳиби тӯй пагоҳ аз сар тӯй карда наметавонад, ҳама чиро аз нав сабт кардан ҳам номумкин аст. Ба ёд дошта бошед, барои ин тӯй соҳиби тӯй шояд солҳо дар муҳоҷират буд ва шояд қарзи зиёд кардааст. Ҳеҷ кореро, ки ӯрову меҳмонони дигарро нороҳат мекунад, набояд анҷом дод. Вобаста ба имкон соҳибтӯй ҳама чиро рӯйи миз гузоштааст, шаробу кабобу нӯшоба овардааст. Чизи бештар талаб накунед. Махсусан, шароб. Шарт нест, ки тӯйро вайрон кунеду шуморо бо “одеяло” аз тӯйхона бубаранд. Агар танҳо даъват шудед, танҳо биёед, агар ба хона рафтанӣ ҳастед, орому бе ҳангома ва бе ташвиш додани касе биравед, агар ронада ҳастеду аз пушти мошини домоду арӯс меравед, шарт нест суръатро баланд кардаву худрову имкониятҳои мошинатонро ба намоиш гузоред, агар соҳиби тӯй нагуфтааст, ки боқимондаи ғизову нӯшокиҳоро ба хонаатон баред, онҳоро набаред (ҳатто агар ин гуна хоҳиш ҳам кунад, шумо чизеро то имкон аст, набаред!), ба пешхизмат бештар аз ӯҳдадорӣ ва вазифааш чизе нагӯед, чизе талаб накунед, дағалӣ накунед, рақами телефону шаҳвар доштану надоштанашро ҳам напурсед, дархости сурудро аз сароянда бо назардошти услуби овозхонаӣ ва  истеъдоду таҷрибаи ӯ, тариқи як қоғазча ба воситаи пешхизмат анҷом бидиҳед, ки ин варианти беҳтар аст, шарт нест, ки дар як тӯй як қуттӣ сигорро дуд кунеду саду як бор ба беруну ба куҷои дигар бароед, наздикону ҳамкоронатонро қаблан огоҳ кунед, ки шумо аз фалон то фалон соат дар тӯй ҳастед — то шуморо безобита накунанд, агар домод ё арӯс худаш хоҳиш накардааст, шарт нест, ки “ба болои тахт” баромада, сурат бигиред, вақти сурудхонии кадом сароянда хуб нест, ки дар бараш рост шудаву акс гиред ё селфи кунед (ба ҳар сурат кам касон бовар мекунанд, ки он сароянда дӯсти шумо аст ва ҳам агар бе ин наметавонед, ин корро бояд баъдтар кунед!), вақте ки “гарм мешавед” ва ҳам бе мувофиқаи қаблӣ хуб нест, ки ба ин тӯй рақосаҳои шиносу кадом ҷӯраи сарояндаи худро даъват кунед ва сенарияи ин маҳфилро вайрон кунед. Ровӣ ва меҳмонони дигарро гӯш кунед, агар сухан гирифтед, бе “нозу бозор” омада ду  ҷумлаи хубу самимӣ гуед, вақтро ба дарозо накашед, ҳолату ҳаводис ва гапу хабари барои домод, соҳибтӯй ва меҳмонон нодаркору дуюмдараҷаро нагӯед, агар меҳмон ҳастед, истеъдоди суханварӣ, шеърхонӣ ва сарояндаи худро дуру дароз ба тамошо нагузоред, баъди анҷоми вақти муқарраршуда ба ҳеҷ ваҷҳ худро “одами фавқулода” вонамуд накунед ва талаб накунед, ки “мехонад ҳозӣ, ман худум ҷавоби танзима метум…”. Агар шумо ба қавле ҳушёреду дидед, ки дӯстони шумо ин корро мекунанд, онҳоро ором кунед, ба хона гусел кунед ва маҳфили тӯйдорро вайрон накунед.  Ва агар менӯшед, ба ин маҳфилҳо бе мошин биёед ва дар ҳолати мастӣ ҳеҷ вақт сари чамбараки мошин нашинед!  
Ҳама чизи сода, фаҳмо, маълум…Қариб, ки ягон гапи нав нест. Вале афсӯс, ки аксарият ҳамин чизҳои сода, талаботи ҳатмӣ ва шарти меҳмониро дар тӯйҳо риоя намекунанд…
      

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти