То ду соли пештар ман ба шабакаи youtube (ва ҳам Tik Tok ва Instagram) қариб ҳеҷ вобастагиву сари кор надоштам. Ягон вақт ҳам дар андешаи чеҳранамоиву иззатталабиву барномасозӣ тариқи ин шабака (ва саҳифаҳои дигари монанд ба он) набудам. Шояд аз он буд, ки бештар аз 10 сол аст ман дар баробари радио дар ТВ ҳам шартномавӣ кор мекунам, як вақт ҳатто ҳафтае ду барномаи телевизонӣ ва моҳе то 8 барнома сабт мекардем. Мо дар ин навишта дар мавриди шумораву сафи мухлисони радио ва телевизион, кадом мавзӯъ ва услуби барномасозӣ гуфтанӣ нестам. Фақат як мушоҳидаро, ки маро ҲАЙРОН мекунам, мехостам бо шумо ҳам шарик кунам.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ютуби тоҷикӣ, баҳсҳо дар интернет, коментарии, комментҳо, ответ ба, спор в Ютубе, фарҳанги истифодаи Интернет, шарҳнавӣ, ҳайрон, youtube | Leave a comment »










