Ҳайронӣ (7)

          То ду соли пештар ман ба шабакаи youtube (ва ҳам Tik Tok ва Instagram) қариб ҳеҷ вобастагиву сари кор надоштам. Ягон вақт ҳам дар андешаи чеҳранамоиву иззатталабиву барномасозӣ тариқи ин шабака (ва саҳифаҳои дигари монанд ба он) набудам. Шояд аз он буд, ки бештар аз 10 сол аст ман дар баробари радио дар ТВ ҳам шартномавӣ кор мекунам, як вақт ҳатто ҳафтае ду барномаи телевизонӣ ва моҳе то 8 барнома  сабт мекардем. Мо дар ин навишта дар мавриди шумораву сафи мухлисони радио ва телевизион, кадом мавзӯъ ва услуби барномасозӣ гуфтанӣ нестам. Фақат як мушоҳидаро, ки маро ҲАЙРОН мекунам, мехостам бо шумо ҳам шарик кунам.

          Ташкилу идораи саҳифае бо номи ИСТГОҲ дар youtube аслан хоҳишу тавсияи чанд тан аз дӯстони ҷавони мо буд, ки мехостанд, лоиҳаи дастҷамъонае дошта бошем ва барои тавлиди як контенти диданӣ, бомаънӣ, фарқкунанда ва муфиду шавқовар иқдом бигирем ва саҳмгузорӣ кунем.  Тахминан аз ҳамон вақт ман ба наворҳои youtube, навиштаҳои мардум, мавзуъҳои ин шабака, ба тарзи кору идоракунии он таваҷҷӯҳ кардаву ҳатто аз имкони ба даст овардани даромад тариқи ин шабака каме маълумот ба даст овардам. Аввал ба назар мерасид, ки youtube-и тоҷикӣ (ва ҳам Tik Tok ва Instagram) як шаҳри бедарвоза аст, вале чун баъдтар амиқтар ба он таваҷҷӯҳ кардам, шарҳҳоро зери наворҳои мухталиф хондам, ҷавобгардониву мудохила ба ҳамдигариву таъсиррасонии ҳамдигарии “блогер” – ҳоро мушоҳида кардам, бовариям тақвият ёфт, ки youtube-и тоҷикӣ ҳоло воқеъан ҳам як шаҳри бедарвоза аст, ки касе хостааст ба он ворид шудаву чизе хостааст, сабту таҳия карда онҷо ба қавли худи блогерҳо “партофтааст..” Дарвоқеъ, баъди мушоҳидаҳо кас ба хулосае меояд, ки дар youtube-и тоҷиқӣ воқеан ҳам чизи “партофтанӣ”, бесифат, нолозим, бемаънӣ ва пуч фаровон будааст. (Ин боз ҳам дар ҳоле аст, ки ман ҳама саҳифаҳоро намебинад, ба ҳама саҳифаҳо обуна ҳам намешавам ва наворҳои нохубу нодаркорро қариб ки намебинам)

Чанд нуктаро аз руйи мушоҳидаҳои на он қадар дуру дарози худ вобаста ба ҳамин саҳифа, яъне youtube (ва ҳам Tik Tok ва Instagram) инҷо меорам ва дар мавриди якеи он каме бо тафсил поинтар хоҳам навишт. Ба назари ман мерасад, ки :

  • Аксарияти блогеру “барранда”-ҳову соҳибони контентҳои youtube (махсусан, онҳое ки дар дохили кишвар нестанд ва махсусан онҳое, ки шарҳ менависад) аз чизҳои зиёд доштаашон дар муқобили донишу саводу мантиқу дарку фаҳмиш  — ҳамин интернети арзонтар ё бепул аст;
  • Як ду варианти барномасозӣ, суҳбат, викторина ва саволу ҷавобе, ки касе кадом вақт фикр кардааст, тамоми саҳифаҳои youtube-и тоҷикиро чарх мезанад, ҳама ҳамон усулу шаклро (чизе монанди қуттичаҳои саволу шартҳои сода) истифода мекунанд;
  • Аксарияти онҳое, ки кадом ҷумлаҳои босаводонаву афоризму панду андарзҳои кӯтоҳро дар ҳавои кадом оҳангу мусиқӣ мехонанд ё қироат мекунанд, ин корро бе риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ мекунанд, ягон нафари онҳо наменависад, ки он матни кӣ аст ва кадом оҳангро ӯ истифода кардааст? (Аз рӯйи чанд тани онҳо, ки мешиносам, метавонам гуям, ки он гуна матнҳоро онҳо ҳеҷ вақт фикр карда наметавонанд J) Шояд мехоҳанд, ки ба назар хеле босавод бирасанд. Сабки якхелаи қироат ва сохтакорӣ дар садоҳо бошад-ку тамоман нороҳаткунанда аст;
  • Аксарият кӯшиш намекардааст, ки контенти босифат офарад, ҳамсӯҳбати донишманд ёбад, саволҳои тозаву ҷолибу шавқовар пешниҳод кунад. Мушоҳида мешавад, ки (на фақат саволу пурсишу мавзӯъҳо) ҳатто меҳмонҳо ҳам аксаран такрор ба такроранд;
  • Мардуми youtube-нишин аксаран (шояд бекортару сабуктару фориғтар аз ташвишҳои дигаранд, ки) ба тамоми мавзӯъ, навор, суҳбат, ишора, фикри шахсии касе, хулосаи олиму омӣ, навори хонаводагии истифодабардаи дигаре, андешаи инфиродии каси ношиносе, ҳатто ба лавҳае, ки дар он фақат гулҳоро нишон додаанд,  … хулоса ба ҳама чиз бояд шарҳ менавиштааст, бояд мудохила мекардааст, бояд ҳамон “5 тин” –и худро ба қавли русҳо дар миён мегузоштаст…;
  • Шояд 80-90% шарҳу тафсиру комменту нигоштаҳои мардуми youtube-нишин, бе риояи одитарин қоидаҳои имлои забон, нодуруст, ғалат, дур аз мантиқ, хато ва таҳқиромезу таҳдидомез бошанд; Фақат кофӣ аст, ки касе андешаеро баён созад, ки дар зеҳни ин истифодабарандаи youtube намеғунҷад, аз доираи дарку фаҳмиш ва саводи ӯ берун аст. Тамом. Сар мешавад, даҳшати воқеъӣ.
  • Бештари истифодабарандагони youtube-и тоҷикӣ, дорандаҳои саҳифаҳои мухталиф одитарин қоидаҳои истифодаи маводи бегонаро намедонистаанд. Хеле кам мешавад, ки ишора ба муаллифи аслӣ шавад, хеле кам аст, ки эҳтироми ҳамсуҳбати дигар ё истифодабарандаи дигар ба ҷо оварда шавад, хеле кам аст, риояи ҳуқуқҳои муаллифиро дар ин шабака мушоҳида кунед; Табиист, ки ҷавобгариро барои ин амал низ аксарият намедонанд; (Дар ҳамин ҳол мушоҳида мешавад, ки баъзе блогерони “замонавӣ” ба ҳар сурат ёд гирифтаанд, ки агар навори касеро барои истифодаи худашон  медузданд — ё кадрро чаппа мегузоранд, ё садои ҳамсуҳбатон, дурустараш суръати суханронии онҳоро тезтар мекунанд, то youtube ин наворро нашиносад ва лағв накунаду онҳо пул кор кунанд);
  • Мушоҳидаи дигар ин аст, ки наворҳои ҷолибу омӯзишиву маърифатӣ, ки аз ҷониби донишмандон таҳия шавад, хеле кам аст ва ҳам тамошобини хеле кам дорад;
  • Масъулон (аз идораву коргоҳу вазоратҳо) ба гумони ғолиб, ки аз ҳуҷуми истифодабарандагони тасодуфии youtube дар ҳарос барои ташкили кадом саҳифаи ҷолибу омӯзандаву ба дарди мардум малҳам иқдом намекунанд. Инҷо агар сабабҳои вобастагӣ аз касе ва донишу саводи нокофӣ ҳам бошад, яке аз сабабҳои асосӣ ҳамин ҳоло  — дар сатҳи поинтар қарор доштани аксарияти истифодарандаҳои шабакаи youtube-и тоҷикӣ аст, ки бо шарҳу коментҳои бемаънӣ, пуч, таҳқир ва таҳдид соҳиби он контентро асабиву рӯҳафтодаву бемор мекунанд;
  • Мушоҳида кардам, ки мо дар youtube-и тоҷикӣ, барои кӯдакон, наврасон, занҳои хонанишин, мардҳои бекору дар ҷустуҷӯйи кор, донишҷӯёни воқеъӣ ва доираҳои дигар барномаҳо, наворҳои хубу мақбулу мароқангез, тарбиявӣ ва омӯзанда қариб ки надорем. Барномаҳое дар мавриди маърифати молиявӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва мисли ин ба забони тоҷикӣ ва бо усулу шакли нав аслан нест;
  • Ба назар мерасад, ки аксарияти соҳибони шарҳу тафсиру комментҳо ашхосе ҳастанд, ки дар баробари пинҳон гузоштани ҷеҳраи аслии худ, дағалу таҳқиру таҳдид навишта, ҳамин амали худро аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳлил карда наметавонанд. Яъне, асалан наметавонанд фикр кунанд, ки қонунгузориҳои ҷории кишвари мо ва дилхоҳ кишвари олам ҳамин амалу ҳаракати онҳоро манъ кардааст, ин кори онҳо ҷавобгарӣ дорад!
  • Ба назар мерасад, ки мардуми шарҳнавис дар youtube-и тоҷикӣ “коршиноси ҳамаи соҳаҳо” ҳастанд. Ин гуруҳ зери ҳама гуна навор бояд чизе нависад. Ҳатто замоне, ки каси дигари бо донише шояд ҳамон маъниро беҳтар аз ӯ, хубтар ва босаводтар аз ӯ онҷо навиштааст…;
  • Таасуб ва монандӣ, идеядуздӣ, тақлид кардан ва  нохудогоҳ ба муд ворид кардани ин ё он намуди навору барнома (мисли сабти шахсони муҳтоҷу ниёзманд) аз ҷониби “соҳибон” –и саҳифаи youtube-и тоҷикӣ;
  • Ва мушоҳидаи муҳимтаре ки ин навбат дар бораи он зиёдтар хоҳем навишт, ин аст, ки ҳоло дар youtube-и тоҷикӣ ОТВЕТ додан ба дигарон ба қавле мӯд шудааст. Касе як ишора кунад, ду ҷумла нависад ё сабт кунад, як навори кутоҳу дароз гузорад, намедонам дилхоҳ ҳаракатеро анҷом бидиҳад, ки ба ҷашми ким-кадом “блогер” дигаргуна тобад, ҳамон шаб  “ответи фалонӣ ба фалонӣ….” дар youtube-и тоҷикӣ пайдо мешавад. “Ответ” — ҳои аксаран соддалавҳона, бе далел, дур аз одоби муоширату сӯҳбат, берун аз доираи талаботи меъёрҳои ахлоқӣ ва қавонини истифодабарандагони интернет… Ҳамин “ответҳо” боз дар навбати хуб ба “ответи жостки”, “ответи жёстки” ва мисли ин тақсим мешаванд ва мардумро ба “срочно дидан” ташвиқ мекунанд…

Баъди мушоҳидаҳои мо акнун сислсилаи дигаре бо номи “Чаро?” меояд, ки он фарогири чанд ҳамин гуна суолест, ки бо “чаро” сар шудаву аксаран ҳоло беҷавобанд.

  • Чаро вақте ки касе дар саҳифаи худаш (яъне, дар хонаи худаш, ҳудуди худаш..) кадом назару фикрашро баён кард, бояд ҳатман шумо (ва аксаран дағалу содаву бесаводонаву…) ба ӯ ҷавоб бигардонед?
  • Агар истифодабарандаи youtube-и тоҷикӣ  дониши хуб дораду медонад, ки “изои муъмин ҳаром аст” ва мақсадаш ислоҳ кардани шахси дигар аст,  чаро ҳамон “ответи жески” – ашро аввалтар ба саҳифаи худи он шахс равон намекунад?
  • Чаро баъзеҳо вақте ки касеро (мисол дар матбуот) танқид мекунанд, дар борааш чизе навиштанӣ мешаванд ё кадом навиштаи ӯро нақд мекунанд, ҳафтаву моҳҳо мавод ҷамъоварӣ мекунанд, таҳлил мекунанд ва баъд чизе нашр месозанду ким-кадом истифодабарадаи youtube-и тоҷикӣ, ки имкон ёфт як микрофони хубтар бихараду як кунҷи иҷорахонаашро “студия” кунад, метавонистааст, ки фавран ва ба қавли худашон  “срочно” ба касе “ответ” омода кунад ва бо истилоҳи худашон дар youtube-и тоҷикӣ  “партояд”?
  • Чаро мардуме ки аксарияти истифодабарандагони youtube-и тоҷикӣ  дар борааш нохуб мегӯянд, ба суҳбати рӯ ба рӯй розӣ намешавад?
  • Чаро аксарияти истифодабарандагони youtube-и тоҷикӣ фикр мекунанд, ки онҳо “пулиси ахлоқ” ҳастанду ҳатман бояд дигаронро ислоҳ кунанд, мисли худашон созанд, дигар кунанд? Чаро аввалтар аз ҳама худро бояд дигар накард?  Чаро онҳо фикр мекунанд, ки дигар ягон мақом инро назорат намекунад?
  • Чаро ба саволу навори ҳуқуқшинос — ҳуқуқшинос ҷавоб нагӯяд, чаро ба амалкарди иқтисодчӣ кадом иқтисодчии донишмандтаре бояд ҷавоб нагӯяд?  Чаро бояд ҳамаро ким-кадом истифодабарандаи беному насаб ва фейк аз youtube-и тоҷикӣ  бояд ислоҳ кунад, нақд кунад, танқид созад, роҳи кору зиндагӣ омӯзад???  (Дар ҳоле, ки аз навиштаву суҳбаташ то кадом андоза саводу дониш доштанашу таҳсилдида будан ё набуданаш бармало аст!)…

Чанд омили дигар ҳам сабаб шудааст, ки будан дар youtube-и тоҷикиро бештар аз 2 дақиқа душвортар ва мушкилтар месозад. Онҳо ҳам бошанд — дур аз кишвар ҷуръати бештар пайдо кардани баъзеҳо, боварӣ барои беҷазо мондан баъди таҳқиру таҳдидҳо, андешаи ношинохта мондани фейкҳо ва боварӣ ба “хакер”-ии худашон, бо ҳама лафзу шеваву лаҳҷаи сӯҳбат пазируфта шудани аксарият дар Интернет, ислоҳ нашудани хатои имлоиву мантиқиву ҳуқуқии аксарияте, ки дар интернет ва махсусан youtube-и тоҷикӣ    “гапзананд” ва ҳамеша барои ҳамаву дар ҳама мавзӯъ  навор мегузоранду шарҳ менависанд, завқи поинтари истифодабарнадгони дигар, ки дилхоҳ наворро хуш доранд, ки бинанду барои он шарҳ бинависанд, бепарвоӣ, бетарафӣ ва бефарқии аксарияте, ки ҳамин андешаҳо дар зеҳнашон пайдо мешаваду боз чизеро андеша кардаву онро баён намесозанд (ва ҳам бовар надоранд, ки истифодарандаи камдониш  ва гумноми youtube-и тоҷикӣ баъди эродашон ислоҳ шавад), ба танқиду таҳқир сахт одат кардани аксарияти бинандаҳои youtube-и тоҷикӣ… Ин рӯйхатро албатта мешавад, ки давом дод, зеро омилу сабабу факторҳо дар ин самт мутаасифона хеле зиёд аст.

Бо назардошти ҳама чизе, ки дар болотар гуфтему навиштем, чанд тавсияи дигарро ҳам  инҷо мегузорам ва ба умед мешавам, ки шояд касе бо баргашта хондани он, пурсидан аз касе, ки дониши бештар дорад ва бо назардошти қоидаву тартиб ва талаботи қонунгузориву қоидаҳои одамгариву мардонагӣ онҳоро дарк мекунад ва дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи “блогерӣ” –и худ истифода мебарад. Яъне, бояд фаромӯш накард, ки:

  • Озодии мутлақ вуҷуд надорад; Сухани шумо бояд ба касе осебу зиёни моливу моддиву равонӣ нарасонад;
  • Баъзе сухану андешаҳоро каме дертар, баъзеро дар шакли дигар ва баъзеи сухану назари андешаҳоро бо усулу пешниҳоди дигархелтар бояд анҷом дод;
  • Таҳқир, пастзании шаъну шараф ва шахсияти инсони дигар амали ғайриқонунист ва ба озодии сухан ҳеҷ робита надорад;
  • Саҳифаи каси дигарро чун хонаи ӯ қабул кунед. Ки омадед, одобро риоя кунед, агар ислоҳаш карданиед, босаводона, илман асоснок ва бе таҳқир ӯро ислоҳ кунед;
  • Шумо ҳамаро ислоҳ карда ва мисли худатон карда наметавонед. Кӯшиш ҳам накунед;
  • Гуфтани фикри шахсӣ ва баён кардани андешаи инфиродӣ аз таҳмил кардани он андеша ба сари мардум ва истифодабарандагони youtube-и тоҷикӣ фарқ дорад;
  • Ба ҳеҷ ваҷҳ аз номи ҳама, аз номи тамоми мардум (хоҳ мардуми муҳоҷир ва хоҳ сокинони дигари кишвар) гап назанед. Ин нодуруст аст ва қонунгузорӣ фақат ба як кас иҷозат додааст, ки аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон сухан гӯяд;
  • Истифодаи ҷумлаҳои дигарон, наворҳои дигарон, сурату иқтибосу суруду оҳанги дигарон …бе иҷозати хаттӣ ва шифоҳии муаллиф манъ аст; Ин (ҳам дар кишвари мо, ҳам дар ФР ва дар Аврупову Амрико ҳам) ҷавобгарӣ дорад;
  • Вақте ки касеро танқид мекунед, дониста, бо далел, дар доираи донишу касбу ихтисоси худатон танқид кунед;
  • Шарт нест, ки ба миллион навори youtube-и тоҷикӣ шумо шарҳ бинависед, муаллифро “ислоҳ” кунед ва “роҳи зистан” омӯзед;
  • Шумо фикр накунед, ки  бо берун рафтан аз сарҳади ватан дигар имкон доред, ки тамоми гапу чапи росту дуруғро гӯеду нависеду боз ягон вақт софу тоза (баъди боридани барфи аввал ва анҷоми мавсими корӣ шояд) ба хона меоед ва барои таҳқиру таҳдид касе шуморо суроғ намекунад. Ин тавр нест! 
  • Блогери дигар, ҳамсӯҳбати дигар, шахси дигар ва истифодабарандаи дигари интернетро ҳамон касе метавонад ислоҳ кунад, ки аввалтар аз ҳама аз ӯ босаводтар, хушахлоқтар ва донишмандтар аст. Яъне, шумо бо зинапояи чӯбӣ наметавонед бо кран рақобат кунед (зиёд хостам, ки фаҳмотару омиёна бинависам);
  • Онҳое, ки нигоҳи дигар, андешаи на монанд ба андешаи шуморо доранд, ҳуқуқ доранд, ки бошанд ва зиндагӣ кунанд. Дар наворҳо кушиш кунед, ки ҳукм содир накунед;
  • Вақте ки худатон кадом назари худро бо дигарон шарик кардед (ҳоло маълум нест, ки он назар росту дурусту илман асоснок ҳаст ё не),  шарт нест, ки ба он дигаронро ҷалб кунед, даъват кунед ва тарғиб кунед! Зеро агар андешаатон ғалату ғайриқонунӣ бошад, дар  он даъвати шумо унсурҳои таркибии ҷиноят мушоҳида мешавад ва метавонад он ба қавле “дарди саратон” шавад;
  • Мушаххас кунед, ки ҳузури ҳамешагӣ ва доимии шумо дар интернет ва махсусан дар youtube-и тоҷикӣ  бо чӣ мақсад аст – мехостед журналист шаведу ба Донишгоҳ ё худ “пантун” дохил шуда натавонистед, ё коратон онҷо камтар асту вақти бештари холӣ доред, ё аз ҷалби мардум ва рекламадиҳандагон даромад гирифтанӣ ҳастед, ё шояд ин кору машғулияти иловагӣ барои пули иловагӣ аст, ҷомеаро ислоҳ карданӣ ҳастед ё шояд дунёро мехоҳед ислоҳ кунеду дигар кунеду ба завқи худатон мутобиқ созед….хулоса, бояд инро барои худатон мушаххас кунед;
  • Ҳеҷ вақт кӯшиш накунед, ки як ҳамватан, як зан, як модар, як бародар ва як инсони дигарро (аз миллату нажоди дигар, маҳаллу минтақаи дигар, давлати дигар, дини ойин ва мазҳаби дигар) паст бизанед, таҳқир кунед, сиёҳ кунед, бад ҷилва бидиҳед, дар ҳолати ногувор бимононед, хиҷолат бидиҳед. Ин камоли бехирадӣ ва камсаводӣ аст;
  • Хоҳиш, бигузоред, ки дар мавзӯйи кимиё — кимиёшинос, вобаста ба фарҳангу санъату театр — фарҳангшиносу санъатшинос, дар мавзӯйм маориф – муаллим ва дар мавзӯйи пулу молу молия – иқтисодчиву молиётчиву муҳосиб…. бинависаду бигӯяд…

Дар ҳошияи як ду мушоҳидаи инфиродӣ акнун мебинам, ки хеле зиёд навиштам. Алами зиёд доштаам, пас :). Аммо ин навишта ба он маънӣ нест, ки дар ин майдон бо номи шартии youtube-и тоҷикӣ ягон барномаи диданӣ нест, албатта ҳаст! Муҳимтар аз ҳама умед ҳаст, ки дар идома сифати барномаҳои умедворкунандае, ки ҳоло ҳаст, боз ҳам болотар меравад ва Худо кунад, ки дар ҳамин баробар донишу ақлу фаросати шарҳнависон ҳам болотару бештар шавад. Вагарна, ҳоло ҳамин силсила ё муди нави ҷавобҳо ба ҳамдигарӣ, ба шиносу ношинос бо тартиби “ответи фалонӣ ба фалонӣ”, ки маро (ва шояд ҳазорҳо каси дигарро) ҲАЙРОН мекунад, падидаи он қадар хуб ва натиҷабахше нест. Боз ҳам дар ҳоле, ки аксарити он “ответ” –ҳо на ба олимону донишмандони хориҷӣ, журналистону ҳатто ҳаҷвнигорони русу арманӣ (бо забони худи онҳо), на ба сиёсатмадорони сатҳи минтақа ва ҷаҳон (бо забони хориҷӣ ва забони барои онҳо фаҳмо), балки ба як гурӯҳ аз мардуми одӣ ва худӣ аст ва мушаххасан, комилан ва шояд қисман ҳам кадом мушкилу пробелами глобалӣ, муҳим ва ҷиддиро ҳал намекунанд…


Акс аз РИА Новости

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти