Ду даҳан гап барои доктор Бахтибек

Ҳеҷ кас ба андозаи фарзанди падар азизу қарину наздикат нест. Махсусан, ба андозаи як хоҳар ва махсусан чени як додар. Ҳоло аз муҳаббатҳои самимӣ ба гумонам ҳамоне боқӣ мондааст, ки дар қалбу хайёлу дар вуҷуди фарзандони банангу номӯси падар аст.

Ман аз додаронам он қадар муҳаббату ихлосу самимияту ғамхориро дидаму эҳсос кардам, ки ҳатто баъзан фикр мекунам, акаи калон неву додари кенҷаашон ҳастам…

Читать далее →

Тавсия (1)

Ман ин маводро чанд рӯз пештар аз Интернет пайдо кардам. Тавре ки онҷо омада буд, ин мавод  ё тавсияҳо ба як доктори саратоншиноси  ҳинд – Гупта таалуқ доштааст. Намедонам ростӣ, ки  дақиқан аз кӣ аст, вале дар онҳо баъзе ишораҳои ҷолиб ва дастури муҳимро пайдо кардам ва бо баргардон аз русӣ онро бароятон пешниҳод мекунам.  

Ман аслан мехостам, ки ҳар табибу донишманде, ки истеъдоду донишу саводи кофӣ дорад, таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дилсӯзу масъулиятшинос аст, ҳамин гуна саҳифаҳоро дошта бошад, ин гуна тавсияву дастурҳоро барои мардум пешниҳод кунад, то ҳам савобе аз ин амалаш барои ӯ ҳосил шавад ва ҳам касе варианти дурусту санҷидашударо дарёбад, бо он амал кунад ва бо хости Худо шифо ёбад.

Читать далее →

Бобоҷони Шафеъ: «…Имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем»

Суҳбати сеюми мо бо доктор Абдуллоҳ Давлатов-духтури тоҷики муқими Москав боз ҳам атрофи коронавирус ва таъсири воксинаҳо ба инсон буд. Ба назар мерасад имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем, чун мебинем, ки ҳам шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар кишвар афзоиш дорад ва ҳам шумори фавтидагон.

— Аз охири соли гузашта ҳатто дар ҷаҳон  аз мағлубияти тадриҷии КОВИД ҳарф мезаданд ва бахусус ваксинҳо умеде ба пок шудани ин беморӣ аз рӯи Замин  буданд. Дар Тоҷикистон низ чунин буд. Аз Соли нави милодӣ дигар мо ҳодисаи гирифторӣ ба КОВИД-ро ёд надорем. Аммо ба наздик шудани тобистон ин беморӣ дубора аз худ дарак дод ва ҳатто ба назар мерасад ҷиддитар аз пеш.  Чаро чунин шуд?

Читать далее →

Дасти Шумо дард (на)кунад!!!

        Имруз зодрузи марди бузурги миллати точик  Абуали ибни Сино аст! Кормандони сохаи тандурустии Точикистон хамасола дар рузи вафоти у , яъне 18 август- Иди касбии худро тачлил мекунанд. Ман он чизеро, ки холо менависам, ягон бор нагуфта будам ва дар рузи иди касбии мардуми табиб  хам ман онро гуфта наметавонам. Барои хамин ман ин пешниходро имруз мекунам… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти