Рост аст, ки гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ на ба ҳама хуш меомад ва на ҳама комилан розӣ буданд, ки бо ин зудӣ мо ба ҳамин низом гузарем. Дигар маълум аст, ки сабаби асосӣ боз ҳам ҳамон фасоду пора аст. Яъне, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ки як андоза омили инсониро камтар мекунад, баъзеҳоро аз гирифтани фоида ва пораи каму беш маҳрум месозад ва шояд аллакай як андоза маҳрум ҳам кард.
Ҳоло, ки як муддати аз оғози татбиқи ҳамин тасмим мегузарад, мушоҳида мешавад, ки на ҳама садогарон ва соҳибкорону тоҷирон ба моҳияти ҳамин чиз пурра дарк сарфаҳм рафтаанд, на ҳамаи онҳо ҳамин гуна ҳоҳиш доранд, ки дар қатори гардиши пули нақд ҳамин низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҳам рушд кунад. Мо асосан, доираи соҳибкорону тоҷиронеро дар назар дорем, ки ба гурӯҳи хурд ва миёна дохиланд. Яъне, ҳамон гурӯҳе, ки аксарияти мардум, асосан ва ҳар рӯз бо онҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯшу доду гирифт ҳастанд.
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бонки миллӣ, бонк, замимаи мобилӣ, корти бонкӣ, пардохти нақдӣ, пардохти ғайринақдӣ, пул, пули нақд | Leave a comment »








