(Дар ҳошияи намоиши мусаввараҳои рассом — Далер Миҳтоҷев бо номи «Дастархони сурх»)
Он руз баъди аср борон борид. Сафи мардуме, ки куҷое медавиданд, акнун аз ҳисоби онҳое, ки аз ин борон мегурехтанд, меафзуд. Мисли сафи онҳое, ки ин гуна борони нарму гармро дар ҳавои дамгири чанд рӯзи ахир орзу доштанд. Ҳеҷ баҳори дигар ба сару рӯйи онҳо ин гуна борони ранга нарехта буд. Даргурез аз ин борон мардум таги нигасу боми ошнову бегонаро, ки дар ҳавои софу офтобӣ шояд назараш намегирифт, ба хотири панаҳ кардани сараш ихтиёру интихоб мекард. Қиссаи сарҳо ва сарпӯшҳо воқеъан ҳам зери ин борони ранга ҷолиб аст…
Мо аксаран аз сар дида сарпӯшро беҳтар ҳифз мекунем. Гӯё хираду ақлу фаросат даруни тоқӣ ва кӯлоҳу шляпа аст, ки онро ё бо чизи обногузар мепечем ва ё бадтар аз ин — чорқат карда, ба киссаи даруни костюм ё ҷома мезанем. Ва баъд чӣ рангу обу лойе, ки ба сар мерезаду бо ҷӯякҳои рӯю гардан ба қади танаву пасту баландиҳои бадан сарнишеб метаровад…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ашагулон, Далер Миҳтоҷов, Дастурхони сурх, Рассом, Худфонд, борон, кӯза, мусаввара, хайём, художник | 1 Comment »










