Сари «Дастархони сурх»

(Дар ҳошияи намоиши мусаввараҳои рассом — Далер Миҳтоҷев бо номи «Дастархони сурх»)

Он руз баъди аср борон борид. Сафи мардуме, ки куҷое медавиданд, акнун аз ҳисоби онҳое, ки аз ин борон мегурехтанд, меафзуд. Мисли сафи онҳое, ки ин гуна борони нарму гармро дар ҳавои дамгири чанд рӯзи ахир орзу доштанд. Ҳеҷ баҳори дигар ба сару рӯйи онҳо ин гуна борони ранга нарехта буд. Даргурез аз ин борон мардум таги нигасу боми ошнову бегонаро, ки дар ҳавои софу офтобӣ шояд назараш намегирифт, ба хотири панаҳ кардани сараш ихтиёру интихоб мекард. Қиссаи сарҳо ва сарпӯшҳо воқеъан ҳам зери ин борони ранга ҷолиб аст…

Мо аксаран аз сар дида сарпӯшро беҳтар ҳифз мекунем. Гӯё хираду ақлу фаросат даруни тоқӣ ва кӯлоҳу шляпа аст, ки онро ё бо чизи обногузар мепечем ва ё бадтар аз ин — чорқат карда, ба киссаи даруни костюм ё ҷома мезанем. Ва баъд чӣ рангу обу лойе, ки ба сар мерезаду бо ҷӯякҳои рӯю гардан ба қади танаву пасту баландиҳои бадан сарнишеб метаровад…

Читать далее →

18 майи соли 2011

  Афсонаи навро шунидед? «ХУДОВАНД  замину осмон, обу кулу дарё, куху ЗАМИН, долу дарахт…хулоса, ки ХАМА ЧИРО офарид ва онхоро порча-порча  таксим карда, ба ихтиёри чанд нафар гузошт. Ва хамин тавр кард, ки он чанд нафар хешу табор ва ошнову чура бошанд. Он чанд нафар хеч гох пир намешуданд, онхо човидона буданд, онхо аз дигарон фарку бартари доштанд, онхо метавонистанд хама чиро фурушанд, харанд, фуру баранд ва бо як ченак  чен кунанд-ПУЛ… Шояд ХУДОВАНД хамин гуна хоста буд, ки онхо Интернетро надонанд, блогу сомонаву хатто почтаи электрониро нафахманд ва факат аз хисоби ВА ГАЙРАВУ ВА ХОКАЗОХО дар сафар бошанд. Будани дигарон дар пахлуи онхо гуё ГАЛАТ ва ХАТО шуда бошад…»

Ин афсона дигар давом надорад ва хам маълум аст, ки анчоми он мисли афсонахои момаи Иззатмох хубу гуворо нест. Аммо мехостам пурсам, ки «Шумо ягон бор ба кабулгохи  Раиси нохиятон рафтаед?  Шумо медонед, ки чаро расман МУОВИНИ АВВАЛИ РАИС хасту МУОВИНИ ОХИР нест? Раиси кумитаи заминсозии нохияи Шумо медонад, ки дар 1 $ сурати ки аст…?

Имруз дар мавриди бозори занон, дарди  овозхон Субхони Саид, ислохкунии инсонхо, ном ва таъсираш ба одамон, депозит дар бонке, ки вучуд надорад, филмхо бо як камера, занону духтарони «дастнорас» ва «осорхонаи Ракибовхо» дар Файзобод ва Фейсбук  навиштаам!

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти